logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

АЗ БАРҚАРОР НАМУДАНИ МУЗДИ МЕҲНАТИ МУҲОҶИРОН ТО ҶОРӢ НАМУДАНИ МАХЗАНИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ 
Ба иттилои Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тайи шашмоҳа ба намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 4780 муроҷиату дархости муҳоҷирон ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар натиҷа, бо дахолати намояндагӣ наздики 5 миллиону 870 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашуда аз тарафи корфармоён барқарор ва 4 қарори судҳои ноҳиявӣ бо қарори судҳои болоии Россия бекор шуд. Инчунин, бо мусоидати намояндагӣ 1430 шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар ин кишвар таъмин гардид. 
Ба саволи хабарнигори рӯзнома перомуни ҷорӣ намудани омори дақиқ вазир чунин посух дод:
- Вобаста ба масъалаҳои омор ва низоми барасмиятдарории он дар Вазорат як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои рақамикунонии хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани махзани ягонаи иттилоотӣ бо ҷалби мутахассисон корҳо ҷараён доранд. Дар ин самт дар Вазорат гурӯҳи корӣ низ таъсис ёфтааст ва бояд гуфт, ки мавҷудияти  ҳамин гуна махзанҳои иттилоотии рақамии оморӣ барои дақиқии фаъолият мусоидат менамоянд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар нимсолаи якуми соли равон барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин чораҳои заруриро амалӣ карданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода. Аз ҷумла, 14,6 километр заҳбуру заҳкашҳо ва 23,8 километр шабакаҳои обдиҳиро тоза намуданд, ки  дар натиҷа, ҳолати 38 гектар замини корам беҳтар гардид. 
Инчунин, 3 истгоҳи обкашӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар ҳолати корӣ қарор гирифт.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойҳои Тебалай , Шураксой, Девонасой дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2021, № АП-100 оғоз ёфта, тибқи харҷнома маблағи он 62,1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи масъулон, дар ин давра аз маблағи ҷудошуда зиёда аз 25 миллион сомонӣ аз худ гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ШАҲРИНАВ
ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА 125 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД
Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат, инчунин, татбиқи сиёсати аграрӣ самти асосии фаъолияти кишоварзони ноҳия маҳсуб меёбад. Ин аст, ки самаранокии фаъолияти кишоварзон давра ба давра рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 125 миллиону 469 ҳазор сомонӣ баробар гардид. 
Ин нуктаро Абдуқодир Вализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Кишоварзон барои таъмини бозорҳои пойтахти кишвар низ саҳми назаррас гузошта, дар ҳамаи фаслҳои сол меваю сабзавоти тару тозаро пешкаши истеъмолкунандагон мегардонанд. Дар ин давра 1926 тонна мева истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 140 тонна зиёд аст, аз ҷумла 2 тонна ангури хушсифат, ҷамъоварӣ гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 68 миллиону 549 ҳазор сомонӣ (105 дарсад) - ро ташкил намуд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6457
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед