logo

Хабарҳо

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

 
Ширкати 12 шоҳмотбози тоҷик  дар ин мусобиқа
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дастаи мунтахаби шоҳмотбозони Тоҷикистон иборат аз 12 нафар: Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова, Саодат Одинаева, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев бо мақсади иштирок дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба Ҳиндустон сафар намуд.
Дар 45-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки аз 28 июл то 9 августи соли равон дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор мегардад, 188 тими мардон ва 150 тими бонувон ширкат хоҳанд кард.
Шуруъ аз соли 1924 олимпиада дар 2 сол як маротиба баргузор мешавад. Бо сабаби пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 олимпиада ба таври фосилавӣ доир гардида буд. 
 
 
 
Пирӯзии навбатии  Магнуси норвегӣ 
Қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба шоҳмот Магнус Карлсени норвегӣ пеш аз муҳлат дар сабқати SuperUnited Rapid & Blitz Croatia – марҳилаи сеюми силсилаи сабқатҳои Grand Chess Tour 2022 бо 22,5 хол ғолиб омад. 
Тибқи маълумоти сомонаи www.rambler.ru, дар панҷгона Алиризо Фирӯзҷоҳ (Франсия, 21 хол), Уэсли Со (ИМА, 21 хол), Максим Вашйе-Лаграв (Франсия, 21 хол) ва Ян Непомняший (Россия, 20 хол) шомил шуданд. 
 
 
 
Боз  як футболбози тоҷик ба хориҷа рафт 
Футболбози мунтахаби ҷавонони кишвар (U-20)  ва дастаи «Динамо» Абдулфаттоҳ Худойдодзода корномаи варзишиашро дар тими «Динамо-Брест»-и Беларус давом медиҳад. 
Тавре Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, футболбоз бо ин тим ба муҳлати яку ним сол шартнома ба имзо расондааст. Мавсими гузашта Абдулфаттоҳ дар ҳайати «Динамо» беҳтарин нишонзани лигаи аввали Тоҷикистон гардида буд. Дар ин мавсим бошад, ӯ дар 11 бозӣ 9 тӯб ба самар расондааст. 
Дастаи нави бозигари тоҷик пас аз марҳилаи аввали чемпионати Беларус мавқеи 15-умро ишғол мекунад. 
Абдулфаттоҳ, аллакай, дар як бозии рафиқона муқобили дастаи «Стэнлес» дар ҳайати асосӣ вориди майдон шуда, муаллифи партофти головар гардид.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед