logo

Хабарҳо

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

Бо мақсади омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Ҳеҷ кас дар канор намемонад (Фарогир): васеъгардонии фарогир ва устувори дастрасӣ ва имкониятҳои ҷавонон тавассути идоракунии электронӣ ва фароҳамсозии шароитҳо» дар мавзеи зебоманзари Чилучорчашма лагери дурӯзаи таълимӣ (23 – 24 июл) баргузор гардид. 
 
Бар пояи иттилои масъулони татбиқи лоиҳа, ширкатдорони омӯзиш, ки иборат аз 30 нафар буданд, оид ба ёрии аввалини тиббию равонӣ, ташкили лагери хаймавӣ барои гурезагон машғулият гузаронда, масъалаҳои мушкилоти экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд. Мақсади омӯзиш ташаккул додани масъулияти бошууронаи шахсӣ дар назди муҳити зист ва пайдо кардани малакаҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ шуд. 
Кормандони Ташкилоти экологии кӯдаконаи «Зумрад» оид ба принсипҳои расондани ёрии аввалия ҳангоми хунравӣ ё заҳролудшавӣ, барқарорсозии фаъолияти дилу шуш, риояи гигиена, пешгирии сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ва тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуданд. Дар баробари дарсҳои назариявӣ, инчунин, машғулиятҳои амалӣ низ, доир гаштанд. 
Мубоҳиса дар назди гулхан, ташкил ва зистан дар хаймаҳо, оббозӣ дар чашмаҳои мусаффои Чилучорчашма барои иштирокчиён як қисми фаромӯшнашавандаи лагери таълимӣ буд.
- Вақте намедонед, ки дар ҳолати фавқулода чӣ гуна амал бояд кард, одамро тарсу ҳарос фаро мегирад. Пас аз гузаштани омӯзиш дарк мекунам, ки дар аксари мавридҳо сабаби ба вуҷуд омадани офатҳо худи инсон аст ва нодонӣ вазъро бадтар мекунад. Масалан, партовҳои ғайриорганикиро ба ҷойҳои муқаррарнашуда партофта, мо  сайёраи худро ба фалокат меорем. Дар раванди омӯзиш фаҳмидам, ки бояд барои ҳифзи муҳити зист масъулият дошта бошем, зеро дар оянда фарзандони мо дар ин ҷо зиндагӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, бояд онҳо дар як минтақаи ободу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба воя расанд ва рушд кунанд, - мегӯяд Фархон Қаҳҳоров, иштирокчии лагер.
Дар маҷмуъ, иштирокчиён фаҳмишҳои умумиро дар бораи сохтани паноҳгоҳи хаймавӣ ва идора кардани он, ҳамбастагии ҷомеа дар коҳиш додани хатари офатҳо, инчунин, малакаҳои кори дастаҷамъиро аз худ карданд.
 
М. БАҲРОМ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5258
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед