logo

Хабарҳо

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

 
Мир 24. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, дабири иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба ин умед дорад, ки мулоқотҳои президентҳо ва сарварони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ баргузор мешаванд. 
Моҳи октябр дар Нур-Султон мулоқотҳо дар шаклҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Қазоқистон имсол раисии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар зимма дорад. 
Намояндагони доимии ИДМ дар Минск рӯзномаи нишастҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд. Иқтисод, амният, ҳамкориҳои башардӯстона, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ аз мавзуъҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.
«Масъалаи асосие, ки дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои ИДМ баррасӣ ва шунида мешавад, фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва нақши он дар таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳод хоҳад буд», - гуфт Сергей Лебедев 
 
 
 
Лукашенко: «Маъракаи ҷамъоварии бомуваффақияти ҳосил барои Беларус масъалаи стратегӣ аст»
Мир24. Роҳбари Беларус Александр Лукашенко таъкид кард, ки ҳоло беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил мавзуи рақами як аст. Дар шароити кунунии душвори обу ҳаво ҷамъоварии ҳосили ҳар як метри мураббаъ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад. 
«Вазъияти буҳронӣ дар бозори ҷаҳонии озуқа танҳо бадтар мешавад.  Маҳдудиятҳои таҳримӣ ба нуриҳои минералӣ, захираҳои энергетикӣ ва вайрон кардани робитаҳои анъанавии нақлиётӣ бисёр кишварҳоро дар ҳолати ногувор қарор доданд. Зимистон наздик аст ва барои онҳое, ки наметавонанд худро бо озуқа таъмин намоянд, аз сардӣ ва гуруснагӣ азият мекашанд. Аз ин рӯ, масъалаи бомуваффақият гузарондани маъракаи ҷамъоварии ҳосил барои Беларус масъалаи стратегӣ мебошад. Мо бояд мардумро бо озуқа таъмин  намоем”, - гуфт Александр Лукашенко. Беларус имсол ният дорад 10 миллион тонна ғалла ҷамъ овард.
 
 
 
Президенти Бразилия зидди таҳримҳо алайҳи Россия мебошад
Синхуа. Президенти Бразилия Жаир Болсонару дар  Форуми глобалии “Агробизнес -2022” дар шаҳри Сан-Паулу гуфт: “Мо ҷонибдори таҳримҳо алайҳи Россия нестем. Мо тарафдори мавқеи мутавозин ҳастем, зеро бидуни ин мавқеъ Бразилия дар масъалаи таъмини нуриҳои минералӣ барои агробизнес ноил намешуд”. 
Президент аз тасмими ин кишвар дар бораи идомаи равобити тиҷоратӣ бо Россия барои таъмини истеҳсоли маводи озуқаворӣ дифоъ кард. “Бе нуриҳои минералӣ амнияти озуқавории мо ва амнияти як миллиард нафар дар ҷаҳон зери хатар хоҳад буд”, - афзуд ӯ.  
 
 
 
Интиқоди гузоришгари вижаи СММ аз таҳримҳои Ғарб  
АИР «Новости». Таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ ва дуюмдараҷаи Ғарб, пеш аз ҳама, ба ашхоси осебпазир ва ниёзманд таъсири манфӣ расонда, боиси афзоиши бекорӣ, фасод, истисмори ҷинсӣ ва ҷиноят мегарданд,- гуфт Елена Довган, гузоришгари вижаи СММ оид ба таъсири манфии чораҳои маҷбурии якҷониба ба ҳуқуқи инсон. 
“Ман бояд бо таассуф иқрор шавам, ки чораҳои маҷбурии якҷониба имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддии ҳамбастагӣ, универсалӣ, рушд ва ҳифзи ҳуқуқи башар мебошанд”, - афзуд Довган 
Қаблан гузоришгари вижа тавассути пайванди видеоӣ дар Форуми Пекин оид ба ҳуқуқи инсон сухан ронда, зуҳури манфии ҳаррӯзаи таҳримҳои навро зикр кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед