logo

Хабарҳо

Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

 
Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай, ки доир ба масъалаҳои кишоварзӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда миёни кишоварзҳо сухан ронда, тақвияти робитаҳои муштаракро вобаста ба афзоиши содироти маҳсулоти озуқаворӣ миёни мамлакатҳо, дастгирии ташаббусҳои давлатҳои аъзо доир ба масъалаҳои кишоварзӣ, инчунин, пайгирӣ ва татбиқи муқаррароти Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ-ро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
 
 
 
Баррасии масъалаи пешгирии ҷиноятҳои муташаккили  фаромиллӣ 
Зимни вохӯрӣ миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Краснов робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳо махсус таъкид шуданд,- хабар дод маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Ҷонибҳо паҳлуҳои гуногуни ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои  муташаккили  фаромиллӣ, таъмини амният дар минтақа, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории идеологияҳои мухталифи динӣ-радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ намуданд.
Вобаста ба вазъи мураккаби Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар самти тафтиши муштараки  парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, истирдод ва дигар масъалаҳои муҳим матраҳ гардиданд.
Дар охир лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳо ба имзо расид.
 
 
 
Ёддошти тафоҳум миёни корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркия
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Туркия дар самтҳои саноат ва соҳибкорӣ бо ташаббус ва мусоидати сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Болуи Туркия бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон омаданд. Ҳадаф аз ин, дарёфти шарики боэътимоди ҳамтоёни тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад. 
Гуфта мешавад, ки ба нақша гирифтани чунин ҳамкориҳо, гувоҳи фаъолияти густурда ва боэътимоди сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи сафар, Сафорати Туркия дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои тиҷоратии  ду кишвари дӯстро роҳандозӣ намуд, ки дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл иштирок дошт. 
Ҷиҳати табодули таҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ директори ҶДММ «Сифат саноат» Ҳокимшо Идиев яке аз омилҳои рушдро дар ин самт ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии “DUNDARIAR”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5351
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед