logo

иҷтимоиёт

НБО «РОҒУН» – КАФИЛИ ВАЗЪИ БОСУБОТИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВА МИНТАҚА

 
Гузариши инсоният аз як давраи таърихӣ ба марҳилаи дигари инкишоф, ки бо низоми демократӣ ва бунёди давлати иҷтимоӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, ҷомеаи инсониро водор намуд то баҳри расидан ба чунин низоми давлатдорӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ қадамҳои устувор гузошта, коркарди технологияи муосир ва рушди иқтисодро дар мадди аввал қарор диҳад. Албатта, тафаккур ва ақли инсонӣ қодир ба ҳама гуна ихтироот буда, маҳсули он метавонад сатҳ ва сифати зиндагии башариятро ба таври куллӣ дигаргун намояд, ки инро мо дар марҳилаи кунунӣ ба таври возеҳ мушоҳида менамоем. 
Яъне, бо мақсади расидан ба зиндагии шоиста ва бунёди давлати демокративу иҷтимоӣ инсон ба амалҳое рӯ овард, ки аз як тараф мазмуну моҳияти ҳаётро дигаргун намуда, низоми идораи ҷомеаро ба таври назаррас тағйир дод ва аз тарафи дигар бехабар аз он шуд, ки чунин навъ дигаргунӣ рӯзе боиси таҳдид ба ҳастии инсоният ва мавҷудоти рӯи замин мегардад.
Рушди босуръати саноат ва таъсиси корхонаҳои азими истеҳсолӣ кафолати пешрафти иқтисодиёт ва некуаҳволии ҳар кишвар буда, давлатҳои пешрафтаву рӯ ба рушд бо роҳҳои гуногун барои тараққиёти ин самт талошҳо мекунанд. Аммо имрӯз вақти он расидааст, ки инсоният  на танҳо ба худ, балки ба сайёраи Замин, табиат, захираҳои  табиӣ, олами набототу ҳайвонот ғамхорӣ зоҳир намояд, чунки солимии ҳаёт ва бардавомии умри инсоният ба онҳо пайвандии зич дорад. Аз ин лиҳоз, рӯ овардан ба «иқтисоди сабз» роҳи хуби раҳоӣ ёфтан  аз  мушкилоти табиӣ  ва  дар баробари ин, рушди соҳаи иқтисодиёти  давлат  ба  ҳисоб  меравад. Он  барои  нигоҳ  доштани некуаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин, таъмини баргардондани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар ин самт бетараф набуда, пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, то дар ҳалли мушкилоти мазкур бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунанд. Бо ин мақсад, давлату Ҳукумати кишвар ташаббусҳои наҷибро пеша карда, пайваста  талош  меварзанд  то муҳити солими  зистро  на  танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ таъмин намоянд. 
Ин баёнгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли «энергияи сабз»-ро ҳамчун ҳадафи афзалиятноки худ қарор дода, онро ҳам бо мақсади рушди соҳаи саноат дар мамлакат ва ҳам бо мақсади солим нигоҳ доштани муҳити зист истифода мебарад, зеро «энергияи сабз» манбаъҳои барқароршавандаи энергияро доро мебошад. Истеҳсоли ин навъи энергия аз чанд ҷиҳат ба мақсад мувофиқ аст, аз ҷумла:
1. Ифлосшавии муҳити зистро пешгирӣ намуда, ба воридшавии газҳои гулхонаӣ монеъ мегардад ва дар солим нигоҳ доштани муҳити зист таъсири амиқи худро мегузорад.
2. Коршиносони соҳа аксар маврид бар он назаранд, ки ин навъи энергия дар фарқ аз манбаъҳои дигари он, ба мисли энергияи атомӣ, газ, нафт ва ғайра хусусияти тамомнашавандагӣ ва ё хушкнашавандагӣ дорад.
3. Онро метавон ҳам дар минтақаи тиҷоратӣ ва ҳам дар минтақаи аҳолинишин бунёд намуд.
4. Истеҳсоли “энергияи сабз” ба саломатии инсон ва олами набототу ҳайвонот таъсири манфӣ намерасонад ва ғайра.
Афзалияти истеҳсоли ин навъи энергияро Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намуда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда мақсад гузоштааст, ки то соли 2050 истеҳсоли онро ду баробар зиёд намояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 360 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки яке аз онҳо НБО «Роғун» ба ҳисоб рафта, аз зумраи бузургтарин неругоҳҳои барқи обӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси сайёра маҳсуб гардида, аз нигоҳи истеҳсоли барқи тозаи экологӣ низ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Дар ин самт, бунёдгузори НБО  «Роғун», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар намудаанд: «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳадаф аз бунёди НБО «Роғун» на танҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зисти аҳолӣ мебошад, балки дар давраи камобиву хушксолӣ таъмин намудани аҳолии минтақа бо об аз зумраи ҳадафҳои дигари бунёди ин иншооти аср ба ҳисоб меравад. 
Бояд зикр намоем, ки Пешвои муаззами миллат чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ марди қавлу амал буда, ташаббусу пешниҳодоти сатҳи ҷаҳонии худро қотеона дар амал татбиқ менамоянд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди об, ки чор маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаву роҳандозӣ мешаванд, дар мисоли сохтмони иншооти аср-НБО “Роғун” татбиқ гардида истодааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки сиёсати Пешвои муаззами миллат дурандешонаву манфиатовар буда, боиси дастгириву пайравӣ мебошад.
Инсоният бояд ба дастоварду пешравиҳои худ дурандешона назар намояд. Агар ҷомеаи инсонӣ бо чунин суръат инкишофи корхонаҳои бузурги саноатии ихроҷкунандаи газҳои зарарнок қаноат кунад, пас садсолаҳои баъдӣ башариятро чӣ интизор хоҳад буд? Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, то доир ба ин масъала аз дирӯз дида, имрӯз ташаббусҳои таъхирнопазирро рӯйи даст гирад ва роҳҳоеро ҷустуҷӯ намояд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда заминагузор бошад. Тадбирҳои андешидаистодаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт ҳадафҳои бунёдӣ дошта, барои дуриҳои таърих ва садсолаҳои баъдӣ нигаронда шудааст, ки эътирофи онро имрӯз, аллакай, ҷомеаи байналмилалӣ дарк менамояд. Яъне, гармшавии бесобиқаи ҳаво, ки имрӯз давлатҳои Аврупову Африқо ва Осиёи Марказиву Ҷанубиро фаро гирифтааст, натиҷаи бунёди корхонаҳои азими истеҳсолӣ маҳсуб меёбад, ки ба ҳаво газҳои гулхонаиро ихроҷ намуда, боиси суфта шудани қабати озонии ҳаво гардида, дар натиҷа қабати озонӣ вазифаи муҳофизатии худро дар муқобили офтоб ба таври зарурӣ анҷом дода натавониста истодааст. Чунин амал, агар аз як тараф таъсири манфии худро ба муҳити зисти инсонҳо гузорад, аз тарафи дигар боиси нобуд гардидани пиряхҳои хурду бузург мешавад, ки хатари аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ва дар даҳсолаҳои баъдӣ хавфи камобӣ ва ё хушксолиро ба вуҷуд оварданаш аз эҳтимол дур нест. Маҳз бо дарназардошти гуфтаҳои фавқуззикр, ҷомеаи байналмилалиро зарур аст, ки баҳри гузаштан ба «иқтисоди сабз» тадбирандешӣ намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди НБО «Роғун» қадами устувор баҳри ноил шудан ба «иқтисоди сабз» маънидод гардида, дар заминаи он имконияти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷой дорад. 
Гуфтаҳои дар боло зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки НБО «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги стратегӣ кафили ҳифзи муҳити зист на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ба ҳисоб рафта, дар баробари ин вазифа, инчунин, имкон дорад  давлатҳои ҳамсояро бо неруи барқ ва дар лаҳзаҳои камобиву хушксолӣ бо об таъмин намояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар атрофи  сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, баҳри ба итмом расондани кохи нури миллати тоҷик тамоми кӯшишҳои худро равона намоем ва Тоҷикистонро ба кишвари асосии содироткунандаи неруи барқ, ҳифзкунандаи муҳити зист ва таъминкунандаи об дар минтақа табдил диҳем. Дар иҷрои ин рисолати инсонӣ ба ҳар фарди соҳибватану ватанпарвар комёбӣ ва муваффақият орзу менамоем.
 
Сафарзода Бахтовар АМИРАЛӢ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2022    №: 146    Мутолиа карданд: 479
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед