logo

иҷтимоиёт

ҲАДИСИ НБО «РОҒУН»

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расонидани сохтмони онро барои мардуми тоҷик наздик месозанд.
 
Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Дарвоқеъ, имрӯз сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба арсаи нангу номуси миллӣ ва майдони бузурги заҳмати ватандӯстона табдил ёфтааст. Инро ҳангоми ба маҳали корҳои сохтмонӣ омадану бо коргарон аз наздик ошно шудан бори дигар наку эҳсос мекунем. Дар чанд самт корҳо бомаром пеш мераванду фосиларо аз орзуи мустақилияти пурраи энергетикӣ то амал наздик месозанд.
 
«ЗАНҶИРИ ДАРЁ» – САРБАНДИ НБО «РОҒУН»
Дарёи Вахш… Кӯҳу дарёро бояд дар ҳамбастагӣ, ҳамнавоӣ дид.
Оби дарё ғун мешавад. Оби осмонранг. Дар пояи кӯҳ «занҷири дарё» лангар андохта ва рӯз ба рӯз об зам мешавад, то тавонад, як манбаи нурро, чархиши неругоҳро ба миён орад.
Рақамҳо тавлид меёбанд: 
-ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашондани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанд - 2,6 миллион метри мукааб;
- хобондани бетони ҳамворкунанда - 8000 метри мукааб;
-дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида - 172 метр;
- паҳноӣ - 133 метр;
- таҳкурсӣ аз 8 қисм иборат аст;
- паҳноии қисмҳо аз 20 то 25 метр;
- баландии бетони кӯбида 27 метр;
- паҳноии ядро дар сатҳи 1300 метр ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст;
- маводи истифодашавандаи ядрои асосӣ - гилхоки сангрезадор;
- ҳаҷм тибқи лоиҳа 7,4 миллион метри мукааб;
Иҷрокунандаи корҳои сохтмону васлгарӣ - ҶСК “Тоҷикгидро-электромонтаж”; 
- то имрӯз корҳои сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидаанд.
Ин рақамҳои одӣ не, ин ҳама аз заҳмату шуҷоати кормандон, мутахассисон, роҳбарон ва мутасаддиёни Неругоҳи бемисл аст.
Ба гуфтаи ҷавони огоҳ ва мутахассис Ёқуб Зокирзода, НБО «Роғун» муъҷизаи асрҳосту лоиқи садҳо асар.
Чашм мебинад, ақл бовар намекунад.
Нахуст аз таҳ, аз поёни обанбор шукӯҳу манзалат ва авҷи корзорро дидем. Ҳамин лаҳза пеши назари мо ҳувайдо мегардад, ки чӣ тавр Сарвари давлат бо булдозер пеши оби дарёро мебанданд. Дар ҳузури ҳазорон нафар ва давоми беш аз ду соат Пешвои миллат шахсан ибрат нишон доданд ва пеши Вахши мағрурро бастанд. Вақте аз булдозер поин шуданд ва ба сӯи мардум даст афшонданд, ҳама санохони Роҳбари оқилу кордон шуданд. Инак, аз он лаҳзаҳо муддате сипарӣ гашт. Имрӯз мебинем, ки хеле тағйироти азиме дар ин минтақа зуҳур карда.
Роҳбалад моро ба он ҷое мебарад, ки бояд аз боло ин ҳама корҳою саҳнаи обшорро чун уқобон аз баландӣ бубинем.
Дар дили кӯҳ кор меҷӯшад. Чанд нақби ҳавокашӣ ва ё обкашӣ моро гӯё ба қаъри кӯҳ мебаранд.
Дар пеши ақли инсон оҷиз мондани сангу кӯҳро дидем. «Занҷири дарё»-ро мо аз ин нақбҳои кофташуда хеле хуб эҳсос кардем. Суҳбат бо ду нафар коргари ҷавон дар дохили нақб сурат гирифт.
Муҳандис Тоҷиддин Кенҷаев бо шавқ аз фаъолияти ҳамкоронаш нақл мекунад: «Корҳое, ки мо ин ҷо анҷом медиҳем, арк гузоштан, васл кардан, симбофӣ, сементрезӣ тибқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳ зина ба зина амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин корҳо дар умқи 130 метр анҷом меёбанд».
Беҳрӯз Шоҳназаров аввал ронандаи экскаватор буд. 
- Ҳоло дар чуқурии беш аз 130 метр якҷоя бо коргарон марҳала ба марҳала корро пеш мебарем, - мегӯяд ӯ ва илова мекунад: 
- Мо дар ин чуқурӣ бо ҳазор умеду орзу ва ҷон дар кафи даст заҳмат мекашем, то орзуву омоли Сарвари давлатамонро, ки пуштибони воқеии мо-кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, бароварда созем. Шахсеро, ки, воқеан ҳам, намунаи ибрат асту пайравӣ. 
Чанд мутахассиси хориҷиро ҳангоми кор дидему ба Ёқуб Зокирзодаи роҳбалад нигаристем.
Он ҷавони огоҳ аз нигоҳи мо чи чизеро бардошт карду гуфт: 
- Аз он рӯзе, ки кори НБО «Роғун» оғоз шуд, ҷавонони қобилу тезҳуш бо меҳр корҳои нозуки ин Неругоҳро аз худ намуданд.
Ҳоло камтар аз сад нафар мутахассис аз хориҷа аст ва дигар ҳама дар дасти ҷавонони тоҷику тоҷикистонӣ расида…
Моро огаҳ менамоянд, ки баъди чанде таркиш мешавад, метавонем, суҳбатро кӯтоҳ созем.
Чангу хок баланд мешавад. Аз баландӣ сангҳо ба поён, ки зина-зина ҷойгоҳҳои тайёранд, мерезанд. Онҳоро обшори бузург интизор.
Сарбанд калиди Неругоҳ, оғози ҳамаи корҳост.
Ҳамаи корҳои бузург бо нақшаю ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ пеш мераванд.
Кӯҳеро, ки дар зераш саду як нақб дораду як шаҳри бузургу нурафзо ва нурбахшро ба миён овардааст, танҳо бо чашми ҳайрат ва дил бояд диду шинохт.
Занҷираи корҳо ба ҳам пайвасту мустаҳкам.
Дил ба завқ меояд, месарояд аз забони шоир:
Давлататро карда кафшер,
Бастакори ГЭС-и Роғун,
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод,
Пойдор,
Сахту маҳкам…
 
ДЕВОРАИ КӮҲ – БИНОИ НБО «РОҒУН»
Вориди нақб мешавем. Девораи кӯҳӣ аз ду тараф. Сақфу фарш ҳам сангӣ. Мо дар дили кӯҳ. Раҳнамо ва нурафзо-чароғҳои барқӣ.
Ба он ҷое меравем, ки Сарвари давлат чанд рӯз пеш бо кормандони Неругоҳ вохӯрӣ доштанд. Вохӯрие, ки дар дилҳо меҳру садоқатро бедор карда, ҳисси худогоҳиро боло мебарад.
Аз ин вохӯрӣ бардошти чанд нафарро шунидем. 
- Ман ҳафт сол боз дар Неругоҳ кор мекунам ва аз баракати Сарвари давлат аст, ки ҳазорҳо нафар ин ҷо ҷойи кор пайдо намуданд, - мегӯяд Комилҷон Солеҳов, васлгари корхонаи «Тоҷикгидромонтаж» ва илова мекунад: 
- Суҳбати навбатии Сарвари давлат дар замири коргарони Неругоҳ умедро боз ҳам афзунтар сохт, моро ба корнамоиву қаҳрамонии  бештар таҳрик дод. Ифтихори бузург аст, ки дар бунёди ин кохи нур ҳиссаи хоксоронаи худро мегузорем. 
Устои барқ Қосим Шарифов, ки хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Бохтар аст, ба суҳбат ҳамроҳ шуда мегӯяд: 
- Аз соли 2008 дар ин Неругоҳ кор мекунам. Ин ҷо мактаби бузурги тарбияи кадрҳои коргарист, мутахассисоне, ки Неругоҳро бо самимият, муҳаббат ва ҷонфидоӣ бунёд месозанд. 
Воқеан ҳам, пас аз вохӯрӣ бо Сарвари давлат дар дидаҳо нуру дар дилҳо умед бори дигар ва бартар аз пештар ҷӯш мезанад.
Ба гуфти шоир Бозор Собир:
Бо садои гармат одат кардаем,
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат.
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ишқу муҳаббат.
Дили торикиро нурҳои барқ шикофта. Берун гарм, вале дохили нақбҳо сернуру салқин.
Кӯҳ ба синаи худ фарзандони кӯҳнаварди хешро ҷойгузин намуда.
- Нони мо, ризқу рӯзии мо, обрӯю шуҳрати мо Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, мехонем аз нигоҳи коргарон…
 
ЧАШМИ ЧАРОҒИ НБО «РОҒУН»
Ба он ҷое, ки нур мебахшаду манбаи нуру зиёст, рафтем.
Бо фаъолияти агрегатҳои тайёр ошно мешавем.
Дили Неругоҳ, чашми чароғи Неругоҳ ин ҷост.
Чанд мутахассисе, ки дар гирду пеши он агрегатҳо машғули коранд, бо садоқат дилбастаи касби хеш буданашонро мебинем.
- Беназирии толори мошинҳо ва толори трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин аст, ки дар қаъри замин ҷойгир аст ва дар дунё назир надоранд, - мегӯяд муҳандис Фирӯз Гадоев ва таъкид месозад, ки ҳоло корҳо шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талошҳо ба хотири он аст, ки агрегати чоруми Неругоҳ дар муҳлати муайяншуда ба истифода супурда шавад. 
Оре, агрегати чорум бояд омода гардад.
Он ҷоҳ ва он шукӯҳу бузургии агрегати чаҳорум касро ба ҳайрат меорад.
Симбофтҳо, симдӯзӣ ва симваслкунии устоҳои чирадасту соҳибном худ як олам гап аст.
Охир онҳо:
Аз шом то субҳ, аз субҳ то шом,
Бо ҳам гудозад сад пухтаю хом.
Оҳангари нанг-оҳангари ном,
Оҳангари руҳ-устои Роғун.
Вақте ки кас ин муъҷиза, ин корҳои ҳайратоварро бо чашм мебинаду худ ба худ мегӯяд: «Ман хобам ё бедор ва ё дар дигар шаҳрею аз асрори он бехабар».
Боз умед, орзу ва сухани меҳрпарвари Сарвари давлат ба ёдамон мерасад: «Орзу мекунам, ки рӯзе расаду дар болои сари ман барқи «Роғун» нурафшонӣ кунад».
Ва ин рӯз ҳам амалӣ шуда истодааст.
Аз баландӣ ба қаъри чуқурии ҷойгоҳи Неругоҳ менигарем.
Дар умқи чуқурии зиёда аз 180 метр коргарон машғули коранд.
Бо яке, ки аз он ҷо берун омада буд, рӯ ба рӯ шудем.
Мегӯяд: - Берун гарм аст,
Мегӯем: - Хеле гарм аст.
Мегӯяд: - Ин  ҷо  сарду  моро фақат умед ба кор гарм мекунад.
Дар торикӣ ба умеди нур зистан, ба ояндаи нек умед бас-тан худ қаҳрамонист ва аз матонату ҷасорати коргарон дарак медиҳад.
Чашми чароғаш- чашми ҳақиқат,
Набзи замонаш-маҷрои Роғун…
Моро умед ва суханони пурмеҳру садои коргарон ба берун гусел менамояд.
 
ОЗМОИШГОҲИ НБО «РОҒУН»
НБО «Роғун» бино мешавад, бояд маҳсулоташ санҷидаву озмуда гардад.
Аз оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарӣ дар иншооти аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои назорати сифати масолеҳҳои сохтмонӣ ва иҷрои корҳо озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ ва дорои асбобу таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидаву фаъолияти чашмрас дорад.
Барои хоку майдасангу оҳану қумҳоро санҷидан ва баҳо додан бояд чашми корро донист ва ҳунари олии баҳодиҳиро дошт.
Моро хуш аст, ки чунин мутахассисони варзида ҳастанд ва аз рӯи адолат баҳо медиҳанду ояндаи неку мустаҳкамии онро бар дӯши худ гирифтаанд. Бо чанд мутахассис ҳамсуҳбат шудан нозукии кори онҳоро бозгӯ мекунад.
- Айни замон дар озмоишгоҳ чор шуъба амал мекунад. Мақсади асосии мо баҳогузорӣ ва назорати сифати маҳсулоту маводи дар сохтмон истифодашаванда аст, - мегӯяд Абдулло Сафаров, муовини директори озмоишгоҳи марказии сохтмони НБО «Роғун».
 
ДУРНАМОИ ДУРАХШОНИ НБО «РОҒУН» 
Роғун-кохи нур,
Роғун-муъҷизаи аср,
Роғун-обрӯ ва ифтихори ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ.
Бояд ҳар фарди огаҳ ва меҳандӯст ҳар даму ҳар лаҳза бо коргарону мутахассисони ин Неругоҳи бузурги аср ҳамсадою ҳамово гардад.
Мебояд аз ин Фарҳодҳои кӯҳкан ифтихор карду дар ҳар гуфтору намоишномаҳо аз кору қаҳрамонии онҳо гуфт ва дили фурӯзони онҳоро дид, онҳоро неку шинохт.
Фикри нуронӣ бикун, андешаи Роғун бикун,
Баҳри пойдории Роғун ҳиммататро ғун бикун.
Нури чашматро равон бар хонаи дилҳо бисоз,
Риштаи ҷонро давоми сими ноқилҳо бисоз.
Гар шавед кӯҳе туро монеи раҳ, барбод бод,
Кӯҳкан фарзандҳоят ҷумла 
чун Фарҳод бод!
 
Бале бо ифтихор мегӯем, ки НБО «Роғун» бунёд мешавад. Он имрӯз арсаи нангу номус ва ғояи миллист. 
 
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА, 
раиси Иттифоқи 
журналистони Тоҷикистон,
Душанбе- Роғун-Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2022    №: 146    Мутолиа карданд: 789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед