logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 
ВАЗИР:
«Хатмкунандагон роҳхатро риоя намекунанд»
Дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон бемориҳои сироятии COVID-19 ва сурхакони маймун ба қайд гирифта нашудааст. 
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба кишвар 1 миллиону 987 ҳазор вояи ваксинаҳои «Модерна», 897 ҳазор «Пфайзер» ва бештар аз 1 миллион ваксинаи «АстраЗенека» ворид гардид.
Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки олимони Вазорат дар ин давра 2124 кори илмӣ чоп карда, соҳиби 18 патент ва 47 пешниҳоди ратсионализаторӣ гардидаанд.
Воридшавии маводи пастсифати тиббӣ, норасоии кадрӣ, бавижа кормандони миёнаи тиббӣ дар кишвар, ташвишовар арзёбӣ шуд.
- Хатмкунандагони соҳаи тиб мувофиқи роҳхат ба шаҳру  ноҳияи таъиншуда ҳозир намешаванд ва ин кори табибону ҷарроҳонро мушкил мегардонад, - афзуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
 
Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО  АЗ УСУЛҲОИ НАВ КОР ГИРИФТАНИСТ
Зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони телевизион ва радио аз ҷониби Академияи ВАО ба Тоҷикистон мутахассисони сатҳи байналмилалӣ даъват мешаванд.
- Дар ин самт бо Академияи ВАО корбарӣ ҷараён дошта, ояндаи наздик барои баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон мутахассисони маъруфи ҷаҳонӣ даъват ва ба гузарондани дарсҳои амалӣ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон, чанд нафар кормандон барои табодули таҷриба ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Онҳо ба омӯзиши ихтисосҳое мепардозанд, ки дар дохили кишвар омӯзиши онҳо ба роҳ монда нашудааст», - гуфт Нуриддин Саид.
 
Б. САЛИМОВ,  «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
 
САЙЁҲӢ
Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ
Дар нимсолаи аввалаи соли равон ба 6 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуда, муҳлати фаъолияти 20 ширкати дигар тамдид гардид. Айни замон, дар маҷмуъ, 242 ширкат ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Ин нуктаро Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд. 
Тибқи иттилои номбурда, дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз қабили 182 меҳмонхона, 29 хостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳ, 8 хонаи истироҳатӣ, 5 базаи сайёҳӣ, инчунин, пансионат ва кемпинг ба хизматрасонӣ машғуланд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки то имрӯз созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум бо 12 мамлакат, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Конфедератсияи Швейтсария, Франсия, Кувайт ва ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон ба имзо расонда шуданд.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
МТС 
Робитаҳо тавсеа меёбанд
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайси маркази таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 доир ба ду мавзуъ: амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави  рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он; роҳҳои баланд бардоштани амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон пажӯҳиш гузарондааст. 
Дар ин бора Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод), густариш додааст.
Хайриддин Усмонзода афзуд, ки бо мақсади баррасии маъалаҳои мубрам панҷ мизи гирд, ду семинар, ду конфронси илмию  амалии ҷумҳуриявӣ, ду конфронси илмиву амалии байналмилалӣ гузарондаанд. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
Барномаи нави рушд қабул шуд
Нимсолаи аввали соли ҷорӣ Барномаи рушди хоҷагии ҷангал барои солҳои 2022-2026 қабул карда шуд, ки дар он самтҳои асосии дурнамои рушди соҳа муайян гардидааст. Аз ҷумла, бунёди ҷангалзор бо усулҳои нави идоракунӣ роҳандозӣ шуда, майдонҳои ҷангалзор бо назардошти таҳкими базаи моддию техникӣ васеъ карда мешаванд.  
Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангал, изҳор дошт, ки барои амалӣ намудани барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, хароҷоти умумӣ беш аз 130 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷалби шарикони рушд ва такмили базаи моддию техникии хоҷагии ҷангал, ки яке мушкилиҳои ҳалталаб ба ҳисоб мераванд, равона мегардад. Ҳамчунин, ба такмил ва бозомӯзии кормандони соҳаи ҷангал ва тайёр кардани кадрҳои ҷавони баландихтисос аҳамияти ҷиддӣ дода хоҳад шуд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5335
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед