logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
«ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»
МУАММОИ МАТЕМАТИКӢ БА МУНОСИБАТИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ 
«ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028»
Дар расми 1 дар қуллаҳои секунҷа ададҳои серақамаеро чунон гузоред, ки ҳосили ҷамъашон ба 2018 ва дар квадратчаҳои расми 2 ададҳои серақамаеро гузоред, ки ҳосили ҷамъи сатру сутун ва диагоналҳо ба 2028 баробар гардад.
 
Таҳияи Муъминҷон ҶУМЪАЕВ,
сокини шаҳри Истаравшан
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
ҚИССА БАРОИ АНДЕША
Кӯҳнавард Сергей Александров ҳангоми фатҳи қуллаи Элбрус ҷароҳат бардошта, пойҳояш шикастанд. Бо чунин ҳол, одатан, дар сардӣ як – яку ним соат зинда мондан мумкин аст, вале Сергей 30 соат ҳам дард ва ҳам хунукиро таҳаммул кард. 30 рӯзи дигар дар шуъбаи эҳё гузашт. Ниҳоят, пойҳояшро буриданд. Ӯ аз умри дубора ёфтааш хушнуд иброз дошт: 
«Он чи бо ман рӯй дод, бо камоли масъулият мепазирам ва аз тақдири хеш розиам. Дар зиндагӣ чизҳое ҳастанд, ки аз мову шумо вобастагӣ надоранд. Аз ин рӯ, барои қабули «туҳфаи тақдир» ҳамеша омодаам». 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
Тавсия
ИЛОҶИ РАҲОӢ  АЗ ТАНБАЛӢ
 
6. ДУРНАМО ДОШТА БОШЕД
Афзалиятҳои тарк ва дармони танбалиро дар зеҳни худ тасаввур намоед. Кӯшиш кунед, ба имтиёзҳое, ки ҷаҳду талош бароятон ба армуғон меорад, фикр намоед. Бо дар назар гирифтани манфиатҳо, оянда ва дурнамои равшан тавони шумо барои шуруи фаъолиятҳо дучанд мешавад. Дар ин ҳол дармони танбалӣ кори душворе нахоҳад буд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
25.  ҶОН НЭШ - НОБИҒАИ МАЪЮБ
Ҷон Нэш нобиғаи математика, шахсияте, ки баъди 30 соли мубориза ба бемории маҷзубият ё таври маъмул шизофрения ғолиб омада, Ҷоизаи Нобелро мушарраф мегардад. Ӯ яке аз донишмандтарин матема-тикҳои сатҳи ҷаҳонист, ки бо кашфиётҳои худ дар олами илм таҳаввулоти воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳатто, филме, ки бо номи «Бозиҳои ақл» («Игры разума») аз зиндагиномаи Ҷон Нэш нақл мекунад, чанд маротиба бо олитарин ҷоизаи соҳаи кино - «Оскар» қадр гардидааст. 
Ҷон Форбс Нэш тобистони соли 1928 дар шаҳраки Блуфилди Виргинияи Ғарбӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дастовардҳои илмияш дар самти геометрияи дифференсиалӣ ва назарияи бозиҳо шуҳрати ин алломаро ҷаҳонгир намудаанд. Дар камолоти илмии ӯ саҳми падараш, ки муҳандис-барқчӣ буд, ниҳоят калон аст. Маҳз дар тақлид бо ӯ Ҷон ҳанӯз наврас буд, ки дари ҳуҷраи худро аз дарун қулф карда, амалиётҳои кимиёвӣ мегузаронд. Ҷон 14 - сола шуд, ки аз қазо китоби Эрик Темпла Белл «Математикҳои бузург» ба дасташ афтод ва роҳи ояндаи ӯро муайян сохт. Соли 1948, яъне дар 20 - солагияш Ҷон донишгоҳро бо ду диплом-бакалавр ва магистр хатм намуда, ҳамагӣ баъди як соли дигар рисолаи номзадияшро низ, ҳимоя кард.
Воқеан, рисолаи математики машҳур ҳанӯз ҳам бо номи «Баробарии Нэш» маълуму машҳур аст. Маҳз ҳамин рисола баъди 44 соли заҳматҳои хастанопазир такмилу тавсеа ёфта, муаллифро соҳиби Ҷоизаи Нобел намудааст.  Дар 31 - солагӣ олими ҷавон якбора чор асари худро дар бораи бозии ғайрикооперативӣ нашр ва бо ин дастовардаш дар илм таҳаввулот мекунад. 
Бори аввал бемории шизофрения дар 30 - солагии Ҷон аз худ дарак дода буд. Як муддат ҳамсараш барои ҳимояи карйераи ӯ бемориро пинҳон дошт, вале ҳарифони зиёди Ҷон тавонистанд ин хабарро расонаӣ созанд. Бо ҳамин соли 1959 Ҷонро, ки, аллакай, ҳамчун ситораи навтоби илм эътироф шуда буд, аз кор озод мекунанд. Баъди 50 рӯзи табобат Ҷону ҳамсараш аз ноилоҷӣ ба хориҷ кӯч мебанданд. Онҳо мехостанд, ки дар Аврупо сарпаноҳ ёбанд, вале ҳукуматдорони Амрико ҳар дуро маҷбур бармегардонанд. Дар Амрико беморӣ гӯё бо қувваи нав ба Ҷон таҳдид мекард, ки саранҷоми кору зиндагияшро якбора аз даст медиҳад. Муолиҷаи навбатияш ҳам дар соли 1960 натиҷаи таскинбахше намедиҳад. 
Аз ин рӯ, дигар Ҷон ғайри худаш бовариро нисбат ба ҳама аз даст медиҳад ва мустақилона пайи табобати беморияш мешавад. Алорағми ташхису хулосаҳои манфии дар ҷевон доштааш, Ҷон соли 1980 аввалин нишонаҳои шифоёбиро эҳсос мекунад ва баъди чанде ба кори муқаррарӣ бармегардад. Он рӯзҳоро ба хотир оварда, ин нобиғаи бузург менависад: «Агар шумо аз бемории руҳӣ халос шудан мехоҳед, ба руҳшиносон на такя кунед ва на бовар, зеро онҳо намехоҳанд дар тиҷорати худ қафо монда, бой диҳанд».
Бовар нокарданист, вале ҳақиқати ҳол аст, ки Ҷон ҳамроҳи ҳамсараш то синни 86 умр мебинанд ва на аз беморӣ, балки бар асари садамаи нақлиётӣ дунёро падруд мегӯянд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
ТАҲЛИЛ
- Философия чист?
- Философия кофтани гурбаи сиёҳ дар хонаи торик.
- Аҷиб, пас философ кист?
- Философ ҳамоне, ки гурбаи набударо доштам гуфта, воҳима мекунад.
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДУ ПАНД
Ҳеҷ кас он қадар сарватманд нест, ки битавонад, гузаштаи худ бихарад.
* * *
Эҳсосоти ибрознашуда ҳаргиз намемирад. Онҳо зинда ба гӯр мешаванд ва баъзан ба равишҳои зишттаре берун хоҳанд омад.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ИРОДА 
ПИРӮЗИИ ДАВАНДАЕ, КИ 20 ДАҚИҚА ҚАБЛ АЗ ОҒОЗИ МУСОБИҚА МУШТБОРОН ШУД 
Он рӯзро Вилфрид Аппо, давандаи фаронсавӣ, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. 20 дақиқа пеш аз оғози мусобиқа нафаре аз варзишгоҳ ба сӯи ӯ давида ба рӯйи варзишгар чанд зарба мезанад. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ӯ, ҳатто, хун партофт. Вале Аппо иродаи қавӣ нишон дода, гуфт, ки ба мусобиқа тайёр аст. Барои пешгирӣ аз хунравӣ, мисли роҳзани ҳақиқии баҳрӣ, чашмбанд баст. 
Ниҳоят, дар ҷамъбаст «роҳзани баҳрӣ» масофаи 400 метрро дар 48,57 сония давида ҷойи аввалро гирифт ва рекорди шахсии худро гузошт. 
Таҳияи М. БАҲРОМ
 
 
 
ДАР МУЗОЯДА ЯК ХӮША АНГУР БА МАБЛАҒИ 12 700 ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Дар Ҷопон зимни баргузории музояда хӯшаи ангури сурхи нодири навъи «Ёқути румӣ» ба маблағи 1,4 миллион иен (12 700 доллари ИМА) фурӯхта шуд. Ангурро ширкати фавқулодаи парваришкунандаи  Ruby Roman («Ёқути румӣ») ба музояда гузошт. Донаҳои ангури мазкур ба андозаи тӯбчаи тенниси рӯи миз мешаванд ва бо доштани қанди баланду туршии аз меъёр кам маълуму машҳуранд. Нахустин бор он моҳи августи соли 2008 ба бозор бароварда шуд. Як сол  қабл хӯшаи ин навъи ангури нодир ба маблағи 1,4 миллион иен фурӯхта шуда буд ва он замон ҳам, барандаи имсолаи музояда - молики шабакаҳои ҷопонии супермаркетҳо дар Тайван гардида буд. 
Меваҳо ва дигар хӯроквориҳои дорои сифати олӣ, асосан, дар музоядаҳои  Ҷопон бо нархи ҳангуфт фурӯхта мешаванд ва бештар харидорон онҳоро бо мақсади реклама намудан дарёфт мекунанд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
КОМПЮТЕРҲОИ НАСЛИ НАВ 
ОНҲО БА ЧӢ ҚОДИРАНД?
Дар назар аст, ба шарофати нейроинтерфейсҳо ва пешрафт дар самти коркарди протсессорҳои графикӣ бозиҳои компютерӣ пурра ба воқеияти вертуалӣ кӯчонда мешаванд. VR - шлемҳои маъмулӣ ҳам аз мӯд мебароянд. Костюмҳои махсусе коркард шуда истодаанд, ки дар рафти бозӣ ҳама чиро ба таври воқеӣ ҳис мекунанд. Яъне, мо дигар бо тамоми вуҷудамон ба бозӣ ворид мешавем. 
Тадқиқоти ҷадид дар самти манбаъҳои алтернативии неру ба мо имкон хоҳанд дод, ки аз усули синтези термоядроӣ бемалол истифода барем. Ҳаҷми онҳо аз қуттии гӯгирд калон набуда, имкони дар худ ҷой додани неруи зиёдеро хоҳанд дошт.   
Талабот ба монитор ҳам аз байн хоҳад рафт. Ҷойи онҳоро айнак ва линзаҳое мегиранд, ки воқеияти иловагиро бароятон муҳайё хоҳанд кард. 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА  
 
 
 
«Ӯ НАМЕДОНАД МАН КИСТАМ, АММО МАН МЕДОНАМ, КИ Ӯ КИСТ»
Пирмарди 85-солае доим бо ҳамсараш сайругашт мекард.  
Яке аз ӯ мепурсад: 
- Ба назарам шумо хонумро ҳамеша ба самте мебаред, ки ӯ намехоҳад. Чанд рӯз аст, ки мушоҳида мекунам, хонум ҳеҷ ба гирду атроф таваҷҷуҳ надорад, ҳатто ба шумо низ.  
- Бале, шумо дуруст мегӯед, ин кас гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ аст, - кӯтоҳ посух медиҳад мӯйсафед. 
- Агар дасташро раҳо кунӣ, безобита мешавад? 
- Не. Ӯ, ҳатто, пай намебарад. Солҳои зиёд аст, ки маро ҳам дар ёд надорад. 
 - Агар пайхас накунаду касеро нашиносад, чаро солиёни дароз бо ӯ дар ташвишу саргардонӣ?
Пирмард андешаманд ва бо лабханд мегӯяд: 
- Ӯ намедонад ман кистам, аммо ман медонам, ки ӯ кист. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
КИТ ДУХТАРҲОРО ФУРӮ БУРДА, БОЗ РАҲО НАМУД
Бовар нокарданист, дар Калифорния шоҳидони ҳол ду духтареро ба навор гирифтанд, ки кит фурӯ бурдаву боз раҳо кардааст. 
Ин ҳодиса ба қавле дар як мижа задан рух додааст ва худи духтарҳо, асли воқеаро ҳатто надониста мондаанд. Қаиқронҳо барои тамошои ғизохӯрии китҳо ба халиҷи назди соҳили Авила омада буданд ва шоҳиди ин воқеа гаштанд.
Дар сабти видеоӣ кит бо даҳони кушода, ба духтарон ҳуҷум менамояд. Маъмулан, ки китҳо хӯроки калонҳаҷм намехӯранд, духтарҳоро зуд ба қавле қайд намуда раҳо мекунанд. Аҷиб аст, вале духтарҳо ҳеҷ гуна зарар надидаанд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
 
ИСТЕЪДОДИ ТАБИӢ
Нависанда Жорж Сименон соли 1903 дар шаҳри Лёже  (Белгия) таваллуд шуда, соли 1989 дар Лозани Швейтсария фавтидааст. Ӯ бо номи худаш 218 роман ва бо номҳои мустаори адабиаш (16 ном) 200 роман, 1500 повест ва ҳикояҳои ҷолиб таълиф намудааст.  
Жорж истеъдоди табиӣ дошта,  дар зарфи аз 7 то 15 рӯз  ва ё то як моҳ як роман ба анҷом мерасонд. Асарҳои Жорж бо забони 55 миллати 39 давлати олам бо теъдоди 500 миллион нусха интишор гардидаанд. 
Романҳои Жорж хонданибоб ва шуҳрати калон доранд. Аз рӯи онҳо 52 кинофилм, 211 филми телевизионӣ ба навор гирифта шудааст.  
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ФУТБОЛ
УЕФА ФОНДИ  ҶОИЗАИ ҶОМҲОИ  АВРУПОИРО ТАСДИҚ КАРД 
Тибқи иттилои сомонаи Sport-express.ru, Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) нақшаи тақсимоти маблағи фонди ҷоизаи ҷомҳои аврупоиро барои мавсими солҳои 2022 – 2023 интишор кард.
Дар маҷмуъ, маблағи он 3,5 миллиард евро (Лигаи чемпионҳо 2,032 миллиард, Лигаи Аврупо 465 миллион, Лигаи конференсияҳо 235 миллион)-ро ташкил медиҳад.
Чуноне мушоҳида мешавад, қисми бештари маблағ ба  Лигаи чемпионҳо равона мешавад. Зикр мегардад, ки дастаҳои ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқот роҳёфта 15,64 миллион евроӣ бойтар хоҳанд шуд.
Баъдан, барои пирӯзӣ дар ҳар бозии гурӯҳ дастаҳо соҳиби  2,8-миллионӣ ва мусовӣ  930 ҳазор евроӣ мегарданд. Бошгоҳҳо барои баромадан ба   1/8-ниҳоӣ  9,6-миллионӣ, 1/4-ниҳоӣ  10,6-миллионӣ, нимниҳоӣ  12,5-миллионӣ ва бозии ниҳоӣ 15,5-миллионӣ хоҳанд гирифт. Ғолиби Лигаи чемпионҳо бошад, иловатан   4,5 миллион еврои дигар ба даст меорад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
ПЕШСАФӢ АЗ ЧИН
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори аввал дар 30 соли ахир дар озмуни математика бар Чин ғолиб омад.  Дар акс дастаи ИМА.
* * *
ЧАРЛИ ДАР ҶОИ СЕЮМ
Чарли Чаплинро шавқаш боло гирифту дар озмуни ҳаммонандҳои худаш ширкат варзид, аммо ҷои сеюм насибаш гашт.
 
Аз русӣ тарҷимаи Зебунисо ҲАМИДЗОДА
 
 
БЕҲТАРИН  ДАРВОЗАБОНИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАНД ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ АЛИШЕР
Алишер Тӯйчиев аз зумраи дарвозабонони машҳури мамлакат аст, ки номаш дар таърихи футболи кишвар абад сабт хоҳад шуд, зеро дастовардҳояш миёни дарвозабонони ватанӣ бесобиқа ба ҳисоб меравад. Ӯ ягона дарвозабонест, ки дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё беҳтарин бозигар эътироф шудааст (2012, «Истиқлол»-и Душанбе). Миёни дарвозабонҳо танҳо Алишер бо се дастаи гуногун соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гаштааст. Танҳо ӯ дар кишвар панҷ маротиба (2007, 2011, 2012, 2013, 2014) унвони «Беҳтарин дарвозабони сол»-ро соҳиб гардидааст. 
Алишер ҳангоми ҳунарнамоияш дар дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Президенти КФО (2012), чемпиони секаратаи Тоҷикистон (2011, 2014, 2015), ғолиби Ҷоми Тоҷикистон (2013, 2014, 2015), Суперҷоми Тоҷикистон (2011, 2012, 2014, 2015), Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2014, 2015) ва финалисти Ҷоми КФО (2015) мебошад.
Инчунин, ӯ дар ҳайати дастаҳои «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (1995) ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (2007) низ, барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад. 
Аз соли 2008 то 2016 шарафи тими миллии Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
КӮҲНАВАРДИ ШӮРБАХТ 
Кӯҳнаварди номдор Арон Ралстон аз рӯи одат танҳо ба сафар мебаромад ва аз азмаш касеро огоҳ намесохт. Дар яке аз чунин саёҳат ҳангоми убури шахқуллаҳо дасташ тасодуф миёни ду хоросанг руст мемонад. Арон бо дарди ҷонкоҳе, ки эҳсос мекард, муддати 127 соат доду фарёд мезанад, вале касе ӯро намешунавад. Ниҳоят, чун ҷонаш ба танг меояд, нохунгиракашро бо дасти озодаш аз киса бароварда, дасти зери сангашро аз оринҷ бурида, худро раҳо мекунад. Вобаста ба саргузашти Арон синамогарони Ҳолливуд филми "127 соат" - ро ба навор гирифтанд, ки дар он нақши асосиро ҳунарманди машҳури амрикоӣ Ҷеймс Франко иҷро кардааст.
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
800 ДОЛЛАР- АРЗИШИ ФАМИЛИЯ 
Даъво дар комиссарияти ҳарбӣ:
- Рафиқ полковник, чаро духтури шумо аз дигарон 500-доллариву аз ман якбора 1000 доллар гирифт?
- Смирнов, ҷӯраи ҷон, танҳо як фамилияат 800 доллар арзиш дорад. Охир ту Кузмич нестӣ-ку?!
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДАЪВОҲОИ  ҒАЙРИОДӢ БА СУД
БАЧА ПОЙИ ОЧАРО ШИКАСТУ МАҒОЗА ДАР БАЛО МОНД
Кэтлин Робертсон, сокини иёлати Техаси ИМА, барои хариди ҷиҳози хона вориди мағоза шуд. Вақте аз қатори диванҳо мегузашт, ногоҳ ба кӯдаки шашсолае бархӯрду пояш шикаст.
Дар пайи ин тасодуф хонум Кэтлин молики мағозаро ба суд кашид ва ҷуброни зарар талаб намуд. Суд даъвои ӯро қонеъ ва мағозаро ба пардохти 780 000 доллари ИМА уҳдадор кард. Додраси парванда қарорашро ба он асоснок сохт, ки мағозаи диванфурӯшӣ бояд барои машғулияти кӯдакон толори махсус ҷудо мекард. Вале далели ин ки кӯдаки моҷаросоз фарзанди худи Кэтлин буд, чизеро тағйир надод.   
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2022    №: 146    Мутолиа карданд: 1443
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед