logo

иҷтимоиёт

САФОИ "РОҒУН" – ВАФОИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ

Дар оинаи таърихи башарият нақши Сарвар, Пешво, Роҳбари хирадманду ботадбир, бонуфузу соҳибэътибор, бофазлу дониш, ҷасуру фидокор, қавмдӯсту ҷавонпарвар, пуштибони илму фарҳанг ва санъату ҳунар ҷиҳати ташаккулу такомул ва соҳибтамаддуну соҳибдавлат гардидани ҳар халқу миллат бармало мунъакис мешавад. Бузургмардоне аз табори ориёӣ, монанди Куруши Кабир, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров ва чанде дигар аз чеҳраҳои мондагоре мебошанд, ки маҳз бо таҷаллии хусусиёти зикршуда зевари таърихи пурифтихори миллати мо ба ҳисоб мераванд.
 
Дар идомаи зикри ин силсилаи абармардони дунёи сиёсат ва бунёдгузорону равнақбахшони давлатдории миллӣ, бешак, исми шарифи шахсияти барҷаставу бемисли таърихие ҷой мегирад, ки хираду ҷаҳонбинӣ, илми сиёсату фарҳанги идоракунӣ, малакаи муттаҳидсозии гурӯҳҳои оштинопазир, рушдбахшии илму маърифат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро аз аҷдодони пуршарафу оламшумул комил ба мерос гирифта, як кишвари ҷангзадаро ба мамлакати чароғону гулрез ва мардуми хонабардӯшу навмедашро ба шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ, халқи соҳибдавлату эътирофшудаи ҷомеаи маданӣ табдил додаву имрӯзҳо ба ҳайси Пешвои маҳбубу муаззам ва падари дардошнову меҳрубон миллати басаодатрасидаро дар масири рушду пешрафти бемайлон ва корнамоиҳои таърихӣ роҳнамоӣ мекунад.
Азимтарин иншооти аср, лоиҳаи бузурги гидроэнергетикии мамлакат – НБО «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, ҳамакнун аз ҳаракати чархаҳои сафобахши он соҳаҳои хоҷагидории мамлакат нуру такон гирифта, гӯшаю канори навоҳии дурдаст мунаввар ва дили мардум пурсурур мегардад.
Вақте таърихномаи НБО «Роғун»-ро ҷӯё мешавем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршори монеаҳои табиию сунъӣ дармеёбем. Дар сарчашмаҳо санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин иншооти сафобахш 10 июли соли 1972 дарҷ шудааст. Сохтмони иншоот бошад, расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1991 ҷараён мегирад. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он ба таъхир меафтад. Танҳо баъди чандин соли соҳибистиқлолӣ эҳёи бунёди Неругоҳи «Роғун» имконпазир гардид. Агарчи иқдоми дубора бунёд намудани Неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, мардуми шарифи кишвар бо роҳнамоии Пешвои муаззам «масъалаи ҳаёту мамот» будани ин иншооти азими гидроэнергетикиро амиқ дарк намуда, дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона ду агрегати он мавриди истифода қарор дода шуд, ки то ба имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол кардааст. 
Ҳар сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ҷиҳати дидан аз рафти сохтмон ва суҳбатҳои самимӣ бо коргарон такони ҷиддиест ба сохтмони ин Неругоҳи пуриқтидор. Хусусан, санаи 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид: рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори булдозер, дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳ ҳусни оғоз бахшиданд. Сохтмончиёни ин кохи муҳташами нуру сафо аз вохӯриву суҳбатҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои хирадоини миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайяншуда дар ҷабҳаҳои гуногуни он садоқатмандона заҳмат мекашанд. Маҳз даъват ва суханони руҳбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуълаи рағбату мароми синашикофии кӯҳро дар қалби Фарҳодҳои тоҷик афзуд ва корро дар корзори «Роғун» тавон бахшид:
Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,
Бо нидояш ҳамгиро халқу Ватан.
 
Чунончи, аз суханронии Пешвои муаззами миллат дар вохӯриашон бо сохтмончиёни Неругоҳ аз санаи 13.07.2022 бармеояд, ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассиси хориҷӣ, фаъолият доранд. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии Неругоҳ тайи солҳои 2008 - 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дош-танд, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонда истодаанд, аммо новобаста аз ин, азми мо ҷиҳати ба итмом расондани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» қатъӣ буда, бо назардошти аҳамияти стратегӣ доштани иншооти мазкур ва бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намудааст. 
Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар ҷаҳон мақоми ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ – дуюм ва дар Осиёи Марказӣ – якумро ишғол менамояд.
Қобили таъкид аст, ки маҳз бунёди НБО «Роғун» ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат карда, боиси сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ, ташкили ҳазорон ҷойҳои нави корӣ, афзудани сатҳи некуаҳволии мардум, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва тақвияти мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ мешавад.
Ҳамин тавр, "Роғун" корзори заҳматҳои самарабахшу рушдбор, мояи эътибору ифтихори ҳар як соҳибватан, гавҳари гаронарзиши таърих, ҳастиву шуҷоат ва мардонагиву шарафмандии миллати тоҷик буда, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «барои садсолаҳо бунёд мегардад». Чунончи, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бисёр хуб ба риштаи тасвир кашидааст:
Роғун – сафо, Роғун – вафо, Роғун бақои мо бувад,
Армони чандинасра, уммеди ниёи мо бувад!
 
Бовари комил дорем, ки мардуми шарафманди кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони корзори нангу номуси миллат, кохи азими нур – "Роғун"-и пурсафо камари ҳиммат баста, бо бунёди он Тоҷикистони азиз ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ва дурахшу шукӯҳи афзун ворид гашта, наслҳои таърих садсолаҳо аз файзу сафои он баҳраманду сарбаланд хоҳанд буд.
 
Раҳмон Дилшод САФАРБЕК,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2022    №: 147    Мутолиа карданд: 602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед