logo

иҷтимоиёт

ХОРСАРОӢ. МУШКИЛОТ БОЯД РАФЪ ГАРДАД

Зери рубрикаи «Минбари мутахассис» суҳбати Абдулқодири Раҳим, хабарнигори «Ҷумҳурият» ва Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, хормейстерро бо номи «Хорсароӣ: аз мушкилот то рафъи он» («Ҷумҳурият», 23 июни соли 2022) мутолиа кардам. Ҳамчун мутахассиси ин соҳа зарур шумурдам, ки андешаҳоямро бо ҷонибдории мусоҳибон иброз бидорам. Дар ҳақиқат, ҳамсуҳбатон ба масъалае рӯ овардаанд, ки ҳалли он, махсусан дар ин шабу рӯз ба хотири пешрафти соҳаи мусиқии касбӣ, бисёр зарур аст.
 
Холаҳмади Маҷид зимни посух барҳақ таъкид мекунад, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориву дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мусиқии касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Барои рушди он, инчунин, Сарвари давлат имкониятҳои заруриро фароҳам овард. Дар натиҷа дастаи хорсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар Туркия дар миёни 39 мамлакати дунё ҷойи намоёнро ишғол кард. 
Пеш аз ҳама, бояд зикр намуд, ки устод Холаҳмади Маҷид яке аз мутахассисони варзидаи жанри хорсароӣ дар кишварамон ба ҳисоб рафта, тамоми умри пурмаҳсули  ӯ бо ин жанр пайваста мебошад. Ин аст, ки нисбати дигар мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ вазъияти ногувори атрофи жанри хорсароӣ баамаломадаи имрӯзаро, пеш аз ҳама, дарк карда, бонги изтироб мезанад. Дар ҳақиқат, тайи солҳои охир, мутаассифона, чуноне ки ёдовар мешавад, бо сабаби муносибати хунукназаронаи масъулони соҳа яке аз жанрҳои муҳимтарини мусиқии касбӣ, яъне жанри хорсароӣ рӯ ба таназзул ниҳода, дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад. Агар нестшавии ин жанр аз эҳтимол дур  набошад, пас, бояд дар назар дошт, ки аз навбарқарорнамоии он масъалаи хеле ва хеле душвор аст.
Ҳар як шахсе, ки бо фарҳанги мусиқӣ сару кор дорад, баръало медонад,  ки мусиқӣ дар рушду нумӯи баробари ҳамаи шохаҳои худ, яъне жанрҳо метавонад ба қувваи бузург табдил ёфта, кафолатгари тарбияи маънавии ҷомеа гардад. Албатта, таъсис додани коллективҳои хорсароӣ ба монанди таъсис додани дигар коллективҳои ҳунарӣ, аз қабили оркестрҳои калони симфонӣ, созҳои миллӣ, инчунин, камеравӣ бо сабабҳои зиёди шомилгардонии шумораи ҳунармандон мушкилоти худро дорад, вале зарурияти ба таври васеъ тарғибу тараққӣ додани ин жанр,  бешубҳа, ҳатмист. Жанри хорсароӣ яке аз узвҳои таркибии мусиқии касбӣ ва, умуман, фарҳанги мусиқӣ ба шумор меравад. Дар ин сурат оё бе иштироки жанри хорсароӣ оид ба рушди фарҳанги мусиқӣ сухан гуфтан мумкин аст? Албатта, не.
Дар суҳбаташон  устод Холаҳмади Маҷид бо рӯзноманигори «Ҷумҳурият» оид ба миллигардонии жанри хор андешаронӣ намуда,  фикрҳои ҷолиб баён кардааст. Ба тақвияти суханҳои ӯ гуфтаниям, ки, дар ҳақиқат, агар асарҳои хорӣ аз ҷониби композиторон мумтозона бо истифодаи лаҳнҳои маъмул, гардишҳои оҳангӣ, гармоникӣ,  мелизмҳо ва дигар обурангҳои мусиқии  ба мардуми  мо наздик дар омезиш бо унсурҳои ҷаҳонӣ эҷод гашта,  манзури шунавандаи чи дохилӣ ва чи хориҷӣ гардад, мақому манзалати жанри хорсароии кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд хоҳад бардошт. Ин худ, аллакай, нишондиҳандаи он хоҳад гашт, ки рушди ҳунари хорсароӣ ба манфиати миллат мебошад. Албатта, бояд дар назар дошт, ки  ҷараёни миллигардонии жанри хорсароӣ вақтталаб аст. 
Акнун чӣ бояд кард? 
Пеш аз ҳама, масъулони соҳаро зарур аст, ки  аввалан, коллективҳои хорсароёни назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро барқарор намуда, барои ҷоннок сохтани фаъолияти онҳо мусоидат намоянд.  Лекин барои ҳал намудани ин мушкилот танҳо пешниҳодҳои боло кофӣ нест. Чун солҳои пешин  коллективҳои хорҳои наврасон дар ҳама мактабҳои мусиқӣ, мактабҳои санъат, хорҳои донишҷӯён дар коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои олии фарҳангии мамлакат бояд амал намоянд, яъне фаъолияти гурӯҳҳои хорӣ дар муассисаҳои номбурда  ҳатман зери таваҷҷуҳи масъулони соҳа қарор  гирфта, баргузории озмунҳои коллективҳои хорсароён дар кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Дар ниҳояти кор таҳкурсии асосӣ барои таъсис додани коллективҳои касбии хорсароиро  маҳз   аз теъдоди толибилмони муассисаҳои таълимӣ – фарҳангӣ амалӣ гардондан мумкин аст.  Устод Холаҳмади Маҷид пешниҳод менамояд, ки айни ҳол таъсис додани хори камеравӣ  дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебошад. Ин, албатта, иқдоми хеле наҷиб хоҳад буд, чунки барои композиторони тоҷик амал намудани чунин як коллективи касбии барои онҳо дастрас сабабгор ва илҳомбахши эҷоди асарҳои нав ба нав  дар ин жанр хоҳад гардид, вале бояд тазаккур дод, ки амалӣ гардондани ин иқдом танҳо бо қувваи Иттифоқи композиторон   имконнопазир аст. 
Хори камеравӣ, инчунин, барои ташвиқу тарғиби зинда сароидани сурудҳо ба маънии мусбаташ таъсиргузор мебошад.
Таъсиси он дар назди Иттифоқи композиторон дар эҷоди асарҳо барои хор ва рушди дурусту бенуқсони мусиқии касбии миллӣ мусоидат мекунад.
Шояд хонандаи рӯзнома бипурсад, ки чи зарурат ба таъсиси гурӯҳи хорсароён, дақиқтараш хори камеравӣ, зарур аст, чун дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ин гуна гурӯҳ вуҷуду фаъолият дорад. Ба қисме аз ин пурсиш дар навиштаам посух додаам. Илова ба он, бояд ёдовар шавам, ки гурӯҳи хорсароён ба хотири ташвиқи сурудҳои зинда ҳамеша бо барномаҳои нав омода бишаваду баромадҳои хоси худро ташкил бикунад. Дар барномаи ин даста бояд сурудҳои мамолики ватанӣ ва хориҷӣ бошанд. Ба ҷуз ин, бо барномаҳои тоза ба тозаи ҳунарӣ дар миёни мардум баромад намоянд, дар озмунҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди касбият ширкат варзанд.
Аз ин рӯ, тамоми аҳли ҳунар, масъулони соҳа ва  вазоратҳои дахлдорро лозим аст, ки нисбати вазъияти баамаломада, атрофи  проблемаҳои жанри хорсароӣ дар кишвар  дастаҷамъона  камари ҳиммат баста, бо дилсӯзӣ ва дурбинӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ диҳанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем яке аз жанрҳои муҳимтарини ҷабҳаи фарҳанги мусиқӣ - жанри хорсароиро ба маҷроҳои пешинаи худ равона сохта, нуфузу эътибори онро дар  ҷомеа баланд бардорем. 
 
С. ҲАМИДЗОДА, 
муовини раиси Иттифоқи
композиторони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2022    №: 147    Мутолиа карданд: 505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед