logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

МУҶОЗОТИ ФУТБОЛБОЗОН
Амалкарде, ки касе интизор набуд
 
Кумитаи назорату интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон 29 июл дар ҷаласаи навбатӣ нисбат ба 10 бозигари ҷавон қарорҳое баровард, ки барои ҷамъияти футболи кишвар ғайриинтизор буданд. 
Тибқи он, барои вайронкунии моддаи 7, банди 34-и Кодекси интизомии ФФТ бозигар Ҷамолиддин Зардиев абадан аз бозии футбол барканор гашт. 
Бар асоси моддаи 2, банди 3-и Кодекс, футболбозон Оятулло Сафаров, Ислом Зоиров, Эмомалӣ Аҳмадхон (сесолӣ аз ҳаққи ба майдон баромадан ва 10 ҳазор сомонӣ  ҷарима), Наимҷон Иброҳимзода ва Мухтор Азимов (дусолӣ аз ҳаққи бозӣ кардан ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима) муҷозот гирифтанд. 
Инчунин, Кароматулло Саидов, Абдулмумин Забиров, Сорбон Афғонов ва Шарафҷон Солеҳов ҳар кадоме 2000 сомонӣ ҷарима шуда, то охири соли равон дигар ба майдон намебароянд. 
Дар суҳбат намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин масъаларо муфассал шарҳ надода, гуфт, ки «доир ба ин дар сомонаи ФФТ хабари расмӣ ҳаст». 
Ба ғайр аз Ҷамолиддин Зардиев дигар футболбозони муҷозотшуда ҳама аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар (U23) мебошанд, ки дар Ҷоми Осиё – 2022 (Ӯзбекистон) ширкат намуда буданд. 
Қаблан, соли гузашта легионери 28-солаи эронии дастаи «Душанбе» Амир Меморӣ Манеш барои вайрон кардани моддаи 2, банди 3-и Кодекси интизомии ФФТ, дар асоси принсипҳои умумии ҳуқуқ ва адолат, бо қарори Кумитаи тартибу интизомии ФФТ аз тамоми намуди фаъолияти футбол дар ҳудуди Тоҷикистон маҳрум шуд. Бо иқрори бозигар дар бозиҳо бо иштироки дастааш дар чемпионати Тоҷикистон ӯ дар ширкатҳои букмекирӣ шартбандӣ мекард. 
 
 
 
“ИСТИҚЛОЛ” - ҒОЛИБИ ҶОМИ “ҶАВОНӢ”-2022
 
Дар бозии ниҳоии мусобиқаи Ҷоми “Ҷавонӣ”-2022 байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ “Истиқлол” тими “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. 
Ҳамин тариқ, “Истиқлол” медалҳои тилло ва 30 000 сомонӣ, “Регар-ТадАЗ” медалҳои нуқра (20 000 сомонӣ) ва КМВА медалҳои биринҷӣ (10 000 сомонӣ) ба даст оварданд. 
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо ибтикори Лигаи футболи Тоҷикистон бо мақсади зоҳир кардани таваҷҷуҳи бештар ба ҳайатҳои ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии бозигарон ташкил ва баргузор гардид.
 
 
 
СУПЕРҶОМ
Дар Англия, Олмон, Франсия ва Нидерландия кадом тимҳо ғолиб омаданд?
Дар кишварҳои Аврупо бозиҳо барои Суперҷом оғоз гардиданд, ки аз шуруъ шудани чемпионатҳои миллӣ дарак медиҳанд. Аллакай, дар Англия, Олмон, Франсия ва Нидерландия ғолибон муайян гаштанд.
Барои дарёфти Суперҷоми Англия “Ливерпул” бар “Манчестер Сити” бо натиҷаи 3:1 зафар ёфта, маротибаи 16-ум барандаи  Суперҷоми Англия шуд.
Бар пояи иттилои сомонаи sport-express.ru, голҳоро аз дастаи ғолиб Трент Александр-Арнолд,  Муҳаммад Салоҳ  ва Дарвин Нунйес заданд. Тӯби ягонаи «шаҳриҳоро» Хулиан Алварес ба самар расонд. 
Дар рақобати Суперҷоми Олмон «Бавария» дастаи «Лейпсиг»-ро шикст дод – 5:3.   
Мюнхениҳо бори 10-ум барандаи Суперҷом шуданд, ки дар таърихи Олмон натиҷаи рекордист. 
«Лейпсиг» бошад, бори аввал дар таърих барои ин ҷоиза мубориза бурд.
Дастаи ПСЖ ба дарвозаи «Нант» чор голи беҷавоб зада, маротибаи 11-ум соҳиби Суперҷоми Франсия гардид. 
Тӯбҳоро Лионел Месси, Неймар (ду гол) ва Рамос ба ҳадаф расонданд. 
ПСВ баъд аз ғалаба бар «Аякс» бо ҳисоби 5:3 барандаи Суперҷоми Нидерландия гашт.
Собиқ бозигари соҳибном Руд ван Нистелрой, ки ҳоло ПСВ-ро сарварӣ мекунад, аввалин ҷоизаро ба ҳайси сармураббӣ ба даст овард.
Ин барои ПСВ 13-ум Суперҷом мебошад, ки то ҳол ягон дастаи нидерландӣ ба ин муваффақият даст наёфтааст. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5653
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед