logo

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики вохӯрд. Ҷонибҳо оид ба вазъи феълии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши минбаъдаи он табодули афкор намуданд.
Ҳоким Холиқзода ба Ҳукумати Ҷопон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҷопон, сол ба сол тақвият меёбад.
Ҳоким Холиқзода аз саҳми Ҷопон дар рушди иқтидори кадрии мамлакат, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омодасозии мутахассисон дар донишгоҳҳои Осиё ва уқёнуси Ором, ёдрас шуд. 
Сафир Тосихиро Аики ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ таваҷҷуҳ намуда, омодагии хешро  ҷиҳати мусоидат ба тақвияти самтҳои  муҳими ҳамкорӣ изҳор дошт. Мавсуф аз оғози раванди  ҳамкорӣ  ҷиҳати   сармоягузорӣ   ба   низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷопон истиқбол карда, рушди ҳамкориро бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ ба низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ намуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6071
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед