logo

Хабарҳо

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

 
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи «Инъикоси бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар асарҳои бадеӣ» мизи гирд баргузор гардид. Ҳадафи мизи мудаввар ба ҳам овардани адибони очеркнавис, воқеанигор ва тарғиби бунёдкориҳои азими мамлакат буд.
 
Дар ҷаласа раиси ИНТ Низом Қосим иштирок карда, дар мавриди аҳамияти ин сохтмони аср барои ояндаи Тоҷикистон суҳбат кард.
- Асарҳое, ки дар ин мавзуъ офарида мешаванд, бояд тазодҳо, рангорангӣ ва мазмуну образҳои барҷаста дошта бошанд. Одами зинда дар он амал кунад, тақдирҳо, наслҳо бо ҳам бархӯранд ва мардум бо шукӯҳи «Роғун» ошно гарданд. Таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин масъалаҳоро фаро мегиранд. Сарвари давлат дар масъалаи камчин будани осори адабиву публитсистӣ дар ин бора чанде пеш дар майдони сохтмони НБО «Роғун» бо мо – адибон суҳбат оростанд  ва эродҳои Пешвои миллат асосноканд. Мо ба омӯзиш ва тарғибу ташвиқи созандагиҳои фарзандони миллат камҳавсалагӣ зоҳир мекунем, - тазаккур дод Низом Қосим.
Хабардор будани адибон аз табиати «Роғун», аз фолклори мардуми ин минтақа, аз корномаҳои мутахассисони дохиливу хориҷӣ, бахусус меҳнаткашони ватанӣ, муҳим арзёбӣ гардид.
- Ҳамкории адибонро бо воситаҳои ахбори омма бояд тақвият бахшид. Аҳли қалам бояд мавқеи худро мушаххас кунанд ва халқро бо ҷараёни бунёдкориҳои Тоҷикистон ҳар гоҳ ошно созанд, – афзуд раиси Иттифоқи нависандагон.
Бино ба таъкиди муовини раиси ИНТ Равшани Махсумзод, тарҷумаи асарҳои бадеӣ, шеърҳо ва мақолаҳо доир ба «Роғун» бо забонҳои русиву англисӣ ва ӯзбекиву туркӣ баҳри шиносоии бештари халқҳои Осиёи Марказӣ бо аҳамияти «Роғун» ва падидаи аз назари экологӣ безарар будани он мусоидат мекунад. Барои ин тақвияти кори бахши робитаҳои адабӣ корсоз аст. 
Мудири бахши очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагон Ҷумъа Қуддус атрофи масъалаҳои бозкушоии мавзуъ, амиқтар омӯхтани ин иншооти барои давлату Ҳукумат муҳим суҳбат намуд. Ба гуфтаи ӯ, ИНТ бо роҳбарияти Неругоҳ ва шаҳрдории Роғун ба мувофиқа расидаанд, ки се рӯзноманигор ва шоири ҷавон: Хуршед Ховарӣ, Беҳрӯз Холмуродов ва Бузургмеҳри Тоҷиддинро барои омӯзиши кохи нур ба муддати як сол ба дохили НБО сафарбар намоянд. Чунин амал барои таҷрибаи воқеии ҳаёту фаъолияти коргарон ва ба вуҷуд омадани осори хонданиву ҳадафрас мувофиқ мебошад.
Адибони тоҷик дар тақвияти ин гуфтаҳо изҳор доштанд, ки воқеан ҳам, имрӯз барои ҷомеа ошноӣ бо гирумони зарбдори кормандону мутахассисони «Роғун» муҳим ва рӯзмарра аст. Он, дарвоқеъ, набардгоҳи одаму кӯҳ, обу нур ва ақлу шуур аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед