мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАН И
1-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ҳар ду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид сохта, зикр намуданд:
-Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳамаи шаклҳо ҳавасмандем.
Аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амният изҳори қаноатмандӣ шуд.
Бояд гуфт, ки Чин мавқеи яке аз шарикони бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистонро устуворона нигоҳ медорад. Тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, тақрибан, ҳаштоду ду дарсад афзуда, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин замина, зарурати андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани суръати муқарраршудаи рушди тиҷорат ва пешбурди минбаъдаи он таъкид гардид.
Аз ин лиҳоз, ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин, баррасӣ карданд.
Ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ шуд.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоҳибон ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқуи сарварони давлатҳои ин Созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ, матраҳ гаштанд.
Зимни баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ, миёни мусоҳибон оид ба вазъи феълии Афғонистон ва дурнамои рушди он табодули афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2022 №: 148 Мутолиа карданд: 2467