logo

иқтисод

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ НИМ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андозҳо, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 101,6 дарсадро ташкил дода, ба буҷет 974,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 15,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба зиёд намудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳои бонкӣ, ки дар мулоқот бо фаъолони вилоят 24 феврал зикр гардид, ҳамкориҳо бо тамоми бонкҳо ва идораю ташкилотҳои қарзӣ тақвият ёфта, дар ин давра бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодиёт 1 миллиарду 327,5 миллион сомонӣ қарз равона намуданд, ки ба қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 121,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба соҳибкории истеҳсолӣ 518 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 46,5 фоизро ташкил медиҳад, - афзуд раиси вилоят. 
Ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025 таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, 368 лоиҳаро ба маблағи умумии 8,5 миллиард сомонӣ дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ тибқи натиҷаи мониторинги иҷрои Барнома, 79 лоиҳа ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ иҷро гардида, дар 100 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. 
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 135,6 миллион сомонӣ, буҷети вилоят 49,1 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 7,1 миллион сомонӣ, соҳибкорон, шаҳрвандон ва маблағҳои худӣ 389,7 миллион сомонӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ 1,1 миллиард сомонӣ иҷро гардидааст.
Тибқи нақша, давоми панҷ соли оянда дар вилоят то 700 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.
Соли равон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҶДММ “Ҷунтай - Данғара син силу текстил”, ҶДММ “Файзи Карим” ва “Чарми Данғара” (корхонаҳои матоъбарорӣ, рангубори матоъ, дӯзандагӣ, коркарди пашм, пӯст ва пойафзолбарорӣ), дар назди Корпоратсияи “Салтанат”-и шаҳри Левакант (корхонаҳои хиштбарорӣ, нӯшобаҳо ва коркарди мева) бо таъсиси 800 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамзамон, дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” ва “Элдорадо”-и шаҳри Кӯлоб (3 коргоҳ: сафолакбарорӣ, сангу шағал ва сангрезабарорӣ), ҶДММ “Амири Дил” (коргоҳи равғанбарорӣ ва собунбарорӣ), дар маҷмуъ, 9 коргоҳи иловагӣ бо 132 ҷойи корӣ бунёд шудааст. 
Саноатчиён дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 4 миллиарду 316  миллиону 227,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 635 миллиону 236,6  ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,5 дарсад таъмин намуданд.
Ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди корҳои ободонӣ тибқи нақшаи пешакӣ аз тарафи шаҳру ноҳияҳо то соли 2026 бунёди 6204 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи гузашта 317 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Соли равон дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҷиҳати дастгирии кормандони соҳаи илму маориф, аз ҷумла олимону устодон, аспиранту докторант ва унвонҷӯёну таҳқиқотчиён барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ мукофотпулии ҳавасмандсозӣ ҷудо гардид. Аз ин иқдом 26 нафар диссертант (2 доктори илм ва 24 номзади илм дар соҳаи илму маориф) ва 8 нафар роҳбарони илмӣ ҳар яке ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Ҳамзамон, ҳамасола барои дастовардҳои шоён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 60 нафар олиму устодони эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, барои хониши аъло ва эҷодкориву навоварӣ 60 нафар донишҷӯву хонандагони касбомӯзи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин, 70 хонандаи аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо ба стипендияи раиси вилоят сарфароз гардонда мешаванд.
Дар заминаи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм - фурӯғи маърифат” қарорҳои раиси вилоят тасдиқ гардида, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмуъ, 628 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 216 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни «“Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат» бошад, бо қарори раиси вилоят 237 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Вобаста ба дастгирии мутахассисони кордону роҳбарон аз ҳисоби бонувон дар вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки аз 253 ҳазору 283 нафар занҳои коргар, 13 ҳазору 861 нафараш дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунад. Ин рақам нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта 4 ҳазору 28 нафар зиёд мебошад.
- Ҳоло 6 вакили Маҷлиси намояндагон, 24 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 343 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот занони фаъоли хатлонӣ мебошанд, - идома дод раиси вилоят. - Дар ин муддат аз шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 9350 нафар, аз ҷумла 5555 духтар ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуда, 2562 духтар соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба ноҳияҳои худ барои фаъолият дар соҳаҳои гуногун баргашт. 252 ҷавондухтар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти босамар дорад.
Давоми шаш моҳи гузашта ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 22835 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат кард, ки аз онҳо 11347 зан мебошад. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 19164 нафар ҳамчун корҷӯ сабт шуда, бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 12803 нафар таъмин гардид. 
Инчунин, барои фарогирии ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат бо шуғли доимӣ, 24152 ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Аз ҷойҳои кории таъсис ва барқароршуда 10231 доимӣ, 6143 мавсимӣ, 7748 муваққатӣ ва 30 иловагӣ мебошанд. 
Дар ин давра 239 ярмарка бо пешниҳоди 2663 ҷойи кор гузаронда шуда, 3928 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 3143 нафар бо кор таъмин гашт. Инчунин, 4490 нафар ба касбомӯзӣ фаро ва 1215 кас ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1218,6 сомонӣ баробар шуд. 
Содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ яке аз заминаҳои асосии устувории иқтисодиёт маҳсуб мегардад. Бо назардошти ин, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 12407,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, содирот шуд. Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд 50398,5 тонна пиёз содирот гардида, содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят, дар маҷмуъ, 62588,2 тоннаро ташкил дод.
Бо таъсиси истеҳсолоти нав ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ низ тамоюли афзоишӣ дошта, дар ин давра аз вилоят ба маблағи 101 миллиону 742,7 ҳазор доллар маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 36,2 миллион  доллар ва ё 55,3 дарсад зиёд аст.
Истеҳсоли баъзе номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, аз қабили банду басти равғани муҳаррикҳои автомобилӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, матои тайёри пахтагин, трикотаж, матои рангкардашуда, либоси ҳарбӣ, тасма ва камарбанди ҳарбӣ, мизу курсиҳои филизӣ, истеҳсоли пойафзолҳои калону бачагона ва ҳарбӣ, маҳсулоти чармӣ, доруворӣ, зардолуи хушк ва баъзе намуди нӯшоба ба роҳ монда шуд.
Дар охири нишаст Қурбон Ҳакимзода ба як қатор рӯзноманигорони фаъоли расонаҳои хабарӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ба собиқадорони матбуоти тоҷик роҳхат ба осоишгоҳҳо тақдим кард.
 
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2022    №: 148    Мутолиа карданд: 641
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед