logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз дар маркази диққати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Маҳз бо мақсади таъмини рушду тараққиёти вилоят асри XXI – асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишвар “дарвозаи тиллоӣ”-и Тоҷикистон эълон гардида, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созанда амалӣ мегарданд.
 
Дар шароити кунунӣ таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла дар ВМКБ низ, аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя вобаста мебошад. Бинобар ин, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар вилоят тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд, ки дар натиҷа соли 2021 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят ба 6899,4 адад баробар гардид, ки ин рақам нисбат ба соли 2000-ум тақрибан 7 баробар зиёд мебошад. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар самти таъмини рушди соҳибкорӣ, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ–молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки солҳои охир дар вилоят вазъи пешниҳоди қарзҳои хурд аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ беҳтар гардида, дар даҳ соли охир ба 96 ҳазор ашхоси ҳуқуқиву воқеӣ беш аз як миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда ба вилоят дар ҳаҷми 94 483 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурду бузург дода шудаанд. Аммо, мутаассифона, қарзҳои дарозмуддат хеле кам буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии қарзҳои ҷудогардида 12,2 дарсадро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар доираи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули фаъолияти ин ниҳод, 29 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкории вилоят, асосан, ба корхонаҳои хурду миёнаи коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби субъектҳои соҳибкории вилоят қариб 700 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.
Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва сармоягузорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ менамояд. Мунтазам такмили заминаи қонунгузорӣ дар самти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ низ, такони ҷиддӣ бахшид. 
Бояд зикр намуд, ки ВМКБ, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ имкониятҳои зиёд дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташаббускориро талаб мекунад. 
Дар заминаи андешидани чораҳои зарурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2021, тақрибан 479 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра, истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,7 баробар, аз ҷумла гандум 2,6 баробар, картошка 3,2, сабзавот 3,8 ва мева 17 баробар зиёд гардидааст.
Мавриди зикри хос аст, ки дар вилоят барои тараққӣ додани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ имконияту захираҳо, аз ҷумла тавассути рушди соҳаи саноат, хеле зиёданд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 64 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.
Дар заминаи татбиқи раванди саноатикунонии босуръат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят мунтазам афзуда, соли 2021 305,8 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо соли 2020-ум 1,7 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалӣ гардида, инчунин, роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо сармоягузорону соҳибкорон имкон доданд, ки танҳо дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар ВМКБ ба 1,1 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2000-ум 21 баробар зиёд мебошад. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад.
Як нуктаи муҳимро бояд хотирнишон намуд, ки ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас дар вилоят дар баробари дигар омилҳо, маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ муяссар гардидааст.
Ҳарчанд ки дар нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гарданд ҳам, сифати рушди он бо назардошти имконияту захираҳои воқеии дар ҳудуди вилоят мавҷудбуда, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва дар ин замина, таъмини рушди устувори иқтисодиёт, имкониятҳои фаровони истифоданашуда мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- мавҷуд будани иқтидор ва имкониятҳои зиёд дар соҳаи саноат, махсусан саноати коркард (пашм, пӯст, меваву сабзавот, шир, гӯшт, гиёҳҳои шифобахш);
- мавҷуд будани захираҳои зиёди табиӣ. Мувофиқи омори расмӣ ҳоло дар ҳудуди вилоят 12 кон, 54 зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои ангишт, зуҳуроти ояндадори оҳан, манган, мис, тилло, нуқра, қалъагӣ, волфрам, ашёи гилхоки алюминийдор, металлҳои ранга, тахтасанги мармарӣ, инчунин, хок барои истеҳсоли хишт, семент, зуҳуроти ояндадори нуқра ва кони калонтарини ашёи боросиликат, намак, молибден, висмут, асбест, карамзит, ашё барои истеҳсоли оҳаксанг ва хоки омехтаи регу қум барои истеҳсоли шиша мавҷуданд;
- фаъолият намудани маркази соҳибкории Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор, инчунин Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят;
- фаъолият намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- шароити хуби иқлимӣ барои боғпарварӣ ва рустанипарварӣ, инчунин, чарогоҳҳои васеъ барои инкишоф додани соҳаи чорводорӣ; 
- имкониятҳои васеи рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла туризми кӯҳнавардӣ, пиёдагардӣ ва кӯҳию варзишӣ, сайёҳии экологӣ, дарёнавардӣ (рафтинг), парапланеризм, лижаронии кӯҳӣ, сайёҳии таърихию маърифатӣ ва этникӣ, сайёҳии тиҷоратӣ, шикори байналмилалӣ ва ғайра.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар ҳудуди ВМКБ тақрибан 100 ёдгории табиат маълум аст, ки дар байни онҳо миқдори зиёди ёдгориҳои геморфологӣ, яхшиносӣ, обшиносӣ, геологӣ мебошанд. Бисёре аз онҳо метавонанд мақоми байналмилалӣ гиранд, яъне дар ташкили хатсайри туризми байналмилалӣ истифода шаванд. Илова бар ин, дар вилоят зиёда аз 70 чашмаи минералӣ кашф шудааст, ки дар байни онҳо 28-тоаш гарм мебошад. Ҳамаи ин гуфтаҳо далели возеҳи имкониятҳои фарох дар самти ташкил ва рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Бешубҳа, истифодаи чунин имкониятҳо танҳо дар сурате метавонад имконпазир бошад, ки, агар фазои сулҳу оромӣ, хусусан, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар ин минтақа таъмин бошад. 
Набояд фаромӯш намуд, ки халалдор сохтани суботи сиёсӣ на танҳо сатҳи ҳавасмандӣ ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, балки ҷалби сармоя ва сайёҳонро, ки аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб мераванд, метавонад чандсолаҳо ба қафо партояд.
Махсус бояд таъкид намуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузорон, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидаанд.
 
А. И. ОДИНАЕВ, 
сардори раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2022    №: 148    Мутолиа карданд: 393
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед