logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бардошт аз Конфронси ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ
Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ва  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон дар шаҳри  Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.  Дар конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, донишмандону таҳлилгарон, адибон, бонувони фаъоли ҷомеа, ҷавонон, омӯзгорон ва ашхоси касбу кори гуногун ширкат варзида,  дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ» сухан ронданд. 
 
Мирзонабот  Алишер  Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чунин иброз дошт: «Ҷамъомади имрӯза идомаи мантиқии ташаббусҳои ваҳдатофаринӣ ва ваҳдатгароии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, барои пешбурди чунин аҳдофи бузург ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон комёбиҳо таманно менамоем, зеро маҳз бо ташаббуси бунёдгузори ин Ҳаракат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо аз банди ҳодисоти сангини таърихи муосир раҳоӣ ёфта, ба давлати  воҳиду рӯ ба рушд табдил ёфтааст».
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода зикр кард, ки баъд аз ҳазор сол миллати тоҷик ба истиқлолияти комил даст ёфта, бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати миллии худро бунёд намуд ва онро ба ҷомеаи мутамаддин муаррифӣ кард, ки чунин дастоварди азизу муқаддас моро узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ сохт. 
- Аслан, дар тули солҳои баъди  инқирози  ҳукмронии сулолаи Сомониён давлати тоҷикон аз байн нарафт, - зикр кард Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби   президенти  Академияи  миллии илмҳои  Тоҷикистон,- балки дар  ин давлат бегонагон бар сари ҳокимият омаданд. Ҳарчанд забон ва дигар рукнҳои давлатдории тоҷикон баъди Сомониён ҳам вуҷуд доштанд, идораи давлат ба дасти ғайритоҷикон буд ва онҳо  пеши роҳи ривоҷи суннатҳои миллиро мегирифтанд. Танҳо ба шарофати  Истиқлоли комили давлатӣ ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар  авохири асри  гузашта намояндаи  миллати тоҷик, фарзанди барӯманди диёр муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият омад ва ин миллат минбаъд  тақдири худро худ соҳиб гашт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам гуфт, ки Бадахшон бо кӯҳҳои баланду мардумони нозанинаш нигини дурахшони тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳон аст ва халқи асилу фарҳангпарвари он дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар паҳлуи Пешвои миллат истода, дар пешрафти ҷомеа ва шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузоштанд. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ҳамеша нақши фаъолу созандаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъкид мекунанд, ки  ин шарафи бузург ва мояи ифтихор аст.   
Дар бахши дувуми конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ», ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Амид Комилбек дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ Ҳоким Қаландариён дар мавзуи «Вафодорӣ ба Пешво - унсуре аз ҳувияти тоҷикӣ», роҳбари бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар мавзуи  «Саҳми Пешвои миллат дар рушди адабиёти муосир» баромад карданд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2022    №: 148    Мутолиа карданд: 455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед