logo

иҷтимоиёт

БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. АЗ ТОҶИКИСТОН КАДОМ ВАРЗИШГАРОН ШИРКАТ МЕКУНАНД?

Пас аз як ҳафта дар шаҳри Кунияи Туркия V Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (9 – 18 август) бо ширкати беш аз 3000 варзишгар аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ оғоз мегардад.
Тибқи барномаи бозиҳо, қувваозмоиҳо аз рӯи 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпарронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквондо, волейбол, варзиши вазнин, гӯштӣ ва камонварии анъанавӣ сурат мегирад. Ҳамчунин, дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мешаванд.
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, аз Тоҷикистон 64 нафар (47 варзишгар) ба Куния сафарбар мегардад. Варзишгарони мо дар ҳашт намуди варзиш – варзиши сабук (Илдар Аҳмадиев (100м; ҷаҳиш ба дарозӣ), Фаворис Музрапов (100м; 200м), Александр Пронженко (200м; 400м), Леонид Пронженко (110м бо монеаҳо; 400м бо монеаҳо), Салим Саидалиев (ҷаҳиш ба баландӣ; ҷаҳиши секарата), камонварӣ (Роберт Нам, Дилноза Аҳмадова, Фирӯза Зубайдова), ҷудо (Аҳлия Муъминова, Шоҳида Қаландарова, Мавлуда Одинаева, Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Абубакри Акобир, каратэ (Санобар Сатторова, Муҳаммад Тешаев, Асадбек Фаттоев, Фаррухҷон Раҳимов, Доменко Тимур, тенниси рӯи миз (Убайдулло Султонов, Афзал Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Исмоилзода, Некрӯз Одинаев, Иноятулло Раҳмонзода, Динара Исмоилова, Екатерина Ишенко), таэквондо (Муниса Ойматова, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов), варзиши вазнин (Илҳомҷон Шукуров), гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ (Ватансултон Шакаршоева, Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Ҷамшед Шарифов, Ғуломҷон Шарипов, Сомон Икромов, Раҳмон Маҳмадбеков, Аслам Азизов, Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов, Суҳроб Абдулҳаев, Бахтовар Ҳасанов, Мирзоамин Сафаров) қувва меозмоянд. 
Лозим ба ёдоварист, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор сол як маротиба мегузаранд. Варзишгарони тоҷик дар бозиҳо 6 медал (як тилло, як нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Медали тиллоро Дилшод Назаров, нишони нуқраро Насҳиддин Ворисов (2005, Арабистони Саудӣ) гирифтаанд. Соҳиби 4 медали дигар Наврӯз Арабов (ду нишон), Абдуалӣ Назаралӣ ва Исмоил Сангов (2017, Озарбойҷон)  мебошанд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2022    №: 148    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед