Хабарҳо
ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН
Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронда мешавад. Дар ин бора Маркази миллии тестӣ хабар дод.
Довталабон бояд муассисаи таълимиро дуруст интихоб созанд, зеро ҳангоми тақсимот онҳо аз рӯйи холҳои гирифташуда ба гурӯҳи ихтисосҳои аз нав интихобшуда дохил мешаванд. Қоида ба довталабоне дахл дорад, ки аз интихоб гузаштаанд, вале аз сабаби зиёд будани талабот ба таълим аз рӯйи ин ихтисос холи кам гирифтаанд.
Ин навбат донишҷӯёни ояндаро ба самтҳое ҷудо мекунанд, ки аз тарафи шумораи камтари довталабон интихоб карда шудаанд.
Барои иштирок дар озмуни интихобӣ довталабон бояд дар рӯзҳои эълоншуда ба нуқтаи бақайдгирӣ омада, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расиди пардохти маблағи иловагӣ аз нав сабти ном шаванд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни тақсимоти такрорӣ ба донишгоҳҳо бо ёрии барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, аз ин сабаб, омилҳои мухталиф наметавонанд ба ин раванд таъсир расонанд, яъне имконоти тақаллуби натиҷаҳо истисност.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7533