logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсиси Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ, ноҳияи Хуросон, 2 августи соли 2022

Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозон!
Ҳамаи шумо – фарзандони далеру шуҷои Ватани маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи десантчиён ва 25-солагии таъсиси Бригадаи 7-уми десантӣ самимона табрик мегӯям. Десантчиёни тоҷик ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишварамон ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки таърихномаи на чандон тулонӣ, вале пур аз саҳифаҳои шуҷоату далерӣ доранд, фаъолияти худро соли 1993 дар марҳалаи ниҳоят мураккаби давлатдории навини халқи тоҷик ҳамчун ниҳоди асосии ҳимоякунандаи сохти конститутсионӣ ва таъминкунандаи тамомияти арзии мамлакат оғоз кардаанд. 
Мо хуб дар ёд дорем, ки қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ барои таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонд, то ин ки Артиши миллӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба неруи воқеан муосир ва ҳомии истиқлолу озодии давлати тоҷикон, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик табдил дода шаванд.
Неруҳои десантӣ дар ибтидо ҳамчун баталёни алоҳида ташкил карда шуданд ва баробари фароҳам гардидани имконият дар заминаи ин баталён Бригадаи 7-уми алоҳидаи ҳамлаовари десантӣ дар ҳайати панҷ баталён таъсис дода шуда, бо техникаи ҷангӣ ва силоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид ва ба ҳайати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил карда шуд. Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 95 фоизи афсарони бригадаи мазкурро мутахассисони сатҳи баланди касбӣ – хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ташкил менамоянд.
Ба зиммаи бригада иҷрои вазифаҳои махсусан муҳими ҷангӣ вогузор гардидаанд, яъне десантчиён вазифаҳои вазнин, махсусан муҳим ва масъулиятнокро ба уҳда доранд. Бо дарназардошти ин ва барои дар шароити кӯҳӣ омода намудани десантчиён, дар мавзеъҳои гуногуни кишвар машқгоҳу марказҳои таълимӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва инфрасохтори муосир ташкил карда шудаанд, ки ҳоло десантчиён дар онҳо малакаву маҳорати худро дар самти анҷом додани амалиёти ҷангӣ дар шароити гуногун, аз ҷумла дар минтақаҳои душвору баландкӯҳ, сайқал медиҳанд.
Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат то ба имрӯз содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷасорату корнамоиҳои зиёд нишон додаанд.
Афсарону сарбозони далеру шуҷои Бригадаи десантӣ тайи бисту панҷ соли мавҷудияти ин сохтори низомӣ дар бисёр амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки бо дасисаву дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанд вазъи кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд, қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карданд. Дар ҷараёни муҳорибаҳо ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ даҳҳо нафар афсарону сарбозони неруҳои десантӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёди мо фаромӯш нахоҳад шуд.
Ҳукумати мамлакат хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Бригадаи десантиро ҳамеша қадр мекунад ва то ба ҳол зиёда аз 40 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Хотирнишон менамоям, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла десантчиёни далеру шуҷоъ, ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.
Хусусан, вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд. Бахусус, десантчиён бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда, рисолати муқаддас ва масъулияти махсус мебошад.
Шумо – афсарону сарбозони шуҷои Ватан бояд ба хотири иҷрои масъулият ва вазифаи худ, пеш аз ҳама, интизоми қатъии низомӣ ва риояи бечунучарои талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъмин намоед ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон доим омода бошед.
Бори дигар ҳамаи шумо – десантчиёни далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони Ватани азизамонро ба ифтихори 25-умин солгарди таъсиси Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ ва Рӯзи десантчиён самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи хизмати бошарафатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2022    №: 149    Мутолиа карданд: 2378
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед