logo

иҷтимоиёт

ПАРЧАМБАРДОРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022, № АП – 227, “Дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии "“Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”" ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Таълиф ва интишори шоҳасари безаволи «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» (нашриёти «Наука»-и Маскав, соли 1972, ба забони русӣ)-ро метавон ҷасорат,  матонат, фидокорӣ ва корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳимоя, поягузории истиқлоли маънавӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва истиқлоли воқеии имрӯзаи тоҷикон номид.
Бобоҷон Ғафуров дар ин асари худ қариб тамоми натиҷаву дастовардҳои илми таърихнигорӣ ва ховаршиносии шуравӣ ва ҷаҳониро то ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.
«Тоҷикон» дар ҳаёти илмии мамлакат падидаи нодир гардида, дар саҳифаҳои рангини илми таърихнигорӣ, ховаршиносии шуравӣ,  ватанӣ ва хориҷӣ бо ҳарфҳои зарин сабт шуд. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби доираҳои маъруфи илмии шуравӣ ва хориҷӣ эътироф гаштани маҳсули меҳнати олими маъруфи тоҷик буд. Ба он бостоншиносон, муаррихон, шарқшиносони номии шуравӣ тақриз навишта, баҳои баланд додаанд.
«Тоҷикон» дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, ховаршиноси машҳури амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Ҳардвард Ричард Фрай ва шарқшиноси чех Иржи Бечка заҳмати олими тоҷикро баланд арзёбӣ намудаанд.
Тарҷумаҳои порчаҳои алоҳидаи «Тоҷикон» соли 1977 дар маҷаллаи «Шаҳроҳи абрешим» (Ҷопон), соли 1978 дар Варшава (Полша), соли 2006 дар Деҳлӣ (Ҳиндустон, ба забони англисӣ, ду ҷилд) ба табъ расиданд. Соли 1984 бошад, бо ҳуруфоти арабиасос дар Кобул (Афғонистон) нарш шуд. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин асари мондагор соли 1998 ба истиқболи 1100-солагии Давлати Сомониён ва 90-солагии зодрӯзи академик бо ҳуруфоти кириллӣ ва арабиасоси тоҷикӣ, соли 2008 бахшида ба 100-солагии аллома ва соли 2011 ба муносибати Ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатӣ ба забони англисӣ дар тарҷумаи олими намоён, профессор Парвона Ҷамшедов аз рӯи матни русии китоб аз нашр баромад.
Қобили зикр аст, ки шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри русии он (1972) 11 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидааст, ки далели маҳбубтарин ва серхонандатарин будани ин асари нодир маҳсуб ёфта, дар байни асарҳои таърихӣ назир надорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки “таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ, худогоҳӣ мебошад. Ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшон, қаҳрамонию диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун ғояи ватандӯстию садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.
Сарвари давлат ҳамон вақт ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуда, то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тақдим гардад. Ва он соли 2020 бо сарсухани пурмуҳтавои Президенти мамлакат “Шиносномаи миллат” бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха бо сифати баланд нашр гардида, марҳила ба марҳила дастраси ҳар як оилаи тоҷикистониён шуд.
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, № АП – 227, “Дар бораи соли 2023 баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии "“Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат"" ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иқдоми навбатии наҷибу хирадмандонаи Пешвои миллат ва идомаи мантиқии иқдоми Сарвари давлат дар амри арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқи корнамоиҳои ниёгонамон, таҳкими ҳисси худогоҳӣ, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳофизаи таърихӣ ва гиромидошти номи ин абардмарди таъриху тамаддуни тоҷикон маҳсуб меёбад.
Маҳз барои чунин фидокорӣ, ҷоннисорӣ, саҳми арзандаву шоён, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамин тавр, аллома Бобоҷон Ғафуров бо тамоми осори пурарзиши илмиаш марбут ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ва, албатта, бо асари гаронсанги худ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва хосатан бо гули сари сабади мероси пурбаракаташ – «Тоҷикон» поягузор ва машъалафрӯзи таърихи миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
 
Шавкат ШАРИФОВ, 
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2022    №: 149    Мутолиа карданд: 408
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед