logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҶЛИЛИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ БРИГАДАИ ҲАМЛАОВАРИ ДЕСАНТИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

 
2 август дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо техникаҳои вазнини ҷангӣ, афсарону мутахассисони варзидаи низомӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хислатномаи тактикиву техникии мошинҳои ҷангии “Ураган”, артиллерияҳои худгард, техникаҳои махсуси муҳандисӣ, таҷҳизоти гуногуни минаҷӯйӣ, минамёт ё худ тӯпҳои қутрашон гуногун, системаи вазнини оташандозии “ТОС – 1А”, автомашинаҳои махсуси сайёр, ки бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳазанду дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулода метавонанд фавран ба мавзеу минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбанд ва рафти амалиёти ҷангиро идора намоянд, инчунин, оид ба мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ ва махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ ва воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, маълумот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷиҳати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нонпазхона ва ошхонаи саҳроӣ, ки дар як гӯшаи дигари машқгоҳи Фахробод ба таври намунавӣ ташкил гардидааст, дидан намуданд. Дар ин ҳудуд ҳаммом, мавзеъҳои махсус ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти ҷомашӯйӣ, тамйиз кардани сарулибос ва ҷиҳози хоби ҳайати шахсӣ низ мавҷуданд.
Дар ҳамин ҷо автомашинаи махсуси нуқтаи идоракунии ақибгоҳӣ муаррифӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод теъдоди муайяни як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешавад. Машқгоҳ ҳамчун маркази таълимӣ низ барои тайёр намудани десантчиёни ҷавон истифода мегардад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2018 ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди машқгоҳи низомии Фахробод бинои муҷаҳҳази нави таълимии ҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бино аз иншооти гуногуни ёрирасон иборат буда, бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ сохта шуд. Бинои дуошёна дар масоҳати 1260 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 300 нафар ҳайати шахсӣ пешбинӣ гаштааст ва дар дохили иншоот тамоми шароити муосири таълимӣ ва хизмативу маишӣ фароҳам мебошад.
Ошёнаҳои якум ва дуюми бино аз ҳуҷраҳои махсуси дастурдиҳандагону корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ҳуҷраи нигаҳдории аслиҳаи оташфишон ва нуқтаҳои ёрирасон иборат аст.
Ҳамзамон, дар  паҳлуи бинои мазкур ошхонаи кушоду барҳаво, ки дар як вақт имкон дорад 200 нафарро қабул намояд, бунёд ёфт.
  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозирамони ҷангӣ ва чанд бинову иншооти ёрирасон, ба маркази баргузории чорабинӣ, ки машқҳои махсуси тактикӣ ва гузашти низомӣ пешбинӣ мешавад, ташриф оварданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон командири Бригадаи ҳамлаовари десантӣ полковник Абдулмумин Асозода доир ба ташкилу баргузории чанд унсури зиддитеррористӣ гузориш дод.
Бояд гуфт, ки дар машқҳои махсуси тактикӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси муосири зиреҳдор, чархболҳои МИ – 8, МИ – 24, ҳавопаймоҳои ҷангиву таълимии Л – 39, АН – 2, силоҳу муҳимоти муосири низомӣ ва дигар силоҳҳои ҳозиразамони оташфишон истифода шуданд.
Дар машқҳои махсуси тактикӣ тарзи ташкил ва тарҳрезии амалиёти десантчиён, бурдани разведкаи заминиву фазоӣ, интиқоли қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои баталёнӣ-тактикии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба минтақаи иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, бо тактикаву усулҳои хос тасарруф ва нобудсозии пойгоҳҳои террористӣ, тавассути чархболу ҳавопаймоҳо дар баландиҳои гуногун ва талу теппаҳои ноҳамвор бо усули ҷаҳидану тариқи парашутҳо ба ақибгоҳи душман фуруд омадани десантчиён, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона таъмини ҳайати шахсӣ бо воситаҳои моддиву техникӣ, торумор намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва дигар унсурҳои зиддитеррористиро иҷро намуданд.
Зимни анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ, инчунин, дар назди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокчиёни ин чорабинии ҷашнӣ, маҳорати касбӣ ё худ омодагии десантчиён дар задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ низ намоиш дода шуд.
Ин таҷриба имкон медиҳад, ки бо теъдоди ками ҷузъу томҳо гурӯҳҳои зиёди душманро дастгиру безарар кард.
Қобили зикр аст, ки Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, яке аз неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ як қатор уҳдадориҳои муҳимро доро мебошад. Аз ҷумла, се баталёни десантӣ аз ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати неруҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Бригадаи десантии он бошад, пурра ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомиланд.
Давоми бисту панҷ соли мавҷудият, десантчиёни тоҷик дар ҳамоҳангӣ бо дигар воҳидҳои таъйиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат борҳо дар амалиёти мухталифи ҷангӣ иштироки фаъолона карда, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуданд. 
Дар баробари дигар ҷузъу томҳои Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, як ҷузъи ин баталён омодагии махсуси фуруд омаданро бо парашутҳои варзишӣ гузаштанд, ки маҳорати онҳо дар иди касбии десантчиён намоиш дода шуд.
Десантчиёни тоҷик ва парашутчиёни Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”-и мамлакат аз ҳавопаймо ва тавассути парашутҳои варзишӣ бо Парчами давлатӣ, байрақи ҷангӣ ва ливои хоси десантчиён аз баландии 1200 метр ба маркази майдони чорабинӣ фуруд омаданд.
Баъд аз анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ ва дигар бахшҳои ин чорабинӣ, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, дар маркази майдони машқгоҳи ҳарбӣ саф оростанд.  
Баъди садо додани Суруди миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
Пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат, бо амри командири Бригадаи  ҳамлаовари десантӣ ва таҳти созу навои оркестри ҳарбӣ - нафасӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳайати Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои зудамали ҷумҳурӣ ва, умуман, дар сафи Артиши миллӣ ҳарбиёни қавииродаву ватандӯст хизмат мекунанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу бум ва ҳимояи ҳар зарра хоки поку муқаддаси сарзамини аҷдодӣ доимо омодаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2022    №: 149    Мутолиа карданд: 997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед