ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ЗАМИН
Ишғоли худсарона боиси ҷавобгарӣ ва ҷазо шуд
Сокини ноҳияи Ёвон Каврак Кокулов барои ғасби худсаронаи қитъаи замин ва бунёди манзили истиқоматӣ дар он ҷазо дода шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, номбурда бе қарори Мақомояти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор, аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда 0,08 гектар қитъаи заминро худсарона ғасб карда, дар он манзили истиқоматӣ сохтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, аз тарафи прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат ба Каврак Кокулов бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди ноҳия ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 12800 сомонӣ ҷарима шуд.
ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ
Ҷавобгарии назоратчӣ барои қонуншиканӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Зоҳирҷон Солиевро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат, бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии ӯро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба З. Солиев бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ, бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва истифодаи мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
ДУЗДӢ
Боздошти марде, ки ба як корхона 27500 сомонӣ зарар овард
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе мардеро ба гумони дуздӣ дастгир карданд, ки аз як корхона ба маблағи 27500 сомонӣ ашёи компютериро рабудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, аз боздоштшуда марди 29-сола ном бурдааст. Тибқи иттилои манбаъ, шахси гумонбар, сокини шаҳри Душанбе буда, 23 июли соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи “Дизайнер”, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт даромада, лавозимоти компютериро дуздидааст, ки ҳоло дар робита ба ин амал тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2022 №: 149 Мутолиа карданд: 2675