logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба, тарғиби имконоти сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. 
 
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, сафоратхонаҳои муқими Душанбе, коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷии кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доштанд. 
Қабл аз оғоз иштирокдорон аз намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ дидан намуданд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории форум муаррифии мавзеъҳои шифобахшӣ - истироҳатии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо мебошад. Дар кишвар якчанд осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо фаъолият менамоянд, ки дар онҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст. Маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имконоти обию сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд. 
Котиби якуми Сафорати Россия дар Тоҷикистон Олег Илишев дар ҷараёни ҳамоиш зикр намуд: «Баргузории Форум имкон медиҳад, ки мо бо якдигар мубодилаи афкор намуда, аз имконияти сайёҳии якдигар бохабар гардида, ҳамкориро густариш диҳем, зеро имрӯз соҳаи сайёҳии ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ ба муаррифӣ ва ҳамкорӣ ниёз дорад». 
Дар идомаи Форум аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳаи об дар мавзуи «Обҳои шифобахши мамлакат – омили ҷалби сайёҳон» маърузаҳо ироа гардиданд. Дар анҷом миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳӣ дар минтақа мусоидати  ҳамаҷониба менамояд. 
Дар доираи  Форум бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои  ҳамдигар миёни субъектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ ва кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон 32 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки минбаъд дар доираи онҳо равуои сайёҳон тавассути ин ширкатҳо ба кишварҳои ҳамдигар зиёдтар хоҳанд шуд.
Баъди анҷоми Форум дар шаҳри Ҳисор ҳайати намояндагони ширкатҳои хориҷӣ бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз вазъи сайёҳии кишвари мо ва шиносоӣ бо гӯшаҳои зебои диёр ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз ангурбоғи «Сомон» дидан карданд. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7149
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед