logo

иқтисод

ПӮСТИ ЧОРВО. ЧАРО МИЛЛИОНҲО СОМОНИРО БА ПАРТОВГОҲҲО МЕПАРТОЕМ?!

Ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, як пӯсти босифати чорвои калон (буққаи зотӣ)  ҳамагӣ 300 сомонӣ арзиш дорад. Аммо  тибқи гуфтаи мутахассисон, аз пӯсти чорвои калон дар хориҷи кишвар то 8 ҷуфт пойафзоли чармии баландсифат омода мегардад, ки арзиши маҳсулоти ниҳоии он бештар аз арзиши худи чорвои мо  мешавад. Пас чаро таассуф нахӯрем, ки ҳазорҳо метри мураббаъ пӯсти чорвои забҳшудаи аҳолии кишвар бо арзиши паст ба мамолики дигар  содир шуда, маҳсулоти дар хориҷ омодашуда боз бо нархи гарон ба мамлакати мо интиқол меёбад?! 
Ба иттилои Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки кишвар, танҳо дар шашмоҳаи соли равон 2 221 тонна пӯсти чорво ба маблағи 2066 ҳазор доллари ИМА ба хориҷа ҳамчун ашёи хом содирот гаштааст. Аммо тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, давоми шаш моҳи соли равон ҳамагӣ 404 ҳазор дона пӯсти чорво коркард шудааст. Агар як дона  пӯсти чорворо шартан 1 килограмм ҳисобем, миқдори коркардшудаи он дар дохили ҷумҳурӣ 404 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба 2221 тонна пӯсти дар ин муддат содиротгардида хеле кам аст. 
- Коркарди пӯст аз лиҳози фоидаи иқтисодӣ ва маҳсулоти воридотивазкунанда аҳамияти зиёд дорад. Агар як дона пӯсти босифати чорвои калон ҳамагӣ то 300 сомонӣ фурӯхта шавад, дар натиҷаи коркард арзиши он  6 маротиба зиёд мегардад. Феълан, дар кишвар 4 корхонаи  коркарди пӯст - “Сомон Чарм” дар шаҳри Гулистон, “Матинчарм”, “Тоҷикинтиқол”, ҶДММ “Чарм” дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Ҳамчунин, 15 коргоҳи дигар пойафзол истеҳсол менамояд. Дар шашмоҳаи соли равон корхонаҳои мазкур 404 ҳазор дона пӯстро коркард намуданд, ки аз пешрафти соҳа дарак медиҳад.  - изҳор дошт Абдуррауф Пӯлодов, муовини сардори раёсати саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нав. 
 Ҳарчанд аз 4 корхонаи коркарди пӯст ном бурда мешавад, натиҷаи кор чашмрас нест. Ҳамоно маҳсулоти онҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои ҷумҳурӣ кам ба назар  мерасанд, зеро  “он чи дар дег бошад, дар кафлез мебарояд”. Ҳисоботи Вазорати саноат ва технологияҳои нав мақоли  “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!”-ро мемонад. 
Ба гуфтаи Абдуррауф Пӯлодов, соли рафта зиёда аз як миллион пойафзоли гуногун, аз ҷумла 310 ҳазор ҷуфт чармӣ, истеҳсол шудааст. Лекин талаботи солонаи аҳолии мо ба пойафзол зиёда аз 50 миллион ҷуфтро ташкил медиҳад. 
Сабаби самаранок истифода нашудани ҳазорҳо метри мураббаъ пӯсти чорворо дар мамлакат собиқадорони саноати сабук, асосан, ба набудани технологияи коркарди пӯст ва мутахассисони замонавӣ дар ин самт рабт медиҳанд. 
Чунончи, Толибҷон Эргашов, ходими калони илмии Институти чорводорӣ ва чарогоҳҳои АИКТ, изҳор дошт, дар ҳолати истифодаи технологияҳои нав дар коркарди пӯсти чорво имконият медиҳад, ки аз як дона чарм то чор қабат пӯсти коркардшуда гирифта шавад. 
- Масалан, бо истифода аз технологияи истеҳсоли Италия аз як пӯсти чорво 4 қабат пӯсти коркардшуда барои тавлиди маҳсулоти чармӣ омода мегардад. Аммо барои мо ҳадди ақал то ду қабат пӯсти чорворо коркард кардан мушкил аст, - изҳор дошт ӯ. 
Ба иттилои Абдуррауф Пӯлодов, танҳо ҶДММ “Чарм” бо технологияи навин  муҷаҳҳаз  буда, дар он коркарди чарм то тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2021 корхонаи мазкур аз коркарди 29 ҳазор дона пӯсти чорво 6 миллион детсиметри мураббаъ маҳсулоти чармӣ истеҳсол намуд. Вале корхонаҳои боқимонда пӯсти чорворо фақат ба шакли маҳсулоти нимтайёр омода мекунанд. Аз ин бармеояд, ки барои таъмини талаботи аҳолӣ бо пойафзоли чармӣ ҳиссаи истеҳсоли дохилӣ хеле ночиз мебошад. 
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттилоъ доданд, талаботи солонаи аҳолӣ танҳо ба пойафзол 50 миллион ҷуфтро ташкил медиҳад ва ҳаҷми истеҳсоли дохилӣ 1,2 миллион ҷуфт мебошад. Аз ин 310 ҳазор ҷуфт ё тақрибан 25 дарсад чармист. Бо сабаби норасоии маҳсулоти худӣ,  ҳамасола ба кишвар ба маблағи 10 миллион доллари ИМА пойафзолҳои рангорангу гуногунтамға ворид мегарданд. Ҳол он ки на ҳамаи пойафзоли воридшуда чармист. Пойпӯшҳои чармӣ аз намудҳои дигари он бамаротиб гарон асту воридоти ҳадди ақал 10 миллион ҷуфти он даҳҳо миллион долларро ташкил хоҳад дод. Вале манбаи ҳамин даҳҳо миллион доллар даромад – пӯсти чорворо аз камҳавсалагию бепарвоӣ ба  партовгоҳ ва  соҳили дарёву ғорҳо мепартоем. Зеро тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон соле, дар маҷмуъ, беш аз миллион чорво забҳ мешавад, вале  аз самари коркарди пӯсти онҳо дар бозорҳои дохилӣ қариб дараке нест. Вақте дар ҷумҳурӣ беш аз миллион дона пӯст истеҳсол мегардаду аз он ҳамагӣ 29 ҳазор дона  то маҳсулоти ниҳоӣ коркард мешавад, магар ин нишони ноуҳдабароии масъулони соҳаи саноат  нест? 
Фаъолияти ҶДММ “Чарм” - ягона тавлидкунандаи маҳсулоти босифати чармӣ шаҳодат медиҳад, ки аз пӯсти чорвои камарзиши аҳолӣ тавлид намудани пойафзолу дигар маҳсулоти чармии баландсифат дар кишвар имкон дорад. Аммо ҳеҷ нест, ки шумораи чунин корхонаҳои ватанӣ  аз як бештар шавад. Шояд роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав барномаҳои соҳавию нақшаи чорабиниҳои коркарди пӯстро дорад.  Вале мо интизори посухи Вазорат бо натиҷаҳои воқеӣ дар ҷодаи коркарди пӯст то маҳсулоти ниҳоӣ  ҳастем...   
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2022    №: 150    Мутолиа карданд: 831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед