logo

иҷтимоиёт

ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА: «ҲАҶМИ НАФАҚА АЗ МАОШ ВОБАСТА АСТ»

Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши зиёд гирад, ба ӯ ҳамон қадар бештар нафақа таъин мешавад. Барои гирифтани нафақаи зиёд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар низоми таъини нафақа дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва рақами мушаххаси суғуртавии шахс ворид мешавад. Ин барнома тамоми давраи фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақаро таъин мекунад. 

Оид ба шарҳу тавзеҳи тартиби таъини нафақа ва масъалаҳои ба он алоқаманд Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш бинобар сабаби он, ки андозаи нафақаҳо дар асоси ҳаҷми миёнаи музди меҳнати ду соли охир бо фоиз ҳисоб карда мешуд, нафақаҳои нисбатан баландро кормандони соҳаи бонк мегирифтанд. Аммо ин тартиб дар натиҷаи такмилу рушди қонунгузории соҳа аз байн рафт. Ҳоло ҳаҷми каму зиёди нафақа вобаста ба чӣ қадар будани маош ва андозаи пардохти суғуртаи иҷтимоӣ муайян мешавад. 

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ ҲУҚУҚИ НАФАҚА ГИРИФТАН ДОРАНД
Ба гуфтаи номбурда, дигар самти муҳими фаъолияти Агентӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар дар соҳаи таъмини нафақаву суғуртаи иҷтимоӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳа аст. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқ намудани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки соли гузашта ба имзо расид, дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ҷониби Россия лоиҳаи Созишномаи маъмурӣ омода гардида, ҳоло дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо қарор дорад. Тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия расман ба фаъолият машғуланд, ҳуқуқи нафақа гирифтанро доранд. Созишнома имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳисоб кардани андозаи нафақа собиқаи корӣ ҳам дар Россия ва ҳам дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Агар қисми собиқаи кории муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузашта бошад, Тоҷикистон низ нафақа муайян мекунад. Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар доираи созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, вусъат ёфт. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 6548 дархост оид ба муайяну тасдиқ намудани давраҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва мавҷудияти ҳуқуқ ба таъини нафақа ворид гардид, ки, асосан, дархосту мактубҳо аз Федератсияи Россия мебошанд. То охири моҳи июни соли равон ба 3597 дархост ҷавоб гардонда, 2951 дархости воридгардида дар коркарданд. Оид ба иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз якуми октябри соли гузашта вобаста ба талаботи моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда» таҳия шуда, пас аз мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Тамоми сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати аз якуми июли соли равон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 дарсад аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд намудан, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардаанд ва ҳоло бозҳисобии нафақаҳо ҷараён дорад. 

ТЕЪДОДИ НАФАҚАГИРОНИ МАЪЮБ АФЗУД
Дар ҷумҳурӣ то моҳи июли соли равон шумораи нафақагирон ба 761 312 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 527 нафар зиёд аст. Ба ҳисоби миёна, ҳаҷми нафақа дар як моҳ 320,09 сомониро ташкил медиҳад. 
Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод, ки ҳоло аз шумораи умумии нафақагирон қариб 200 ҳазор нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли сипаришуда 2273 кас бештар аст. 

37 ШАҲРУ НОҲИЯ НАҚШАИ ВОРИДОТИ АНДОЗИ ИҶТИМОИРО ИҶРО НАКАРД
Мувофиқи маълумот, дар нимсолаи якуми соли равон ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба ҷойи 1721,9 миллион сомонии нақша 1665,7 миллион сомонӣ (96,7 дарсади нақша) маблағ ворид гардид. Тибқи таҳлилҳо, 37 шаҳру ноҳия нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таъмин карда натавонист, ки дар натиҷа ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 56,2 миллион сомонӣ ворид нашуд. Бо назардошти ин, барои маблағгузории саривақтии нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ 317 миллион сомонӣ ҷудо ва пардохт шуд. 
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта Агентӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, дуруст ба ҳисоб гирифтани манбаъҳои андозбандӣ боназардошти  андози иҷтимоӣ ва ғанӣ гардондани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоию  нафақа ҳамкорӣ карда, тадбирҳои заруриро меандешад.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ 28 июли соли равон супориш доданд, ки вазорату идораҳои масъул дар самти ҷамъоварӣ ва пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои воқеии даромад, коҳиш додани бақияпулиҳои мавҷуда пайваста корбарӣ намуда, воридоти саривақтии андози иҷтимоиро аз корхонаву ташкилотҳои фаъолияткунанда таъмин намоянд. 
Дилмурод Давлатзода гуфт, ки сабаби асосии иҷро нагардидани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо қарздорӣ ё қафомонии пардохти музди меҳнат аст. Андози иҷтимоии аз он ҳисобишуда сари вақт пардохт нагардидааст. Инчунин, яке аз омилҳои таъсиррасон ба таври пурраю фарогир андозбандӣ нагардидани кормандон дар бахши хусусӣ, алалхусус соҳаи сохтмону хизматрасонӣ, мавҷуд будани ҷойҳои кории холӣ (вакант) дар соҳаҳо  мебошад. 
Мушкили мазкур дар самти маблағгузории пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Боз як мушкилие, ки ба паст гардидани самаранокии фаъолияти раёсату шуъбаҳои Агентӣ  дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо оварда расондааст, фарсудаю корношоям шудани бештари таҷҳизоти компютерӣ (компютер, серверу принтерҳо) аст, ки бо назардошти дар соли ҷорӣ гузарондани хароҷоти нигоҳдории сохторҳои Агентӣ аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ имкониятҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ҷиҳати сари вақт харидану таъмир намудани воситаҳои техникӣ маҳдуд гардондааст.
- Дар нимсолаи дуюми соли равон Агентӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, пардохти саривақтии нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ, инчунин, идома додани ислоҳоти соҳа тавассути рушд ва такмили низоми қонунгузорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад, - гуфт Дилмурод Давлатзода.                                      

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2022    №: 150    Мутолиа карданд: 757
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед