logo

иҷтимоиёт

ХОРУҒ. БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛ ЧУН РӮЗ РӮШАН МЕШАВАД

Тибқи супориши роҳбарияти олии кишвар, бо мақсади вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳбарони вазорату кумитаҳо ва идораҳои ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят муваззаф шудаанд. Аз ҷумла, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар ин самт сарпарастии маркази  маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро ба зимма дорад. 
 
Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус рушди босуръати саноатикунонии вилоят ва сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Кабир аз иншооти сохташавандаи шаҳри Хоруғ дидан кард. Ӯро раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси шаҳр Ризо Назарзода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар зимн, мулоқоти Шералӣ Кабир ва Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо соҳибкорони вилоят доир гардид. Ҳадафи вохӯриро раиси вилоят дар ҳамкории тарафайни минбаъда баҳри ободонии ин гӯшаи диёри нозанин, дастгирии бахши хусусӣ, амалисозии лоиҳаҳои ҷадид дар самти рушди саноат, мусоидат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва вусъати раванди рақобати солим дар истеҳсолот маънидод намуд.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр намуд, ки Хоруғ шаҳрест бо табиати пурасрор ва обу боду хоки мусоид диққати ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб намудааст ва месазад, ки бо меҳнату заҳмати хеш онро  зеботару ҷолибтар созем. - Ҳадафи мо - зикр кард раиси вилоят, - он аст, ки ба марҳилаи нави рушди минтақа такони ҷиддӣ бахшида, дар пешорӯи Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ Хоруғро қабои нав пӯшонем ва онро бо ташкили ҷойҳои фароғатию истироҳатӣ, бо сохтмони хонаҳои баландошёнаву таҷдиди инфрасохтори наву замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди соҳаи саноат ба шаҳри дорои рақобати солим табдил диҳем. Мақсад аз ҷамъ овардани соҳибкорони муваффақ ҳам ин аст, ки бо назардошти таклифу пешниҳодоти ҷолиб ва баррасии ҳаматарафаи  мушкилоти ҷойдошта, вусъати ҳамкориҳои дуҷониба, бо дастгирии бахши хусусӣ нақшаи генералии шаҳрро тақвият бахшида, Хоруғро ба нигини асили Бадахшон табдил диҳем.
Ба гуфтаи раиси вилоят, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию ободонӣ, бахусус дар шаҳру навоҳии Бадахшон, таваҷҷуҳи махсус доранд. Маҳз бо супориши Сарвари давлат  лоиҳакашии  сохтмони роҳ аз сарҳади ноҳияи  Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон оғоз гардида, барои сохтмони он, аллакай, маблағ дарёфт гардидааст. Баҳри аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои  маркази вилоят сохтмони нақб дар масофаи 7,7 километр аз маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ то деҳаи Бидурди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сарфи 1 миллиарду сесад миллион сомонӣ дар назар аст. Амалисозии  лоиҳаи сохтмони шоҳроҳ  аз маркази ноҳияи  Дарвоз то сарҳади  ноҳияи Рӯшон 2,5 миллиард сомонӣ (226 миллион доллар)-ро ташкил дода, марҳилаи аввали кор дар ин қитъа оғоз ёфт. Сохтмони кӯпруки шаҳри Хоруғ, ки дар натиҷаи сӯхтор хароб гашта буд, шуруъ гардида, бунёди пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Дашти Поён аз моҳи сентябр оғоз меёбад. 
Шералӣ Кабир  иброз дошт, ки  дар 5 соли оянда шаҳри Хоруғ ба таври шинохтанашаванда симои дигар хоҳад гирифт. Ташкили коргоҳу корхонаҳои нави маҳсулоти нониву ширӣ, рушди истеҳсолот, ворид намудани технологияи наву замонавӣ ба вилоят, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум марому ҳадафи асосии Ҳукумати  мамлакат маҳсуб меёбад ва ба ин мақсад, айни замон амалисозии 50  лоиҳаи сармоягузорӣ барои созмон додани корхонаву коргоҳҳои хурду миёна дар шаҳр дар нақшаанд. 
Зикр гардид, ки имрӯз пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум, ки дар заминаи таъсироти бозори ҷаҳонӣ дар кишвари мо ҳам ба назар мерасад, Ҳукумати ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст. Ҳамаи мо вазифадорем пеши роҳи омилҳои дохилиеро, ки боиси афзоиши нарху наво дар  бозор мегарданд, гирем. Тавре Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ақаллан барои 2 сол захираи озуқаворӣ дошта бошем.
Анвар Имматшозода, муовини раиси вилоят, иброз дошт, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ дар минтақа ва рушди ҳамкории давлат бо  бахши хусусӣ бояд, ки дастрасии соҳибкорон ба маблағҳои қарзии бонкии дарозмуддат зиёдтар шуда, теъдоди қарзҳои бебозгашт афзоиш дода шавад.
Раиси шаҳри Хоруғ барои дастгириҳои пайваста ҷиҳати пешрафти шаҳр ба Ҳукумати кишвар, бахусус ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипос намуда, таъкид дошт, ки айни замон нақшаи чорабинии рушди ҳамаҷонибаи шаҳр иборат аз сад банд мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад, ки бо тасдиқ ва амалӣ гардидани он маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ дар асл қабои нав ба бар хоҳад кард.
Сураҷ Тоирҷонзода, роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, бобати ташкили ҷойҳои нави кор ва вусъати соҳаи саноат, Парвиз Машҳуров, директори генералии ширкати «Таком»  ва дигарон  бобати ҳамкориҳои минбаъдаи судманд дар минтақа таклифу пешниҳодҳо баён намуда, масъалаҳоро ҷиҳати баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории  «Помиринвест», ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ доир мегардад, баррасӣ намуданд. 
  
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2022    №: 150    Мутолиа карданд: 433
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед