logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

 
Дар Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва намояндагони Вазорати фарҳангу муассисаҳои марбута ифтитоҳи намоиши сайёри “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид.
Бахтиёр Назарзода зимни суханронӣ зикр кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Париж бо ифтихору шодмонӣ изҳор намуданд: “Бузургии силсила - чорабиниҳои фарҳангии дирӯзу имрӯз, аз ҷумла Намоишгоҳи “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар маркази фарҳангии аврупоӣ - шаҳри Париж барои мо рӯйдоди муҳим ва хотирмон мебошад”.
Дар идома директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Зафаршо Иброҳимзода изҳор дошт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху  фарҳанги пурғановати ниёгон, шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”- ро бо тарзи намоишҳои сайёр баргузор намудем. 
Дар намоиш зиёда аз 100 ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шуданд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогири ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.
Зимнан, дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баъд аз бозгашт аз Фаронса 25 феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид, ки то 25 августи соли ҷорӣ идома меёбад.
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб то 5 август идома ёфта, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонон бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос мегарданд.
 
Шамсия НАВРӮЗОВА, мутахассиси пешбари бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед