Хабарҳо
ВАРЗИШ
ҚАИҚРОНӢ
Ғолибон муайян гардиданд
Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ дар байдарка (К) ва каноэ (С) баргузор шуд, ки дар он 144 варзишгар дар ҳайати 9 даста аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат карданд.
Ба иттилои Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, дар намуди байдарка Абдусаттор Ғафуров (1000м), Наим Мамадҷонов (500м), Некрӯз Зуҳуров (200м) ва Зумрат Пирназарова (200м, бонувон) ғолиб гардиданд.
Дар каноэ бошад, Амирҷон Бобоҷонов (1000м), Бобоҷон Бобоҷонов (500м), Умар Рустамов (200м), Комила Пирназарова (500м ва 200м, бонувон) пирӯз шуданд.
Дар намудҳои К2, К4, С2, К4, омехта ва эстафета варзишгарони шаҳри Душанбе 13 ва қаиқронҳои вилояти Суғд 6 медали тиллоро соҳиб гаштанд.
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
Бозиҳо барои роҳхат ба 1/4 финал кай доир мегарданд?
Бар пояи маълумоти Лигаи футболи Тоҷикистон, чор бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни тимҳои «Равшан-К»– «Равшан-З», «Регар-ТадАЗ» – КМВА, «Кӯктош» – «Хуҷанд» ва «Истиқлол» – «Моҳир» 6 август баргузор мешаванд.
Се вохӯрии дигари давр байни дастаҳои «Эсхата» – «Ҳосилот», «Саройкамар» – «Ҳулбук» ва «Хатлон» – «Истаравшан» 7 август мегузарад.
Рақобати «Динамо» ва «Файзканд» бо сабаби ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар чемпионати CAFA-2022 (Душанбе), ки бозигарони «Динамо» ҳайати асосии мунтахаби ҷавононро ташкил медиҳанд, дар рӯзҳои захиравӣ сурат мегирад.
Зӯрозмоиҳои даври 1/8 ниҳоӣ аз як вохӯригӣ иборат мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5312