logo

Хабарҳо

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

29 июл дар шаҳри Тошкент нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи нишаст Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, изҳор намуд, ки ҳамоиши вазирони корҳои хориҷӣ охирин марҳалаи омодагӣ барои нишасти сарварони давлатҳои СҲШ аст, ки 15 – 16 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.
 
 - Захираҳои ҳанӯз истифоданашудаи СҲШ-ро бояд амиқ таҳлил ва ба он нигоҳи тоза зам намуд. Самараноктарин роҳи татбиқи иқтидори бузурги Созмон ин пурзӯр намудани ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноату технология, трансформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти сабз мутобиқшавии иқлим мебошад. Ҳоло яке аз нуктаҳои муҳими мулоқоти вазирон баррасии дурнамои тавсеаи фаъолияти СҲШ мебошад. Аз ҷумла, мо дархости беш аз 10 давлатро, ки нияти дарёфти мақоми узви комилҳуқуқ, кишвари узв ва шарики муколамаи СҲШ баён кардаанд, баррасӣ хоҳем кард, - иброз намуд Владимир Норов.
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз мушкилоти пас аз пандемия ва шароити мураккаби байналмилалӣ, СҲШ ҳамчун як платформаи маъмул ва муассир барои иртибототи мустақим, нигоҳ доштани муколамаи байнидавлатӣ оид ба бисёр масъалаҳои муҳим боқӣ мондааст.
Муовини Сарвазир - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, вазирони корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров, Ҳиндустон Субраманян Ҷайшанкар, Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Қирғизистон Ҷиэнбек Кулубоев, Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ зимни суханронӣ талошҳои кишварашонро дар тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи СҲШ изҳор карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронӣ гуфт, ки аз барномаҳои ҳавасмандгардонии ҳамкории саноатӣ байни доираҳои соҳибкорӣ ва барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергетикии ҷониби Ӯзбекистон истиқбол мекунад. - Мо бояд барои он талош намоем, ки СҲШ ба гунаи як Созмони бонуфуз ва барои минтақа манфиатнок боқӣ бимонад. Тавсеаи стратегияи калидии ҳамкориҳои ин Созмон, ки мо дар он шомилем, дар деклоратсияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки ба 20-умин солгарди он бахшида шуда буд. Дар нишасти Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030-ро пешниҳод карда буданд. Он имкон фароҳам меоварад, ки дар ояндаи наздик мо лоиҳаи ин стратегияро барои баррасии кишварҳои узви Созмон пешниҳод кунем, - зикр кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар поёни нишасти Тошкент иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов бо баргузории як брифинг оид ба натиҷаҳои он ба хабарнигорон маълумот дод.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5253
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед