logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Иловапулиҳо барқарор мешаванд
- Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҳар семоҳа ҷамъбаст мешаванд, то 1 июли соли ҷорӣ шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18576 нафар, занҳо 4438, шахсони то 35 – сола 8897 нафар буда, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,1 солро ташкил медиҳад, - зикр намуд зимни нишасти хабарӣ Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.  
Номбурда ба суоли хабарнигори рӯзнома дар мавриди пардохт нагаштани иловапулӣ ба маоши хизматчиёни давлатие, ки дорои унвонҳои илмианд, чунин гуфт:
«Дар доираи нақшаҳое, ки Агентӣ дорад, оҳиста – оҳиста иловапулиҳо барқарор мешаванд. Албатта, ин аз камбуди маблағ низ вобаста аст. Бо вуҷуди ин, баҳри татбиқи баландшавии музди меҳнат таклифҳои мо омодаанд ва фикр мекунам баъди мувофиқасозӣ бо тамоми вазорату идораҳои дахлдор проблемаи мавриди назар ҳалли худро меёбад».
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият» 
 
 
 
СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ АФЗУД
Ба иттилои Шавкат Бобозода, директори Агентии содирот, ҳоло 61 ширкати ватании содиркунанда ба қайд гирифта шуда, дар нимсолаи аввал аз тарафи онҳо ба маблағи 19 миллиону 317 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулот содирот гардид. Ҳоло пешбурди низоми REX аз ҷониби Агентӣ ройгон буда, бақайдгирии содироткунандагон тариқи электронӣ амалӣ мегардад. 
Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра ба хориҷи кишвар ба маблағи 27 миллиону 727,5 ҳазор доллар 115,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 ҳазор тонна афзуд. Ҳамзамон, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 миллион долларро ташкил дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба маблағи 1215,2 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1,6 миллион доллар зиёд аст. Илова бар ин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба хориҷи мамлакат ба маблағи 1 миллиону 203 ҳазор доллар тухми паранда содирот гардид. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
КОА олимонро таъкид кард
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ, хабар расонд, ки барои мукаммалсозии махзани ягонаи маълумоти тоҷикии барномаи компютерии «Антиплагиат» хазинаи мавҷудаи Китобхонаи миллиро ворид кардаанд. 
- КОА бинобар зиёд шудани рӯйбардор, сохтакорӣ ва ё плагиат дар корҳои илмӣ соли гузашта бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаеро дастрас кард, ки дар ифшои чунин ҳолатҳо ёрӣ мерасонад. Акнун кори мо осонтар мешавад. Аслияти матни кори илмиро тавассути ин махзан ба зудӣ месанҷем. Аз ин сабаб, аз муҳаққиқон даъват ба амал меорем, ки ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, - афзуд Абдулҳаким Розиқзода.
Номбурда аз шикояти хориҷиён дар мавриди асардуздӣ гуфт, ки пас аз шикояти расмии ду олим аз Қазоқистон ва Украина рисолаҳои илмии пажӯҳишгарони мо бозпас гардонда шуданд. Зеро онҳо корро рӯйбардор ва тарҷума кардаанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНӢ
Шурои нави диссертатсионӣ боз шуд 
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли ҷорӣ дар муассиса Шурои диссертатсионӣ дар риштаи ҳуқуқи маъмурӣ, молия, буҷетӣ, андоз ва расмиёти маъмурӣ бо ҷалби докторҳои илм аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Бори аввал дар кишвар чунин шуро ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар он рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо се забон ҳимоя мешаванд. 
Ӯ афзуд, ки Шурои диссертатсионии иқтисодии Академия дар баррасии Комиссияи олии аттестатсионии мамлакат қарор дорад.
Дар иртибот ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» ректор чунин посух дод: «Ба ғайр аз нафароне, ки тариқи Квотаи президентӣ ба Академия дохил мешаванд, инчунин, мо ғолибон ва барандагони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат»-ро тариқи имтиёзнок ба муассиса қабул менамоем. Гузашта аз ин, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм теъдоди муайяни хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо медал ва аттестати аъло ба Академия ҳуҷҷат супурданд».
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БОХТАР 
Иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет
Ба иттилои Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ 101 дарсад иҷро шуда, ба буҷети шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ 103,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 696,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 
Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 101 дарсад таъмин гашта, ба буҷет 83,1 миллион сомонӣ ворид шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 миллион сомонӣ беш мебошад.
“Ҷиҳати барҳам додани бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ, - гуфт С. Саломзода, - тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба 2 ҳазору 981 андозсупорандаи қарздор ба маблағи 8,3 миллион сомонӣ огоҳинома пешниҳод ва аз ин ҳисоб 5,9 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд”.
Маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 143,8 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш ба 125 фисад баробар шуд, ки ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ 80,7 миллион сомонӣ ва сектори хусусӣ 63,1 миллион сомонӣ аст.
Аз 53 корхона ва коргоҳи саноатӣ 40 адад фаъолиятро нисбатан хуб ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта то 10 баробар ё ин ки, дар маҷмуъ, ба маблағи 28,7 миллион сомонӣ зиёд карданд.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 
 
НОРАК
Нақшаи андоз чаро иҷро нагардид?
- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 76 дарсад иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 43, 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки назар ба нақша 14,1 миллион сомонӣ кам мебошад, - гуфт Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак, зимни нишасти матбуотии шаҳр. 
Тибқи иттилои нозироти андози шаҳр, қарздорӣ аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардида, беш аз 1 миллион сомонии он қарзи андози иҷтимоӣ мебошад. 
Ҳамчунин, ба иттилои Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, шаҳри Норак дар шашмоҳаи соли равон беш аз 8 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунии вилоятро пардохт накардааст. 
Ба суоли хабарнигори рӯзнома дар мавриди шумораи муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, Дилшод Асозода танҳо гуфт, ки то кунун бо кумаки падару модарон 50 дарсади муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири мактабҳои шаҳр наздик ба 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. 
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ЛЕВАКАНТ
Авҷи бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳр 
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо арзиши 398 миллиону 827 ҳазор сомонӣ бунёди як қатор иншооти муҳим пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр 22, деҳоти Гулистон 26 ва деҳоти Ваҳдат 23 иншоот. 
Ин нуктаро Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳр, дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. 
Корҳои сохтмонӣ марҳила ба марҳила пеш рафта, дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ 23 иншоот ба истифода дода шавад. Дар давраи таҳлилшаванда 6 иншоот бо арзиши 88 миллиону 912 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, - гуфт раиси шаҳр.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”  
 
 
 
 
КӮШОНИЁН 
Раис аз музаффарияти меҳнаткашон гуфт
Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён, зикр кард, ки тули шаш моҳи соли равон нақшаи андозҳои давлатӣ 108,7 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 27995 ҳазор сомонӣ, 30423 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Музди меҳнат ва нафақапулӣ дар ҳамаи соҳаҳои буҷетӣ пардохт шудаанд. Дар ин давра 1 ҳазору 530 ҷойи нави кор таъсис ёфт. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 769 миллиону 384 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 97 миллиону 932 ҳазор сомонӣ беш аст. 
Ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ бомаром идома дошта, дар шаш моҳ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия ғалладона 13 ҳазору 661 тонна, картошка 18 ҳазору 107, сабзавот 81 ҳазору 927, полизӣ 6 ҳазору 665 тонна, меваҷот 8 ҳазору 270 тонна ва ангур 146 тонна ғун оварда шуд.
Тибқи ҳисобҳои оморӣ, то 1 июл аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар 4 ҳазору 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гашт, ки ин нишондод 100 дарсади нақшаи пешбинишуда мебошад.
“Бо мақсади солиму хушзот баровардани чорво аз мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар ин самт ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, то ин давра дар ноҳия 31 ҳазору 990 тонна хӯроки дурушт ва 300 тонна хӯроки ширадор захира гардидааст, ки ин 78,8 дарсади нақша мебошад”, - гуфт Икромиддин Вализода.  
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5408
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед