logo

Хабарҳо

Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

 
Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя вохӯрд. Ҷонибҳо дастовардҳои сӣ соли равобити дипломатии ду кишварро таъкид намуда, саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуданд. 
Маркази матбуоти Вазорат хабар дод, ки ҷонибҳо зарурати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, беҳгардонии зерсохтори нақлиётию логистикӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак таъкид доштанд.
 
 
 
Нақши Тоҷикистон дар мубориза бо  маводи нашъаовар муҳим арзёбӣ шуд
Дар доираи вохӯрӣ бо ҳайати Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти роҳбарии директори Кумитаи иҷроияи он Руслан Мирзаев, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба ташаббусҳои кишвар вобаста ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мусодираи маводи мухаддир маълумод дод.
Ба иттилои Агентӣ, Руслан Мирзаев нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки саҳми Агентӣ дар ин ҷода пурсамару ҳадафрас аст. Инчунин, ташаббуси Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе муҳим дониста шуд.
 
 
 
Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии сармутахассис оид ба идораи ҳолатҳои буҳронӣ ва офатҳои табиӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ Адолфо Симаз масъалаҳои идомаи сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, бунёди марказҳои тайёр кардани ғаввосон, кинологӣ ва идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар дастгоҳи марказӣ ва оғози сохтмони ин марказ дар ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Кумита, Адолфо Симаз зикр кард, ки ниҳод дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои самарабахшро анҷом додааст. Ӯ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори умед кард. 
 
 
 
Ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ
Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ, аз 1 то 31 август дар ҷойҳои муайяншуда, аз ҷумла назди Маркази савдои «Панҷшер», ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ҷараён мегирад. 
Бино ба хабари шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр, дар он аз ҷониби қариб 20 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои муайяни сарулибос ва лавозимоти мактабӣ пешниҳод мегарданд. 
Дар ҳамин ҳол АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ярмаркаҳо дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар ҶДММ МС «Истиқлол», ҶСП «Гулистони Душанбе» ва ҶДММ «Варзоб Т.Ҷ.»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Валаматзода 8, (назди бинои МИҲД Шоҳмансур), назди МС «Садбарг» ва «Шукрона», МС «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансур, ҶДММ бозори «Корвон», ҶДММ ИИ «Нассоҷии Тоҷик», Маркази савдои «Ганҷина»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дар дохили ҶДММ «Сафариён»-и ноҳияи Сино, доир мегарданд.
 
 
 
доираҳои соҳибкории Суғд ва Красноярск
Дар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд, бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои тиҷоратии ду вилоят баргузор гардид,- хабар дод хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Дар мулоқот аз вилояти Красноярск роҳбарони шонздаҳ корхонаи истеҳсолӣ бо роҳбарии ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ Даря Ковалева ва роҳбарони панҷоҳ корхонаи истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд, инчунин, аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Россия серхаридоранд ва доираҳои соҳибкории ҳар ду минтақа метавонанд барои содироти маҳсулоти пахтагӣ, меваи хушку тар, консерв ва обҳои нӯшокӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд. Вилояти Суғд бошад барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6129
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед