logo

иқтисод

НУРОБОД. ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ДАР ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар асоси амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», дар нимсолаи якуми соли 2022, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонд.  Сокинон бо шукргузорӣ аз бузургтарин дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, таҳти роҳбариву роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои  Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ бо дили гарму меҳру муҳаббати самимӣ, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ва ноил шудан ба зиндагии босаодату шоиста, кор карда, нимсолаи якуми соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои баланд ва дастовардҳои шоён ҷамъбаст намуданд, - иброз дошт Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод.
 
ИҶРОИ БУҶЕТ ПЕШРАФТРО  ДАР ҲАМАИ СОҲАҲО ТАЪМИН НАМУД
Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет дар нимсолаи  якуми соли  2022 аз ҳисоби андозҳои худӣ 109,9 фоиз таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба хазинаи ноҳия ба маблағи 5 469 655 сомонӣ ворид гашт, ки ин  24 фоизи хароҷоти умумии буҷети ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Ба буҷети ноҳия аз ҳамаи манбаъҳо 25 миллиону 169 ҳазору 655 сомонӣ интиқол ёфт. Нақшаи пардохти музди меҳнат ва маош 97,1  фоиз, пардохтҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 97 фоиз ва дигар хароҷот 86,3 фоиз иҷро шуд. Дар маҷмуъ, хароҷоти қисмҳои ҳимояшавандаи буҷет дар нимсола ба маблағи 20 823 322 сомонӣ баробар буда, 91,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети ноҳияро дар  давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.
Барои пардохти музди меҳнат ва андозҳои иҷтимоӣ 91,2 фоизи даромади умумии ноҳия сарф шуд. 
 
СОҲИБКОРӢ ДАР РУШДИ НОҲИЯ  САҲМИ КАЛИДӢ ДОРАД 
Дар ноҳия 1188 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 267 нафар тибқи патент ва 73 нафар дар асоси шаҳодатнома, 848 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд, ки аз ҳисоби онҳо дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет 1 миллиону 16 ҳазору 966 сомонӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 173132 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин муддат аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба 292 нафар 4 миллиону 230 ҳазору 50 сомонӣ, аз ҷумла барои рушди соҳибкорӣ ба 28 нафар 440 ҳазор сомонӣ ва ба 85 нафар кишоварз 438 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд. 
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021 – 2025” моҳи марти соли 2021 дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардид ва мавриди амал қарор дорад.
Дар Барномаи мазкур иҷрои 152 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи 2  миллиарду 157 миллиону 203 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:  28 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 503 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ; 46 лоиҳа бо маблағи 17 миллиону 952 ҳазор сомонӣ ба соҳаи саноат; 10 лоиҳа бо маблағи 35 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  ба соҳаи сохтмон; 10 лоиҳа бо  маблағи 10 миллиону 261 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф; 11 лоиҳа ба маблағи 11 миллиону 507 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ; 12 лоиҳа бо маблағи 33 миллиону 984 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ; 9 лоиҳа бо маблағи 2 миллиарду 14 миллиону 866 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нақлиёт, хоҷагии роҳҳо ва алоқа; 6 лоиҳа бо маблағи 8 миллиону 563 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва Хоҷагии манзиливу коммуналӣ; 9 лоиҳа бо маблағи 5 миллиону 616 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти барқ ва 11 лоиҳа бо маблағи 4 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист рост меояд.  Барномаи мазкур дар  нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 14 фоиз иҷро гардид. Аммо рафти корҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар солҳои минбаъда густариш хоҳад ёфт. 
 
ТАДБИРҲОИ СУДМАНД ДАР ИСТИФОДА  ВА БЕҲДОШТИ ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ 
ЗАМИНҲО ВА РУШДИ ЧОРВОДОРӢ 
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани ғизои хушсифат, кишоварзон заминро самаранок истифода бурда, бо риояи технологияи пешқадами агросаноатӣ ва истифодаи тухмиҳои аълодараҷа,  кишти зироатҳои техникиву ғалладона ва картошкаро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот тадбирҳои судманд меандешанд. 
Дар маҷлисҳои назоратӣ ва вохӯрию суҳбатҳо раиси ноҳия муҳтавои дастурҳои Пешвои миллатро, ки аз суҳбати телефонии Президенти кишвар  11 июн ва семинар-машварат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  аз 18 июни соли равон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ  ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар оила,  бармеоянд, шарҳ дод. Аз ин ҷост, ки мардум дар иҷрои супоришҳои Сарвари давлат аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, маҷмуи маҳсулоти кишоварзиро ба 69  миллиону  21  ҳазору 900 сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта  4  миллиону  482 ҳазору 900 сомонӣ зиёд аст.  Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ то ин давра дар  4129 га кишти зироатҳо анҷом ёфт.
Ҷиҳати ривоҷи соҳаи  кирмакпарварӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” ба ноҳия 2000 бех ниҳоли тут дастрас гардид ва бо ниҳолҳои худӣ, 3 га тутбоғ бунёд гашту 1,1 тонна пилла то 1 июл ба фурӯш рафт. Инчунин, дар асоси мактуби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” ва қарори раиси ноҳия аз 25 феврали соли 2022, № 43, 10,17 га замин аз ҳисоби ҷамъияти мазкур ба фонди махсуси ноҳия гузаронда шуд, ки ин иқдом метавонад дар рушди кирмакпарварӣ ва бунёди боғи нави тут заминаи хуб гузорад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 18 км канали “50-солагии Тоҷикистон” таъмир гашта, 3 пойгоҳи обкашӣ ба кор дароварда шуд, ки ба истифодабарии аз 250 то 300 га замин, замина муҳайё гардид.  
Соҳаи чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, саршумори чорвои калон дар давраи ҳисоботӣ ба 36451 сар, чорвои хурд ба 115004 сар,   паранда ба 106861 сар, асп ба 298 сар расонда шуд. Оилаи занбӯри асал 11375 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш  209 оила кам аст. Истеҳсоли гӯшт, шир, тухм афзуд.  
 
САНОАТ, НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ  ПЕШ МЕРАВАНД 
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиону 616 ҳазору 300   сомонӣ баробар гардида, бо нархҳои муқоисавӣ 113,8 %-ро ташкил дод, ки саҳми 4 корхонаи саноативу истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, хишти пухта, сангу шағал ва хишти сементӣ  аз ҳисоби ашёи хоми маҳаллӣ назаррас аст.
Соҳаи нақлиёти истифодаи умум ва боркашонӣ пурра дар ихтиёри соҳибкорон аст. 3052 автомобил, аз ҷумла 210 мошини боркаш ва  2842 автомобили сабукрав, ба мусофирону муштариён хизмат мерасонанд ва талаботи мардумро дар доираи имконият қонеъ мегардонанд. 
 Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани рафтуомади бехатари мусофирон 156,04 км роҳ ва якчанд пулҳоро  ба маблағи 110 ҳазору 700 сомонӣ  таъмиру  барқарор намуд.
Мардуми шарафманд ва сарбаланди ноҳияи Нуробод сиёсати сулҳдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободониву пешрафт ва шукуфоӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳи миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амният ва суботи комили кишвар ҳиссаи арзанда гузошта, баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона тадбирҳои зарурӣ меандешад.
 
Муҳаммадзоиршо 
ШАРИФЗОДА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2022    №: 151    Мутолиа карданд: 815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед