logo

Хабарҳо

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

 
Таҳти раёсати Ӯзбекистон дар шаҳри Тошкент Анҷумани роҳбарони воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид. Аз Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Умедҷон Нозирзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ширкат карданд. Анҷуманро ноиби Сарвазир– вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунаи Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ифтитоҳ бахшид.
 
- Имрӯз замони бесуботӣ, зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ ва чолишҳову озмоишҳост. Дар назди мо як қатор вазифаҳои ҷиддӣ истодаанд, ки бояд ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо ҳамчун қувваи пешбаранда саҳми худро гузорем. Маҳз барои ҳамин ҳадафи асосии анҷумани мо таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва самтҳои дигари афзалиятнок мебошад, - изҳор намуд Ҷамшед Хоҷаев.
Вай афзуд, ки барои боз ҳам амиқтар гардондани ҳамкориҳои бисёрҷониба муҳим аст, ки кушиши муштаракамонро ба самтҳои афзалиятнок равона созем ва он ҳам якум ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дуюм, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ва сеюм, туризм мебошад.
Шарифҷон Ҷумъазода гуфт, ки фаъолияти СҲШ ба принсипҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии давлати мо комилан мувофиқ аст. Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи нақши Созмон дар ҳалли вазифаҳои таҳкими сулҳу амният, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ манфиатдор аст. 
-Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар доираи Созмон қариб 2,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 37 дарсад зиёд буда, ҳаҷми умумии муомилоти савдои берунии ҷумҳурии мо, дар маҷмуъ, қариб 65 дарсадро ташкил дод, - гуфт Шарифҷон Ҷумъазода.  
Таъкид шуд, ки дар рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон сармояи хориҷӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва ҳиссаи асосии он ба кишварҳои узви Созмон рост меояд. Тайи понздаҳ соли ахир аз кишварҳои узви Созмон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 6 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст, ки беш аз 3 миллиарди онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад. Он барои рушди саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, мошинсозӣ, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия мусоидат кардааст.
- Мо ҳанӯз аз ҳамаи имкониятҳо дуруст ифтифода набурдаем. Ин дар ҳолест, ки алоқаҳои бевоситаи ниҳодҳои роҳбарикунандаи вилоятҳо ва корхонаҳои мамлакатҳои иштироккунанда беш аз пеш мустаҳкам мешавад, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак осон мегардад, монеаҳои сунъии тараққиёти иқтисодиёт бартараф мегарданд. Анҷуман бояд ба ин аз ҳар равзана ёрӣ расонад,- гуфт раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарифҷон Ҷумъазода, инчунин, илова кард: “Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои соҳаи сайёҳӣ, коркарди захираҳои табиӣ ва, албатта, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва маҳсулоте, ки метавонад барои вусъати хамкорӣ ҳамчун асос хизмат кунад, имкониятҳои доманфарохеро дар худ гунҷоиш медиҳад. Тоҷикистон соҳиби конҳои бойи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ мебошад. Ман бовар дорам, ки мо дар ҳамкориҳои густарда ба баланд шудани дараҷаи ҳамкориҳои саноатӣ низ ноил хоҳем шуд”. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6139
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед