logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 
АГЕНТИИ ОМОР
Истеҳсоли пиёз 10,3 дарсад кам гардид
Агентии омор давоми моҳҳои январ – июни соли равон вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварро мавриди таҳлил қарор дода, нишондиҳандаҳои назарраси соҳаи саноатро муаяйн намуд. Қариб ҳамаи бахшҳои саноат фоизи баландро соҳиб шуда, омили асосии рушд афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби саноати истихроҷ – 8,3 дарсад, саноати коркард – 17,9 дарсад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 18 дарсад, ҳамчунин, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва муҳсулоти дуюмдараҷа мебошад.
Гулнора Ҳасанзода, директори Агентӣ, иттилоъ дод, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 10911,4 миллион сомониро ташкил дода, бештар маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва дӯзандагиро фаро гирифтааст.  Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ 13043,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсад зиёд мебошад. 
Ҳамчунин, гандум 609931 тонна, картошка 262551, сабзавот 1031296, полизӣ 283775, мевагиҳо 116301 ва ангур 2443 тонна истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гандум 6,6 дарсад, картошка 2,4, сабзавот 3,5, полизӣ 7,6, мевагиҳо 12,1 ва ангур 11,2 дарсад зиёд буда, пиёз 10,3 дарсад кам гардид. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Омӯзиш ва иктишофи геологӣ тавсеа меёбад
Ба иттилои Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021– 2030 амалӣ намуда, омӯзиши геологиро дар доираи 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир ва сангҳои худҷилою ороишӣ, ҳамчунин, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонд. Дар маҷмуъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ 17 962 025 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 981 778 сомонӣ зиёд мебошад.  
Омӯзиш ва иктишофи геологӣ, асосан, дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ - Лучоб дар 10 майдони эҳтимолӣ барои тилло ва дар қитъаи Ғарвони майдони Ошоба минтақаи эҳтимолии тиллодори дарозиаш 280 – 300 м бо паҳноии аз 1 то 25 м анҷом дода шудааст. Инчунин, дар қитъаи Ғутои зуҳуроти сурмаи Ривути Боло ду минтақаи маъдандор бо дарозии умумӣ то 1500 м мавриди иктишоф қарор гирифт. Дар ин давра, яке аз омӯзишҳо муҳими Саридора дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим анҷом додани омӯзиши нуқтаҳои минералноки сангҳои худҷило, ба монанди сапфир, лаъл ва турмалин, маҳсуб меёбад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ҲИСОР
Таъмини аҳолӣ бо манзили зист аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад
Бунёди иншооти таъиноташон гуногун, биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ, инфрасохтори муосир, роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ба мардуми шаҳр, махсусан рафъи мушкилоти мавҷуда ва тарафҳои заифи соҳаҳо аз ҷумлаи нақша -  чорабиниҳое мебошанд, ки дар доираи Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд.  
Ин нуктаро Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, зимни натиҷагирӣ  аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод. 
Зикр гашт, ки имрӯз масъалаи таъмини сокинони эҳтиёҷманд бо манзили зист ва замини наздиҳавлигӣ дар мадди назари масъулон қарор дошта, бо назардошти имкон ҳаллу фасл шуда истодааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 59 бинои миёнаошёна (аз 4 то 5) ва баландошёна (9 то 12) бо вусъат идома доранд, ки бо ҷойгиркунии 10696 нафар аҳолӣ бо манзил дар назар аст. Соли равон се бино ба истифода дода мешавад.
Дар ин давра барои қонеъ гардондани аҳолии деҳоти Мирзо Турсунзода 25,3 гектар (ба 350 оила) ва деҳоти Навобод 4,8 гектар (ба 74 оила) бо гузарондани қуръапартоӣ ва иштироки раиси шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд. 
Дар ҳудуди шаҳр ҳоло 150,82 гектар майдони заминҳои тақсимношудаи фонди манзил боқӣ мондааст, ки барои ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда  ҳамкорӣ  ва корбарӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ рафта истодааст. Шумораи умумии аризаҳои шаҳрвандони эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 35 ҳазору 534 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумии аҳолӣ (339915 нафар) 10,4 дарсадро ташкил медиҳад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7320
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед