logo

Хабарҳо

Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

 
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба «масъалаи Тайван» хабар дод, ки Тоҷикистон мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Дар изҳороти Вазорат омадааст: “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад. Мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”.
 
 
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғд ва Красноярск
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорони кишвари Красноярски Федератсияи Россия мулоқот намуд. Соҳибкорони Красноярск бо роҳбарии ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ  Даря Ковалёва дар вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, аз минтақаҳои сайёҳии вилоят боздид намуданд ва бо шароиту имконоти онҳо ошно гардиданд.
Зимни мулоқот раиси вилоят таъкид кард, ки туфайли сиёсати пешгирифтаи роҳбарони Тоҷикистону Россия ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои ду кишвар дар ҳоли рушданд.
Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Агентии «Статус»-и Красноярск, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва Иттифоқи соҳибкорони Красноярск, ширкатҳои «САМО» ва «Алянс Строй», «САМО» ва «Энергия», «МИН» ва  «Селена фарм», «АгроБиоХим» ва «СИВЕР», ширкати нақлиётии «АВВАТ» ва «Железнодорожное снабжение» ва ғайраҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
 
 
“Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Дар Батуми таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва дастгирии Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Батуми бо иштироки доираи тоҷирону сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ ва ширкатҳои давлативу хусусии Гурҷистон ҳамоиши соҳибкорӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ба ҳамаи иштирокчиён оид ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт, ки барои кишвари мо афзалиятноканд, маълумоти муфассал дода шуд.
 
 
Ҳушдор! То 8 август омадани сел дар назар аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, хабар медиҳад, ки аз 4 то 8 августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бар асари об шудани пиряхҳо омадани сел пешбинӣ мешавад.
Аз ин рӯ, Кумита аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки барои зарари сел нарасидан  ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишт, тамоми  тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед