logo

сиёсат

МАРДЕ АЗ САРНАВИШТ

Дар авроқи таърих тоҷиконро аз қадимтарин халқҳои мутамаддин хондаанд, ки дар дарозои саҳфаҳои он бо шукӯҳмандии худ дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ҷомеаи башарӣ пайваста ғулғула афканда, борҳо фоҷиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро аз сар гузарондаанд, вале ба рағми ғосибони саҳронишин, ки тули чанд қарн инқирози маънавию нажодии тоҷиконро дар ҳадаф доштанд, ин миллати вологуҳару хирадманд бо захмҳои хунчакон дар маҳди худ фарзонагону абармардоне мепарварид, ки шараф, нангу ном ва имони миллатро ҳифз карда, ҳамқавмони хешро ба роҳи наҷоту растагорӣ ҳидоят менамуданд. Таърихи давлатдории бузурги Сомониён ва роҳе, ки Тоҷикистони азиз дар ҷодаи истиқлол ва ҳувияти хеш мепаймояд, далели боризи ин гуфтаҳост. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ҷаҳони имрӯз торафт тундгаро ва бо таҷдиди таносуби миллатҳо ва қудратҳои сиёсӣ, ба густариши низомҳои нави иҷтимоӣ ва инқилоби мафкуравию ҷаҳоншиносӣ гароиш дорад. 
Сӣ сол муқаддам бо раъйи мардум дар Иҷлосияи тақдирсози  XVI  Шурои  Олӣ сарварии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба дӯши марде гузошта шуд, ки бо фаросату шуҷоати азалӣ ва маданияти олӣ табаддулоти воқеиро бо моҳияти объективии таърих ба ҳам пайваст. Ин номбардори бузургон эҳёи неруҳои сиёсиву маънавии халқро, ки дар таърихи гузаштааш борҳо зуҳур намуда буд, дар ҳастии хеш таҷассум намуд. Дар исботи ин гуфтаҳо – таърих ягон фоҷиаеро талхтар аз ҷанги байни фарзандони як миллат намедонад. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ мардуми зудбовару софдили моро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, байни минтақаҳои ҷудогона ва қавмҳои ба ҳам дӯст тухми адовату низоъ киштанд. Бехабарӣ аз таърих, пастии ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ буд, ки душманони миллати тоҷик тавонистанд, ҷавонони бетаҷрибаю хунгармро гоҳ бо таъсири пулу сармоя, гоҳ бо ёрии тарғиботи ғаразноки динӣ ба ҳангомаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида, нақшаи нобуд сохтани давлат ва миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар тарҳрезӣ намоянд. 
Ҷанги бемаънӣ ба ҷуз аз хонавайрониву хонахаробиҳо ва оворагию сарсонӣ, ғайр аз талафоти ҷонии ҳазорон ҷавонмардону гурезагии миллионҳо ба кишвари мо чизе надод. Роҳҳои обод вайрон гардиданд, пулҳо тарконда шуданд, хонаҳо сӯхтанд, амволи корхонаҳои давлатӣ ба ғорат рафт, даҳшати гуруснагӣ дар ҷумҳурӣ доман афрохт. Ҳазорҳо ҷавонони навхат қурбон шуданду ҳазорон оилаҳо бесаробон ва сарпаноҳ монданд, аз ҳама ташвишовар шумораи кӯдакони ятиму бепарастор боз 60 ҳазор афзуд.
Он замон, ки давлати абарқудрати Шуравӣ нав пора-пора гардидаву давлатҳои соҳибистиқлолгардидаи ҳамсоя бо сохтани роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нафту газ, истихроҷи маъдан ва дигар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиашон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҳангомаи якдигаркушӣ, ҷангу набарду сангарнишиниҳои гурӯҳҳои мухолиф густариш ёфт. Хатари порашавии миллату сарзамини ягона ва ҳатто аз харитаи сиёсӣ ҳамчун давлат нест шудани кишварамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон водор сохт, ки сари мизи мусолиҳа шинанд. Хушбахтона, ин ормони мардум чаҳоряк аср муқаддам, 27-уми июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардид.
Ибтидои асри  бисту  якро барои кишвари мо даврони навини давлатдорӣ ном бурда, халқ таҳти сарварии Садри муаззами худ роҳи бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишварро пеш гирифт. Барномаҳои истиқлолияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ, бо истифода додани даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ба истифода додани неругоҳҳо, ба монанди "Сангтӯда - 1" ва "Сангтӯда - 2", ду агрегати “Роғун” башорате аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Қаҳрамонии шахсиятҳои барҷаста, қабл аз ҳама, дар шинохти масъулият ва рисолати таърихии худ дар иртибот бо сарнавишти ҳаммиллатони хеш ва кулли ҷомеаи башарӣ падидор мегардид.
Дар сиришти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сифати нодир - ҷасорати фикр ва ҷасорати амал ба ҳам пайвастанд, ки он аз муҳаббату эътимоди халқ ва огоҳии комил аз таъриху фарҳанги милливу умумибашарист.
Дар охир аз пирони кору падару модарон дуо, аз бародарону хоҳарону ҳамкасбон ҳамдастиву ҳамфикрӣ, аз ҷавонон азму талоши ватанхоҳиву меҳанпарастиро дархост намуда, гуфтанием: “Биёед барои амалӣ шудани нақшаҳои созандаву бунёдкоронаи ин абармарди бедордил якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки дигар фазои орому осудаи Тоҷикистон халалдор гардад, дигар абри тираи ғам осмони моро фаро гирад, дигар модарони тоҷик дар фироқу марги фарзандашон оҳу нола кашанд, дигар марди тоҷикро муҳоҷир гӯянду кӯдакони моро ятиму бепарастор ном баранд.
 
М. ШАРИФЗОДА 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед