logo

иҷтимоиёт

СЕ МУШКИЛ АГАР БАРТАРАФ ШАВАД...

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
 
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир ба инъикоси масъалаҳои вазъи солимии аҳолӣ, дастоварду мушкилоти соҳа ва  тарғиби тарзи ҳаёти солим миннатдорӣ баён менамояд. Аз ҷумла, Вазорат  мақолаи дар рӯзнома нашргардида зери унвони «Се мушкил агар бартараф шавад...»-ро  аз  14 июни соли 2022, № 115, мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Дар матлаб ҳолати техникии бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт ва масъалаи норасоии мутахассисону набудани озмоишгоҳи замонавӣ дар он мавриди таҳлилӣ қарор гирифтааст. Ҳангоми суҳбат бо иҷрокунандаи вазифаи директори маркази зикршуда Х. Ҳомидов муайян шуд, ки муаллифи навиштаи мазкур  Худодод Зайниддин дар хусуси масъалаи мазкур бо ӯ ҳамсуҳбат нагардидааст. Маълумоти дар мақола дарҷшуда  ба кадом замон мансуб аст, номуайян боқӣ мемонанд.
Аз ин рӯ, хоҳишмандем, ки дар ҷаласаҳои кории идора дар байни кормандони нашрия оид ба риояи этикаи касбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд. Баробари ин, хуб мешуд, ки хабарнигорон пеш аз нашри матлаби омоданамудаашон аз роҳбарони муассисаю ташкилотҳо такроран дурустии маълумотро санҷида, сипас онро ба табъ расонанд. 
Тибқи маълумот, ҳоло дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии номбурда корҳои таъмири озмоишгоҳ дар арафаи анҷомёбӣ буда, бо ҷалби шарикони рушд маҷмуи таҷҳизоти озмоишгоҳи вирусологӣ дастрасу насб хоҳанд шуд. Мутахассисони ба кор дар ин самт ҷалбшаванда низ бо омӯзиши зарурии тахассусӣ фаро гирифта мешаванд.
 
А. АМИРЗОДА,
муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 386
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед