logo

иҷтимоиёт

“ҶУМҲУРИЯТ” ВОКУНИШИ ВАЗОРАТРО ТАҲҚИҚ НАМУД

Барои дақиқ намудани  ваҷҳҳои дар ҷавоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ба унвони рӯзнома зикрёфта,  хабарнигорони рӯзнома ба ноҳияи Рашт сафари корӣ анҷом доданд ва  бо ҳолати воқеии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз наздик шинос шуданд. 
Ҳарчанд А. Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, зимни вокуниш  ба матлаби хабарнигори рӯзнома Худодод Зайниддин “Се мушкил агар бартараф шавад...” (“Ҷумҳурият”, №115, 14 июни соли равон),  аз корҳои таъмиру сохтмонӣ ҳарф мезанад, он ҷо ҳеҷ коре ба ин монанд мушоҳида намешавад. Дар мақолаи корманди рӯзнома, пеш аз ҳама, дар бораи фарсудагии бино,  набудани озмоишгоҳи замонавӣ ва норасоии мутахассисон сухан меравад. Ӯ маълумоти мазкурро дар асоси ҳисоботи семоҳаи аввали директори Марказ дарҷ намудааст. Тавре зимни боздид мушоҳида намудем, воқеан чунин озмоишгоҳ дар Маркази номбурда вуҷуд надорад. Марказ дар бинои куҳнаи фарсуда ва беозмоишгоҳу номуҷаҳҳаз фаъолият мебарад ва  аз мутахассисони сироятшинос танқисӣ мекашад. Дар он қитъаи замине, ки  барои бунёди бинои нави Марказ пешбинӣ шудааст,  донаи хиште ба чашм намехӯрад, ҷуз чанд ниҳолу сабзазор.  
Ҳангоми вориди ҳавлии Маркази номбурда шудани мо иҷрокунандаи вазифаи директори он Хушнуд Ҳомидов аз суҳбат худдорӣ намуд. Маълум, ки ӯро аз ҳамкориҳои қаблиаш бо нашрия касе пушаймон кардааст. Баъдан, номбурда  фақат ҳамон суханони муовини вазирро қориазёд такрор намуд: “Таъмир рафта истодааст”, “Таҷҳизот меорем”... Аммо вақте аз ӯ пурсидем, ки чӣ гуна таъмир, танҳо ба мо корҳои рангубори бинову дохили онро мисол овард. Дар мавриди таҷҳизот низ фақат аз ҳамкорӣ бо шарикони рушд гуфт, вале номаълум кадом шарикон ва дар доираи чӣ гуна лоиҳа?! Дар  вокуниши Вазорат ба матлаби хабарнигор низ  аз шарикони рушд ё лоиҳаи сармоягузорӣ мушаххас ном гирифта нашудааст, ки воқеияти мушкилоти дар мақола матраҳшударо бозгӯ мекунад. 
Дар ниҳоят Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ваъда дод, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушду соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ масъалаи сохтмони бино бо озмоишгоҳу таҷҳизоти навинро дар ояндаи наздик ҳал хоҳад намуд. Умед дорем, ки роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ дар ин маврид чораҳои амалӣ меандешад. Ҳадди ақал бо  вазъи Маркази номбурда аз наздик шиносоӣ пайдо мекунад ва ҳангоми посух ба рӯзнома аз натиҷаҳои мушаххас мисол меорад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”,
Душанбе – Рашт – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 621
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед