logo

иҷтимоиёт

"ҶУМҲУРИЯТ" ВА АФКОРИ ОММА

 
Эроди як хонандаи дӯстдори “Ҷумҳурият” бо исми Фатҳулло Фаттоҳзода, шиноси чандинсолаи  мо, ки ҳамасола ба “Ҷумҳурият” бо пули аз деҳқонӣ бадастовардааш обуна  мешавад, моро водор кард, чанд сатре рӯйи коғаз биёрем. Аз хусуси ин эрод дар фуроварди матлаб ҳарф мезанем, зеро худи Фатҳулло ҳам аз он ки “Ҷумҳурият” нашрияи серхонандатарини Тоҷикистон аст,  маълумоти хуб дорад.
“Ҷумҳурият” ягона рӯзномаест, ки ҳафтае панҷ маротиба бо теъдоди қариб 50 ҳазор нусха нашр мешавад. Камолоти эҷодии олимони маъруфи кишвар, қаламкашони барҷаста, рӯзноманигорони варзида дар саҳифаҳои ҳамин рӯзнома муайян мешавад. 
Тибқи хулосаи як қатор марказҳои тадқиқотӣ, аз ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зерколо”, рӯзномаи “Ҷумҳурият” бори сеюм аст, ки серхонандатарин нашрияи Тоҷикистон эътироф мегардад. Ба андешаи мо, “Ҷумҳурият” анъанаҳои фарқкунандаро доро буда, самти ҳаракати худро аниқ медонад. 
Устод Садриддин Айнӣ гуфта буданд: “Тоҷикистони сурх” модари матбуоти Тоҷикистони советист, ки имрӯз даҳҳо фарзандони баркамоли республикавӣ, вилоятӣ ва районӣ дорад”. Банда ифтихор мекунам, ки аз солҳои 70-уми асри гузашта бо ин рӯзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорам. Дар саҳифаҳои он даҳҳо хабару мақола, очерку лавҳа ба табъ расонда, аксари онҳоро дар бойгонии худ маҳфуз медорам, ки он ба китоби чандсадсаҳифагӣ табдил ёфтааст. Матолиби банда дар хусуси сохтмони умумииттифоқӣ эълон гардидани НБО “Роғун” хеле фаровон чоп мешуд. 
Бояд гӯям, ки матолиби ин рӯзнома ҷолиби назар ва аз дигар рӯзномаҳои давлатии кишвар бо рангорангӣ, таҳлили амиқ ва актуалӣ буданашон фарқ мекунанд. “Ҷумҳурият” ҳамқадами замон аст ва, бояд гуфт, ки дар баъзе масъалаҳо аз замон ҳам пеш мегузарад. Мақолаҳои олимони шинохтаи кишвар дар мавзуъҳои замон доираи шинохти рӯзномаро ба мутолиакунандагонаш васеъ мегардонад. Ба як ифода, “Ҷумҳурият” ҳолиё тарғибкунандаи асосии неъматҳои бузурги миллат - сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият мебошад. Ба ман, махсусан, навиштаҳои Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насрулло писанданд. Устод кадом мавзуеро ба миён нагузорад, қудрати қаламаш ба ҳаллу фасли он мерасад. Ӯ дар озмунҳои бонуфузи “Ҷумҳурият” ширкати фаъолона дорад. Шоир ва рӯзноманигори номӣ Абдуқодири Раҳим бошад, ба мавзуъҳои дастнорасида дахл карда, навиштаашро бо услубу баёни хеле диққатангез манзури хонандаҳо мегардонад. 
“Ҷумҳурият” ягона нашрияест, ки озмунҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро роҳандозӣ мекунад. Озмунҳои ба ҳаёту фаъолияти сарсупурдаҳои миллат, онҳое, ки дар ҳақиқат барои ободию шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва пойдории давлат хизматҳои барҷаста кардаанд, ҳадафманд ҳастанд. Озмунҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо ҳузури намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳузури олимону адибон дар сатҳи баланд ҷамъбаст мегарданд. Боиси зикр аст, ки дар иншою ифшои мавзуъҳои бамиёнгузоштаи “Ҷумҳурият” олимони варзида, адибони номӣ иштирок карда, ба моҳияти озмунҳо  шукӯҳ мебахшанд. Адибону олимони шинохтаи кишвар Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло ва Кароматулло Олимов аз фаъолотарин иштирокчиёни озмунҳо ҳастанд. 
Тайи панҷ  соли охир дар  ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ  доир  намудани озмунҳо, бешубҳа, аз ғайрати  эҷодии роҳбарияти “Ҷумҳурият” дарак медиҳад. Хонандагони рӯзнома тавассути озмунҳо ба паҳлуҳои норавшани ҳаёту фаъолияти Садриддин  Айнӣ,  Бобоҷон  Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошноӣ пайдо намуданд. Мақолаҳои хуби муҳаққиқони шинохтаи кишвар хеле ҷолиб буда, аминам, ки ба пажӯҳишгарони оянда маводи фаровон ҳадия намуданд. 
Ташкили сафарҳои эҷодӣ ба ин ё он нуқтаи таърихии Тоҷикистон ва берун аз он ҷониби дигари фаъолияти пурсамари маъмурияти “Ҷумҳурият”  аст.  Сафари ҳайати эҷодии рӯзнома ба шаҳрҳои қадимии Осиёи Марказӣ, марказҳои тамаддуни тоҷикон – Самарқанду Бухоро бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мазмуну муҳтавояш хеле ҷолиб аст. Ин сафар дар ибтидои фасли тобистон сурат гирифта, ба мусофирон таассуроти амиқ бахшидааст. Яке аз иштирокчиёни ин сафар академик Кароматулло Олимов чунин ба қалам дода: “Ҳама дар ин бора ҳамназар будем, ки президентони ду кишвар – Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев кори бузургеро анҷом доданд: роҳҳо боз намуда, робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро тақвият бахшиданд”. 
Табиист, ки муваффақияту нуқси нашрияро онҳое медонанд, ки онро мунтазам мутолиа мекунанд. Фатҳулло Фаттоҳзода  гуфт: “Газета вақтҳои охир худро бисёр таъриф мекунад”.  Шояд ин маводро дар назар дошт: “Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Самарқанду Бухоро”, “Тоҷиконхонӣ вазифаи муқаддас”, “Сипосу сано ба аҳли фарҳанги Самарқанду Бухоро”, “Ҷамъбасти боз як мусобиқаи варзишӣ”, “Ҷумҳурият аз серхонандатарин нашрияи Тоҷикистон боқӣ мемонад”, “Аз хониши якҷояи “Тоҷикон” то тамошои осорхонаи миллӣ”. Ин матлабҳо моҳҳои май – июли соли ҷорӣ ба нашр расиданд. Ба қавли Фатҳулло Фаттоҳзода  такрори вожаи “Ҷумҳурият” дар сарлавҳаҳо шарт набуд, “ин худреклама ҳисоб мешавад”. 
Ягон шубҳае нест, ки “Ҷумҳурият” бо қувваи тавонои эҷодии имрӯзааш чандсолаҳои минбаъда ҳамчун нашрияи рақами 1 боқӣ мемонад.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, ноҳияи Файзобод

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 504
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед