logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ БОСУБОТ

Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди  ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии  стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Перомуни ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар талошҳо оид ба таҳияи механизм ва роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муташаккилона идома доранд. 
Дар ин иртибот, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи нави зиддикоррупсионии кишвар – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025) тасдиқ шуд. Тибқи ин фармон, вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо вазифадоранд, ки нақшаву чорабиниҳои зидди коррупсионӣ тартиб дода, дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти хатарзо саҳм гузоранд. 
Кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор ба иҷрои вазифаҳои давлатии ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз рӯйи ғараз бо мақсади ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани маблағҳои пулӣ, неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ содир мешавад. Мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки шахсони мансабдорро ба содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ ҳавасманд ва моил мекунанд. Бояд донист, ки ин кирдор низ ҷиноят буда, барои чунин шахсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия чунин муқаррар шудааст: қонуният; адолат; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; баробарии ҳама дар назди қонун; шаффофият ва ошкорбаёнӣ; ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд; ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳамагон шоҳидем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ аз ин зуҳурот, изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паём (26.01.2021) ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: “Коррупсия яке  аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.
Як нуктаро бояд гуфт, ки муқовимати беамон бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда баҳри ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ фазои мусоид баҳри пешрафти диёрамон фароҳам меорад. Дар ин замина, дар мамлакат корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ сохта мешаванд ва ҷавонон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, баҳри осудагӣ ва некуаҳволии халқ хизмат мекунанд. 
Воқеан, муқовимат ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмуъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. 
Бинобар ин, ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ миёни ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки дар тафаккури ҷомеа мафкураи зиддикоррупсионӣ пайдо шавад. Зеро, боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва пайомадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад.
 
Н. КАРИМОВ, ҳуқуқшиноси ҶСК «Нафту газ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 2545
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед