logo

иҷтимоиёт

ТААССУРОТИ ҶАВОНИ СЕНЕГАЛӢ

Осорхонаҳо хосияти аҷиберо доро мебошанд: бо тамошои толорҳояшон тамошогарон худро дар овони гуногуни таърихӣ эҳсос намуда, ифтихормандона ва бо хотироти дилнишину дилбастагии зиёд  аз он хориҷ мешаванд. Дар ин росто, нақши осорхонаҳое, ки мақоми миллиро доранд, бешак, муассиртар мебошанд, зеро ин гуна муассисаҳо бештар бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва  ифтихороти муштарак аз ҷониби кишварҳо роҳандозӣ мешаванд. Таъсири ин гуна муассисаҳои фарҳангӣ дар баланд гардидани руҳияи хештаншиносӣ, болидан аз гузаштаи бою рангин ва сарфарозӣ аз фарҳанг бузург аст.
Хушбахтона, дар замони муосир, ин гуна имконият дастраси миллати накуноми тоҷик гардид. Дар пойтахти мамлакат бинои муҳташами Осорхонаи миллӣ қомат афрохт ва дар ин муассиса аз куҳантарин давраҳои таърихӣ то замони муосир, ки он ҳам расидан ба Истиқлоли давлатист, бо  шукӯҳи хосса инъикос гардидааст. 
Аз Осорхонаи миллӣ ҳамарӯза меҳмонони ватаниву хориҷӣ боздид ба амал меоранд. Тамошогарон бо мушоҳидаи дастовардҳои таърихии халқи тоҷик аз ҷойгоҳи бузурги он дар таърих, фарҳанг ва тамаддуни башарӣ огаҳӣ пайдо мекунанд.
Дар дафтари хотироти меҳмонони Осорхонаи мазкур, дар баробари навиштаҳои тамошогарони ватанӣ, бархе аз бардоштҳои меҳмонон аз кишварҳои гуногуни олам низ ба мушоҳида мерасад. Яке аз он навиштаҷоти арзишманд ин хотираҳои неки ҷавоне аз кишвари африқоии Сенегал Наҳмадан Соул мебошад. 
Дар таърихи 9 июни соли ҷорӣ ин ҷавон аз Осорхона дидан намуда, пас аз мушоҳидаи толори “Мероси хаттӣ” дар ҷустуҷӯи дуконҳои китобфурӯшӣ шуда, дилбастагии худро ба бузургони адабиёти форсӣ дар аснои суҳбат бо кормандони муассиса изҳор медорад. Дар ин асно муаллифи ин сатрҳо бо меҳмон мулоқот намуда, дар робита ба суолоташ аз таъриху фарҳанги миллат тули як соат суҳбат дошт. 
Маълум гардид, ки ин ҷавон дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар вақти холигӣ аз Осорхонаи миллӣ дидан намудааст. Ӯ  зимни мулоқот бо таассуроти зебое пайваста ин нуктаро такрор менамуд: “Ман ҳаргиз фикр намекардам, ки ин миллат то ин андоза соҳиби тамаддуни бузург бошад. Аз Рӯдакии бузург сар карда то Умари Хайём, ки бо рубоиҳои ноби худ оламро тасхир намудааст, моли ин миллат будаанд”. 
Ҷолиб ҳам он буд, ки ӯ бо меҳр  чанд рубоии Умари Хаёмро қироат намуда, бо болидаруҳӣ ба ёд меовард: “Бобои худобиёмурзам ба ман аз хурдӣ ашъори Умари Хайёмро меомӯзонд. Акнун мехоҳам ашъори пурғановати Фирдавсию Ҷомӣ ва Рӯдакии ширинкаломро аз бар намоям, мутаассифона, намедонам, ки ашъори онҳоро бо забони арабӣ ва ё англисӣ аз куҷо дастрас намоям”.
Пас аз изҳори дилбастагияш ба адабиёти форсу тоҷик ва майли зиёдаш ба харидани девонҳои ин бузургон, камина суроғаи якчанд дукони китобфурӯширо дар шаҳри Душанбе ба вай додам ва пешниҳод ҳам намудам, ки шумо метавонед андешаҳоятонро дар дафтари махсуси хотироти меҳмонони Осорхонаи миллӣ сабт намуда, аз худ ва санаи ташрифатон дар таърих хотираеро боқӣ гузоред. 
Он чи Наҳмадан Соул аз кишвари Сенегал дар ин дафтар қайд намудааст, воқеан, сазовори муаррифист, зеро дар навиштаҳои ӯ самимият ва дилбастагӣ ба таърихи халқи тоҷик мушоҳида мешавад. Наҳмадан Соул дар ин навиштаҷоташ зикр менамояд: “Ман аз бузургиву каромат ва меҳмондории миллати тоҷик дар шигифтам. Дар муқобили ин миллати шарафманд шарм медорам, ки рӯйи ин саҳифа андешаҳои кӯчакамро бинависам. Ман намедонистам, ки фарҳангу тамаддуни ин мамлакат то ин ҳад бой аст. Дар ибрози андешаҳоям шоир ба ман кумак менамояд, ки фармудааст: “Эй меҳмони азиз! Чун ба мулки мо омадӣ, ту худро соҳибхонаву моро меҳмон бидон”. Муомилаи мардумро дар ин сарзамин бо худам дар ҳамин тавозун дидам.
Ба тамоми кормандони ин Осорхона сипосгузории худро изҳор медорам, зеро онҳо меросеро дар ин ҷо ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифӣ менамоянд, ки ба андешаи ман танҳо моли Тоҷикистон нест. Ин таърихи бою рангин моли ҷаҳониён низ ҳаст. Дарвоқеъ, сутуданист, ки шумо бо вуҷуди рангорангии таърих, дар роҳи илм чунон хидмат намуда истодаед, ки ҳар тамошогар дар худ ҳис менамояд, ки аз ҳама чиз дар ҳаёт болотар ин фарҳанг мебошад. Фарҳанг оғозу анҷоми ҳар кор аст. Ман тамаддуни ин сарзаминро чунон дидам, ки касе наметавонад тамоми заминашро ҳаргуна, ки хоҳад шудгор кунад, зеро таърихи он дақиқу муайян аст. Далели ин гуфтаҳо толорҳои ин Осорхона мебошанд. Бори дигар барои пазироии хубатон сипосгузорам. Ташаккур. Nahmadan Soule GUEYE / SENEGAl”.
Ҳамин тавр, бо Наҳмадан Соул аз дохили бинои Осорхонаи миллӣ баромада, дар назди даромадгоҳи асосӣ хайрухуш намудем ва ӯ дафъатан ба ёд овард, ки бародари хурдияш бисёр ба забони тоҷикӣ дилбастагӣ дорад ва дар сафарҳои ояндааш ҳатман ӯро бо худ меорад. 
 
Муҳаммадҷон МӮСОЕВ,  
сармутахассиси шуъбаи 
мероси хаттӣ ва тарҷумаи 
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 439
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед