logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Абдураҳмон Баҳоров зодаи деҳаи Устоии шаҳри Левакант буда,  фаъолияти кориашро соли 1973 ба ҳайси муҳандис дар заводи нуриҳои азотии Вахш оғоз намудааст. Вақте ки азхудкунии мавзеи Навободи Гароутӣ вусъати тоза гирифт, муҳандиси об таъин гашт. Пас аз ташкилёбии ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ), роҳбарии «Селхозтехника»-ро ба зиммааш вогузоштанд.  
Хоҷагиҳои ноҳияи навташкил техникаи корӣ надоштанд, бо ташаббуси ӯ  дар ноҳия МТС, яъне маркази мошину трактор ташкил гардид. Баъди 3 сол бо пешниҳоди котиби якуми ҳизби ноҳия Бегалӣ Тағойназаров ва тавсияи сарвари вақти ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа Ғоибназар Паллаев сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷиликӯл таъин мешавад. Абдураҳмон Баҳоров аз уҳдаи ин вазифаи масъулиятнок сарбаландона баромад ва ҳамон сол деҳқонон дар баробари иҷрои тамоми нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, нақшаи ҷамъоварии пахтаро, ки зиёда аз 40 ҳазор тонна буд, аввалин шуда дар вилоят иҷро намуданд ва ба ӯ автомашинаи сабукрави тамғаи ГАЗ-24 туҳфа карданд. Соле баъд А.Баҳоровро ба вазифаи директори хоҷагии овозадори «Съезди ХХIII партия», ки то ин дам ба он шахси хеле шинохтаи ҷумҳурӣ Анвар Қаландаров роҳбар буд, пешниҳод  карданд. А.Баҳоров дар пеши худ вазифа гузошт, ки шаҳраки навободи Гароутиро, ки дар ин ҷо дар баробари тоҷикон русҳо, ӯзбекон ва халқиятҳои дигар мезистанд, ободу зебо намояд. Бо кӯшишу заҳматҳои пайвастааш ва бо маблағгузории хоҷагиаш дар ин шаҳрак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо барномаҳои омӯзишӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, клуби зимистона, кинотеатри тобистона, беморхонаи дуошёна, коргоҳи дӯзандагӣ, чойхонаву қироатхона ва дигар муассисаҳои маданию равшаннамоӣ ва маишӣ бунёд ёфтанд. 
Мавзеи  Гароутӣ хеле доманфарох аст. А. Баҳоров дар назди кишоварзон ваъда дод, ки заминҳои ноободро бо ҳар восита шодоб менамояд. Дар шуъбаҳои рақамҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 бо ёрии хоҷагии оби ноҳия ва вилоят дастгоҳҳои азими обкашӣ шинонд. Дар баробари пунбакорӣ боғу токпарварӣ ва комплекси калони чорводорӣ – фермаи шириву молӣ бунёд ёфт, ки дар як рӯз то 10 тонна шир тайёр менамуд.
Имрӯз низ ноҳияи Дӯстӣ дар вилояти Хатлон ва ҳам ҷумҳурӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пешқадам аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардони заминдӯсту дилбохтаи кори деҳқонӣ кулли шароитро муҳайё намудаанд. А.Баҳоров бо ҳамроҳии фарзандонаш Хоҷагии деҳқонии «Комил»-ро ташкил додааст, ки қариб 40 гектар замин дорад. Дар қитъаҳои алоҳида бисёр намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ парвариш меёбанд. Ӯ мекӯшад, ки фарзандону пайвандонаш камтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ва аз обу замини файзбахш, ки соле то 3 ҳосил рӯёндан метавон, самаранок истифода баранд. 
 
Музаффар МУРОДОВ, 
бойгоншиноси бахши бойгонии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 427
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед