logo

иҷтимоиёт

ҚАҲҚАҲА – ЁДГОРИИ АҲДИ КӮШОНИЁН

 
Қалъаи Қаҳқаҳа яке аз ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ ва овозадори кишвар аст, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҷой гирифта, ҳамасола барои тамошои он садҳо сайёҳони дохиливу  хориҷӣ меоянд. 
 
Ба гуфтаи номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоҳинбеков, бунёди  қалъаи Қаҳқаҳа  ба асри II пеш аз мелод, яъне ба даврае, ки  ҳаракати қабилаҳои сакоӣ ба Помир оғоз мегардад, тааллуқ дорад.
Дар асари худ - «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров аз ин қалъа ёдовар шуда менависад, ки пешиниёни сулолаи Кӯшониён аз Бадахшони шарқӣ, маскун дар шимоли Покистон онро бунёд намудаанд.  Бо бунёди қалъа давлати  Кӯшониён марзи шарқии худро дифоъ менамуд ва ҳам амнияти корвонро, ки аз ин  қисмати Роҳи бузурги абрешим дар ҳаракат буданд, таъмин мекард. Дар даврони шуравӣ анҷом додани ҳар гуна  ковишҳо ва тадқиқоти илмӣ дар марз бо кишварҳои хориҷӣ мамнуъ буд, аз ин  рӯ, бо гузашти замон бар асари офатҳои табиӣ ва ҳам омилҳои инсонӣ қалъа хеле  хароб гардид. Сарфи назар аз ин, ҳашамату азамати худро ҳанӯз ҳам аз даст надодааст. Агар дар чанд соли оянда қалъа барқарор ва бозсозӣ нашавад, он гоҳ эҳтимоли аз байн рафтани бозмондаҳои он вуҷуд дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки мутасаддиёни соҳа дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро дар самти эҳё ва азнавсозии ёдгориҳои таърихии кишвар ба роҳбарӣ гирифта, қалъаи мазкурро дар солҳои минбаъда шомили барномаҳои  таҷдиду барқарорсозӣ намоянд, зеро арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихӣ ин арҷгузорӣ ба ниёгон, ба фарҳанги миллиамон мебошад. 
Қалъаи қадимаи таърихии Қаҳқаҳа дар сари роҳ, як километр поёнтар  аз деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим,  дар водии Вахон дар баландии соҳили рости дарёи Панҷ, байни ду шах бунёд гардида, қадимтарин ва муҳташамтарин иншооти меъморӣ дар Бадахшон ба шумор меравад. Ин қалъа ҳамчун иншооти  мудофиавӣ хидмат мекард.
Тавре номзади илмҳои филология Н. Назаров, муаллиф ва мураттиби  китоби “Ишкошим” (Душанбе, “Нодир”, 2011) бо такя ба маъхазҳои илмӣ ва ривоятҳои мардумӣ зикр мекунад, дар сохтмони Қаҳқаҳа 70 ҳазор нафар иштирок намудаанд. Пойдевори қалъа аз сангу гил аст.
Ба гуфтаи Ашам Холдорзода, муовини раиси ноҳияи Ишкошим,  вазифаи ин қалъа ва қалъаҳои дигари сари Роҳи бузурги абрешим таъмини бехатарӣ ва амнияти ин сарзамин ва ин роҳи ҳаётан муҳими асрҳои муайян  будааст. Иншоот дар баландӣ, дар  ҷойи мувофиқ барои амнияти бошандагони он аз хатари душманон,  дар болои кӯҳ, ки аз тарафи ҷануби он дарёи Панҷ мегузарад ва аз тарафи шимол шахи  касногузар  аст,  бунёд ёфтааст. Бунёдгарони диж макони онро чунин интихоб кардаанд, ки аз манораҳои амниятии он чаҳор сӯйи атроф ба хубӣ дида мешавад.  Қалъаи Қаҳқаҳа он замон 56 манора ва се дарвоза доштааст. Як дарвозаи он ба тарафи  деҳаи  Қозбеги Бадахшони Афғонистон, ки то солҳои 1940 пули пиёдагард  ҳам дошт, нигоҳ мекардааст. Деворҳои қалъаи Қаҳқаҳа, ки бо гузашти асрҳо хеле хароб шуда, вале  осорашон ҳанӯз побарҷост,  то 8-9 метр баландӣ доштаанд. Имрӯз ҳам қисмати боқимондаи деворҳои қалъа 1 метр  ғафсӣ дорад. Баъд аз оне ки қалъаи Қаҳқаҳа ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гашт, таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба он зиёд гардид.
Дар бораи Қаҳқаҳа ном гирифтани қалъа фикрҳои гуногун мавҷуданд. Баъзеҳо бар онанд, ки маънои Қаҳқаҳа қалъа андар қалъа мебошад, аммо Назар Одиназода бо такя ба баъзе ривоятҳо номи қалъаро ба  шоҳи куффор ва золим  - Қаҳқаҳа  рабт медиҳад. Ба гуфтаи  олим, Қаҳқаҳа, аслан, аз хонҳои  Кобул  буда, баъди шикаст дар як шӯриш ба  кӯҳистон гурехта, дар деҳаи Намадгут маскан ихтиёр кардааст. 
Ҳафриёти бостоншиносӣ муайян кардааст, ки сохтмони ин қаср ба давраи империяи Кӯшониён, вақте Роҳи бузурги абрешим дар авҷи рушд ва шукуфоӣ  қарор дошт, рост меояд. Шояд маҳз ба шарофати ин Роҳи бузурги тиҷоратӣ  қалъаи Қаҳқаҳа бунёд  гардид ва ҳадафи он ҳифз ва таъмини амнияти  корвонҳое буд, ки аз Чин, Афғонистон ва Ҳиндустон тавассути долони Вахон мегузаштанд. Омили дуюм, аз тарафи  Чину Тибет  хавфи дохил шудани  қувваҳои ҳарбӣ буд, ки  ниёгонамонро  маҷбур месохт, то чунин истеҳкому қалъаҳои устувор бунёд намоянд. Дар деворҳои қалъаи Қаҳқаҳа то ҳанӯз сӯрохиҳое побарҷоянд, ки онҳо тиркашҳо мебошанд. Барои таъмини амният дар 56 манораи қалъа  аскарон дар даст аслиҳа муқобили душман саф  меоростанд.
Бунёди чунин қалъаҳои устувор дар аҳди бостон дар Бадахшон ва дигар манотиқи кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ниёгони мо аз даврони қадим барои ҳифзи марзу буми сарзамини худ ва таъмини амнияти мардум ҳушёриро рисолати хеш қарор  дода, баҳри дифои мулкашон аз тамоми имкониятҳо истифода мебурданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2022    №: 152    Мутолиа карданд: 452
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед