logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

ТЕННИС 
Ҷоми Президенти Тоҷикистонро киҳо гирифтанд?
Бо ширкати варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Шведсия ва Ӯзбекистон XII мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16 - сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 – 6 август, Душанбе) баргузор гардид. 
 
Бино ба иттилои Федератсияи тенниси кишвар, ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро мутаносибан Сомон Амонов, Фарҳод Ғайратзода (Тоҷикистон) ва Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар (Покистон) гирифтанд. 
Миёни духтарон бошад, Данаия Амангажиева, София Сафиулина (Қазоқистон) ва Аниса Яҳёева (Тоҷикистон) мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар сабқати ҷуфти писарон Сомон Амонов ва Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар ғолиб шуданд. 
Миёни духтарон Данаия Амангажиева ва София Сафиулина ҷойи аввалро гирифтанд. 
 
 
 
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ
Се медали ҷудочиёни тоҷик
 
Гӯштигири маъруфи кишвар Темур Раҳимов (+100 кг) дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон (4 – 7 август, Нур-Султон, Қазоқистон) ба гирифтани нишони нуқра даст ёфт.
 
Паҳлавони сангинвазни мо баъд аз шикаст додани Бекмурод Олтибоев ва Шоҳрух Бахтиёров (Ӯзбекистон) ба финал баромад. Дар вохӯрии ҳалкунанда Темур аз ҷудокори ҷопонӣ – Кокоро Кагуера шикаст хӯрд. 
Дар чемпионати қора ду варзишгари дигари кишвар Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков (-81) медалҳои нуқраю биринҷӣ ба даст оварданд. 
 
 
 
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022
Ҷуфтҳои даври 1/4 финал муайян шуданд
 
Дастаҳои «Истиқлол», «Равшан-К», «Эсхата», КМВА, «Саройкамар», «Хатлон», «Кӯктош» баъд аз шикаст додани ҳарифонашон ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2022 роҳ ёфтанд.
Дар ин давр «Истиқлол» бо «Равшан-К», «Эсхата» бо КМВА, «Саройкамар» бо «Хатлон», «Динамо»/«Файзканд» бо «Кӯктош» неру месанҷанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ,  шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7401
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед