logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 
СОХТМОНИ РОҲУ НАҚБҲО ТАВСЕА МЕЁБАД
 
- Дар нимсолаи аввали соли равон тавассути нақлиёти кишвар 47,1 миллион тонна бор ва 407 миллион мусофир интиқол дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 18,7 ва мусофиркашонӣ 11,1 дарсад афзудааст. Қариб 35 дарсади интиқоли бор ва 92,6 дарсади мусофирбарӣ ба нақлиёти автомобилгард рост меояд. Афзоиши гардиши боркашонӣ ва мусофирбарӣ аз рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, бахусус беҳбуд ёфтани сифати роҳҳо, дарак медиҳад, - гуфт Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар нишасти матбуотӣ. 
 
Вазири нақлиёт дар самти сохтмони роҳу нақбҳо ба суоли хабарнигори рӯзнома посух дод, ки дар ин самт амалисозии 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10,4 миллиард сомонӣ ҷараён дорад. Аз ин татбиқи 5 лоиҳа ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ пурра анҷом ёфтааст. Тибқи дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 1000 километр роҳи баландсифати стандарти ҷаҳонӣ нақшабандӣ гардидааст. Оғози корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Душанбе – Қулма, қитъаи Қалъаихум – Ванҷ – сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон аз ин зумраанд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  “Ҷумҳурият”
 
 
 
МАВОДИ НАШЪАОВАР
ҶИНОЯТ КАМ - МУСОДИРА ЗИЁД
 
Баъди ба сари қудрат омадани «Толибон» (моҳи августи соли 2021), то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирагардида дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил дода буд.
 
Ин нуктаро директори Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. 
Дар ҷумҳурӣ 384 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 62 ҳолат кам мебошад. Новобаста ба ин, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаю 578 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 882 килограмм зиёд мебошад.
Тибқи омори расмӣ, нимсолаи якум дар кишвар теъдоди нашъамандон ба 4437 баробар шуда, 11 дарсад коҳиш ёфтааст.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8174
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед