logo

Хабарҳо

“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

 
Таҳти чунин унвон китоби Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Дар он мақолаҳои олимону ходимони давлатӣ атрофи мавзуъҳои гуногун, ба монанди саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, эҳёи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, саҳми занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа, дурнамои равнақу ривоҷи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зери сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат гирдоварӣ шудаанд.
Муҳаққиқон андешаи хешро доир ба муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву давлатӣ, ки барои суботи сиёсӣ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ ва рушди сиёсати дохиливу берунии кишвар муҳим ба ҳисоб мераванд, баён доштаанд.
Асар барои муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу тадқиқи масъалаҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон машғуланд, метавонад чун маводи илмӣ-таҳлилӣ хизмат намояд.
 
 
 
Имзои Эъломияи муштарак
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Жоао Гомеш Кравино бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар Эъломияи муштаракро ба имзо расонданд.
Ба иттилои Вазорат, мусоҳибон робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро зикр карда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
 
 
 
Ҳамкории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои кишварҳои минтақа сазовори пайравӣ дониста шуд
Дар шаҳри Тошкент дар доираи фестивали дӯстӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Таъмини ризояти байнимиллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. 
Аз Тоҷикистон дар ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ академик Кароматулло Олимов ва аъзои марказҳои фарҳангии ӯзбектаборони Тоҷикистон аз вилояти Суғд иштирок карданд.
Хайриддин Усмонзода гуфт, ки тули ҳазорсолаҳо мардуми минтақаҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд ҳавзаи муштараки фарҳангию тамаддуниро ба вуҷуд оранд. Бо такя ба чунин муштаракот, сокинони Осиёи Марказӣ имконияти васеи рушди муносибатҳои иқтисодӣ доранд. 
Кароматулло Олимов иброз дошт, ки таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ нишебу фароз ва робитаҳои самарабахшро дар ёд дорад. Замони муосир мушкилиҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст ва ин танҳо ба воситаи ҳамкорӣ ва дӯстии кишварҳо метавонад ҳаллу фасл шавад.
Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов таҷрибаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро мусбат баҳогузорӣ намуда, лоиҳа ва барномаҳои амалишаванда, хусусан дар соҳаи гидроэнергетика ва бозорҳои наздисарҳадиро мисол овард, ки аз тақвияти иртиботи дӯстии ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳанд. Мавсуф ин таҷрибаро барои мамлакатҳои дигари минтақа сазовори пайравӣ донист.
 
 
 
Тоҷикдухтар – соҳиби Шоҳҷоизаи олимпиадаи байналмилалӣ 
Дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки аз 31 июл то 7 август дар пойтахти Англия – шаҳри Лондон баргузор шуд, 73 хонандаи болаёқати Тоҷикистон ширкат варзид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни ҷамъбасти олимпиада миёни хонандагони синфҳои болоӣ Фирӯза Абдуллоева, хонандаи синфи 10-уми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, қаҳрамони олимпиада ва соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Ҳамин тавр, намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди камназир ва таърихии Фирӯза Абдуллоева дар олимпиада мақоми аввал, Озарбойҷон дувум ва Камбоҷаву Бангладеш савумро ишғол карданд.
Олимпиадаи байналмилалии "TeenEagle" дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 хонанда аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвар иштирок намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6492
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед