logo

сафарҳо

ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ифтитоҳи иншооти нави таъиноти гуногун иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят вохӯрию мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
 
ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ,  БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд ифтитоҳ бахшиданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки филиал моҳи августи соли 2004 бо қарори раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Филиали Агентӣ аз маъмурият, бахшҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.
Бинои наву муосир дар шаҳри Бӯстон бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 – 2040 ва Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014 – 2024 бунёд гардид.
Филиал аз се ошёна, таҳхона, ду ошёнаи болоӣ дар масоҳати қитъаи замини 607 метри мураббаъ иборат  буда, эъмори он аз ҷониби муҳандис-бинокорони шуъбаи сохтмони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи майи соли 2021 оғоз шуда, моҳи июни соли 2022 ба поён расид. Дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои корӣ, қабулгоҳ барои шаҳрвандон, ҳуҷраҳои кории секторҳои филиали Агентӣ, бахши илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, сектори иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, маҷлисгоҳ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи дуюми бино толори барҳавои замонавӣ барои 40 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои махсус барои фаъолияти маркази матбуот ва маркази омӯзишӣ мавҷуданд. Дар таҳхона озмоишгоҳҳо ҷой гирифта, чор ҳуҷраи корӣ доранд. Озмоишгоҳҳои радиохимия ва спектрометрия бо таҷҳизоти муосири ченкунии фони радиатсионӣ, дозаи радиатсионӣ ва гузарондани таҳлилҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ҳамчунин, он дорои озмоишгоҳҳои сайёр буда, бо мошинҳои махсус барои интиқоли маводу партовҳои радиоактивӣ ва муайян намудани гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бинои навбунёди филиали Агентӣ, шароитҳои кории фароҳамовардашуда шинос гардида, таъкид доштанд, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад.
Дар филиал 20 нафар корманд, аз ҷумла докторон ва номзадҳои илм, фаъолият менамояд. Қисми асосии кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар марказҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои пешрафта таҳсил ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд.
 
КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГИИ КВД “ФУЛУЗОТИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН” ФАЪОЛ ШУД 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар он 45 нафар занону духтарони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар навбати аввал музди маошашон 1800 сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил гардид. 
Дар коргоҳ истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагиву истеҳсолӣ аз Туркия, Чин ва Ӯзбекистон ворид шуда, дар умум маблағи сармоягузорӣ қариб 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Он иқтидор дорад, ки дар як сол ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, талаботи сокинони шаҳри Бӯстонро бо либоси мактабӣ таъмин намояд ва бо дигар минтақаҳои вилояти Суғд дар ин самт ҳамкориро ба роҳ монад.
Масъулони коргоҳ нақша доранд, ки мувофиқи фармоиш либосҳои мактабиро бо тарҳи зебову сифати хуб омода созанд.
Коргоҳи дӯзандагии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” аз ду минтақа иборат мебошад. Дар минтақаи аввал истеҳсоли либоси мактабиву корӣ, дар минтақаи дуюм бошад, либосҳои махсуси ивазкунандаи воридот, аз ҷумла либосҳои махсуси низомӣ, муҳофизати химиявӣ, хаймаҳои саҳроии ҳарбӣ, болопӯшҳои қароргоҳҳо  ва нақлиёти низомӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба коргоҳ таҷҳизоти муосири ороишгарӣ ва нусхагирии маҳсулот низ ворид шудааст.
Дар коргоҳи мазкур дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз бо барномаҳои махсуси автоматӣ ва фарогири 280 намуди ороиш барои омода намудани кӯрпаҳои гуногунҳаҷм мавҷуд буда, он барои рақобатпазир будани маҳсулот мусоидат мекунад. Масъулони корхона маҳсулоти коргоҳро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот бештар таваҷҷуҳ диҳанд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарфиятҳои истеҳсолӣ дар корхона марҳила ба марҳила истифода гардида, бо ин васила ҷойҳои нави кор муҳайё ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи ташкили хатҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ба Сарвари давлат маълумот доданд, ки солҳои оянда сехи истеҳсоли либоси варзишӣ бо 23 ҷойи кор, хатти истеҳсоли қуттиҳо барои тухм бо 18 ҷойи кор, сехи истеҳсоли чархҳои буранда бо 30 ҷойи кор ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ бо 15 ҷойи кор ташкил мегарданд. Дар сехҳои нав, асосан, маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда истеҳсол хоҳанд шуд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРГОҲИ ҚОЛИНБОФӢ 
9  август дар  идомаи  сафар  дар  шаҳри  Бӯстон  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар он ҳунармандони тоҷик ҳамроҳи ҳунармандони кишвари дӯсту бародар Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд. Дар коргоҳ чордаҳ нафар занону духтарон бо омезиши тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд. Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то шаш моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад. Ба коргоҳ аз Ӯзбекистон чордаҳ дастгоҳи қолинбофӣ ворид шудааст. 
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи бештар равона мегардад. Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат садҳо марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ, ташкил ёфта, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл замина фароҳам омад.
Бино ба маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад. Маҳсули ҳунари дастии ҳунармандонро, асосан, сайёҳон, ки ба Тоҷикистон ташрифашон сол ба сол зиёд мегардад, ҳамчун армуғон мехаранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳунармандони коргоҳ ва ҳунармандони вилояти Марғелони Ӯзбекистон ба маҳсули ҳунари онҳо баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулонро вазифадор намуданд.
 
КУШОДАШАВИИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОҒАЗҲОИ РАНГА
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.
Он бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот бо 20 ҷои кор, дар масоҳати 0,47 гектар, таъсис ёфт.
Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ 7 миллион сомонӣ харҷ гашт. Дастгоҳу таҷҳизот аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин харид ва насб шуда, истеҳсоли маҳсулот дар таҷҳизоту  дастгоҳи муосир бо риояи технологияҳо дар якчанд марҳила амалӣ мегардад. Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли коғазҳои ранга ташаббус ва иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар заминаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолист.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.
Пешвои миллат ба ташаббусҳои созандаи соҳибкорон оид ба ҳиссагузорӣ дар панҷсолаи рушди соҳаи саноат баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки маҳз ин омил иқтидорҳои содиротии мамлакатро таҳким мебахшад. 
Дар саҳни  корхона  маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон, аз ҷумла лӯлаҳои оҳанин ва профилҳои ҶДММ “Ганҷофар”, мехи печони ҶДММ “Нуртез”, халтаҳои калонҳаҷми ҶДММ “Суғдпак – 2”, инчунин, маҳсулоти ҶДММ “Мироб”,  ҶДММ “Гарант Микст”,  ҶДММ “Зинат” ва ҶДММ “Тоҷфилиз”  ба намоиш гузошта шуданд.
Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.  Маврид ба зикр аст, ки  аз соли 2017 то ин ҷониб дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо нафар сокинон соҳиби кор шуданд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИПРОПИЛЕНӢ ВА  ПОЛИЭТИЛЕНӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
9  август дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Он дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ, аз ҷониби соҳибкорони  маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов  бунёд ёфта, аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда мешаванд.
Зимни боздид аз корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ дода, содироти онро ба роҳ монанд.  Дар корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтиленӣ 100 ҷойи кор мавҷуд буда, айни замон 86 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин аст. Маоши миёнаи кормандон аз 1200 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, аз 32 мошини бофандагӣ, 4 мошини дӯзандагӣ ва 5 дастгоҳи ресандагию ороишӣ иборат мебошад ва маҳсулоти он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонист. Дар корхона тайи як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор дона халта истеҳсол мешавад. Нархи халтаҳо бо ҳаҷм ва сифати онҳо вобаста аст.
Соҳибкорон ашёи хомро аз Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркманистон ворид менамоянд.
Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорон аст, ки дар воридоти маҳсулоти хом имтиёзҳо пешбинӣ шуд ва ин иқдом боиси рушди соҳаи саноат ва амалишавии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 2426
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед