logo

иҷтимоиёт

ИСТИЛОҲСОЗӢ ВОСИТАИ МУҲИМИ АФЗУНГАРДОНИИ ЗАХИРАИ ВОЖАГОНИ ТОҶИКИБУНЁД

Истилоҳот, яъне вожаҳои махсусе, ки номи мафҳумҳои ин ё он соҳаи фаъолияти тахассусии инсон (илм, техника, адабиёт ва ғайра) - ро ифода мекунанд, яке аз қисматҳои муҳим ва воситаҳои тавонои рушду равнақи забони миллӣ ба шумор мераванд. Ба гуфтаи дигар, яке аз роҳҳои афзун гардондани захираи луғавии забон маҳз истилоҳсозӣ мебошад. Омӯзиш ва пажӯҳиши таърихи ташаккул ва таҳаввули истилоҳоти забони тоҷикӣ собит месозад, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи тоҷикон истилоҳсозӣ, хусусан сохтани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ, аз ҷумла забони арабӣ (асрҳои VII – X), забони русӣ (дар замони Шуравӣ, аз  охири асри XIX то ба имрӯз), забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва монанди инҳо (аз  аввали асри XXI то ба имрӯз), ба афзуншавии захираи луғавии забони тоҷикӣ, яъне афзуншавии вожаҳои тоҷикибунёд ва бад-ин васила ба рушди умумии забони адабии тоҷикӣ нақши муассир гузоштааст.
 
Бояд зикр намуд, ки дар ин маврид аксар вожаҳои нави ифодакунандаи истилоҳи илмӣ  дар заминаи вожаҳои қадимии забони тоҷикӣ, яъне вожаҳои забонҳои паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва монанди инҳо (масалан, об, санг, хок, рег, гил, лой, барф,  абр, бод, алав, шаб, рӯз, кӯҳ, дарё, кӯл, рӯд, сел, сол, ях, мис, оҳан, сурб, сим, зар, афт, хез, дав, рав, шин, хон, омӯз, каш, рафт, омад, гуфт, дод, дӯхт, зист, бад, хуб, нағз, нек, зӯр, кӯр, паст, ғафс, паҳн, жарф, ғунд, тез, суст, дер, зуд,  жарф, зард, каҷ, рост, кунд ва ғайра) сохта шудаанд. Яъне,  дар натиҷаи истифодаи амалии забони тоҷикӣ,  аз ҷумла, вобаста ба тағйирот дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии мардуми тоҷиктабор ва ба миён омадани зарурати ифодаи забонии чизу ҳодисаҳои воқеӣ,  дар заминаи ин нахуствожаҳо ва  истифодаи  қоидаҳои  вожасозии забони тоҷикӣ, вожаҳои наве сохта шуда,  онҳо бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ  ворид шуданд ва  онро афзунтар гардонданд.
 Аз ҷумла, дар замони давлатдории сулолаи Сомониён (асрҳои IX – X)  забони порсии дарӣ  (яъне, забони тоҷикии имрӯза) забони давлатӣ эълон гардида ва ин мутафаккирони даврро водор месохт, ки асарҳои илмии худро дар баробари забони арабӣ, ҳамчунин бо забони порсии дарӣ низ иншо намоянд. Хушбахтона, натиҷаҳои тадқиқоти илмии  худро доир ба илмҳои замона   бо ин забон олимони муътабари давр - Абуалӣ ибни Сино дар «Донишнома» ва  Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» баён карданд. 
Таҳлили забонии «Донишнома»-и Сино  собит мекунад, ки он бо истифодаи  комил аз имкониятҳои дохилии забони порсии дарӣ дар он марҳилаи ташаккул иншо гардидааст. Дар асар зимни сохтани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ  бо истифода аз қоидаҳои гуногуни вожасозии забони тоҷикӣ, вожаҳои сирф тоҷикие сохта шудаанд, ки минбаъд бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида,  ба афзунгардии он мусоидат намудаанд, аз ҷумла: ҷунбиш, чиз, гардиш, сесӯ, чорсӯ, дониш, созгор, куниш,  тавоноӣ, рост, барсӯ, фурӯсӯ, зудҷунб, ангориш, носозӣ, ночиз, нопазиро, ногарм, носард, нотобишӣ, норост, берӯшноӣ, бегармӣ, беандоза, молиш, бисовиш, пӯшан, пазиро, оромиш, паҳно, миёнҷӣ, созӣ, офтоба, гармоба, сиёча, нишона, куно, шунаво, дарозо, чашо, ҷунбишпазир, буриндангоҳ, гармгоҳ, миёнгоҳ, ҷойгоҳ, оташкада, гармшаванда, ҷунбишдор, гармипазир, дерҷунб, пасопеш, камобеш, яксӯ, обкаш, дардзо, обдузд, дардраҳо ва ғайра.
Дар китоби  «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ дар баробари истифодаи вожаҳои маъмули тоҷикӣ, барои ифода кардани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ, вожаҳои зиёди нави тоҷикӣ низ сохта шудаанд, масалан: дарозо, паҳно, жарфо, баландӣ, чандӣ, кура, гӯй, гӯша, ситора, сӯй, сапеда, рӯшноӣ, Офтоб, Моҳ, Замин, Шамс, андоза, шумор, гардиш, Тиргон, Меҳргон, якӣ, якон, даҳгон, садгон, шуморгар, кеҳтарин, бештарин, нимрӯзон, шаборӯз, ситораёб, овоздиҳанда, баландовоз, панҷпаҳлу, шашпаҳлу, ростпаҳлу, дунбол, пинҳон, сӯхтан, гирифт ва ғайра.
Марҳилаи дигари таърихии афзунгардии захираи луғавии забони тоҷикӣ -  замони Шуравӣ, шуруъ аз солҳои бистуму сиюми асри XX то охири он мебошад. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои китобҳои дарсии солҳои 20 – 30-юми асри гузашта оид ба физика, математика, биология ва ғайра ба истилоҳҳое дучор омадан мумкин аст, ки мувофиқи анъанаҳои истилоҳсозии Ибни Сино сохта шудаанд: секунҷа, санҷишшиша, чакрарез, ҷӯшиш, шохабандӣ, хӯшаандозӣ ва ғайра. Минбаъд зимни тарҷумаи китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои замона барои хонандагони  мактабҳои таҳсилоти миёна (солҳои 1930 - 1960) бо истифода аз калимаҳои бунёдан тоҷикӣ истилоҳҳои зиёде сохта шуданд, ки бархе аз  онҳо бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида, ба калимаҳои оммафаҳми тоҷикӣ табдил ёфтанд, чунончи: корхона, бозгашт, даргирӣ, таркиш, ҷустуҷӯ, канданӣ, пошхӯрӣ, чархиш, тобхӯрӣ, сарпӯш, боррасонӣ, бориш, барҷастагӣ, сӯзишворӣ, лаппиш, хушконӣ, часпакӣ, намкашӣ, намнокӣ, боркаш, борбардорӣ, камшавӣ, зиёдшавӣ, хурдшавӣ, калоншавӣ, резакунӣ, дудкаш, гармибардорӣ, сахтӣ, дуруштӣ, басташавӣ, дарбанд, сарбанд, фурӯравӣ, обрасонӣ, андозагирӣ, даҳонак, каҷӣ, ҷойивазкунӣ ва монанди инҳо.
Солҳои баъд, вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, хусусан соҳаҳои илму фан ба амал омаданд, ҳамчунин дар раванди тарҷумаи жанрҳои гуногуни адабиёти илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ, таҳияи луғатҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳавӣ,  дар заминаи  вожаҳои мавҷудаи забони тоҷикӣ вожаҳои наве сохта шуда, бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардиданд,  аз ҷумла: оташнишонӣ,  моҳвора, моҳнавард, моҳгард, кӯчиш, чархиш,  коҳиш, афканиш,  фурӯбурд, сахтӣ, дуруштӣ, часбоӣ, ғунҷоӣ, тирагӣ, бодхӯрдашавӣ, нобаробарӣ, тезкунҷа, росткунҷа, таркиш, буғронӣ, заминҷунбӣ, абаршороӣ, густариш, тобиш,  гармидиҳӣ, гармирасонӣ, гармигузаронӣ, пазирандагӣ, ҷунбандагӣ, печандагӣ, фурӯбарандагӣ, тобандагӣ ва ғайра.  
Марҳилаи нави таърихӣ ва муҳими афзунгардонии захираи луғавии забони тоҷикӣ давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 90-уми асри гузашта то ба имрӯз мебошад. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва қабул гардидани Қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз падидаҳои муҳим дар таърихи нави давлатдории тоҷикон мебошад. Ин падидаҳо водор месозанд, ки акнун забони тоҷикӣ бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву илмии кишвар амалан истифода карда шавад. 
Ҳамин тариқ, истилоҳ ва истилоҳсозӣ яке аз сарчашмаҳои асосии афзунгардонии захираи луғавии забони тоҷикӣ ва ганҷинаи вожагони он дар марҳилаҳои гуногуни таърихии  давлатдории тоҷикон будааст ва мебошад. 
 
Пирмаҳмад НУРОВ, доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 450
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед